ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2026
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор то 1 феврали соли 2027 оид ба рафти амалисозии Нақшаи амали мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 1 март оид ба рафти амалисозии Нақшаи амали мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 166
...