Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 172 "Дар бораи Тартиби амалисозӣ, расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби амалисозӣ, расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия


Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби амалисозӣ, расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ Дастурамали расмиёти амалисозии валидатсияро тасдиқ намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2017, №568 «Дар бораи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия» аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 172


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке осуществления, процедуре признания компетенций взрослых и валидации

В соответствии со статьей 19 Закона Республики Таджикистан «Об образовании взрослых» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Утвердить Порядок осуществления, процедуру признания компетенций взрослых и валидации (прилагается).

2. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по согласованию с Министерством образования и науки Республики Таджикистан, Комитетом по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан в трехмесячный срок утвердить Инструкцию по процедуре осуществления валидации.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 декабря 2017 года, №568 «О Порядке осуществления, процедуре признания компетенций взрослых и валидации».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 марта 2026 года №172


...