Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 180 "Дар бораи Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 20 январ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 180



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе развития донорства и обеспечения безопасности донорской крови в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития донорства и обеспечения безопасности донорской крови в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы и План мероприятий по реализации Программы развития донорства и обеспечения безопасности донорской крови в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана мероприятий и по результатам ежегодно до 20 января предоставлять в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан информацию.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 10 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей Программы и её Плана мероприятий.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 марта 2026 года, №180


...