ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390 «Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 3 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад;
- ба банди 4 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» аломат ва калимаҳои «(минбаъд - Муассис)» илова карда шаванд;
- дар банди 61 рақам ва калимаҳои «468 696 114 (чорсаду шасту ҳашт миллиону шашсаду наваду шаш ҳазору яксаду чордаҳ)» ба рақам ва калимаҳои «528 696 114 (панҷсаду бисту ҳашт миллиону шашсаду наваду шаш ҳазору яксаду чордаҳ)» иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 87 ва 88 калимаҳои «амонатгузорон» ва «амонатгузорони» мувофиқан ба калимаҳои «муштариён» ва «муштариёни» иваз карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 13 апрели соли 2026, № 193
...