Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ки бо кормандон ҳангоми берун будан аз давлати зист рух додаанд, аз 9 декабри соли 1994 аз 5 июни соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2026, № 157
тасдиқ шудааст 

ПРОТОКОЛ оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ки бо кормандон ҳангоми берун будан аз давлати зист рух додаанд, аз 9 декабри соли 1994

Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Созишнома дар бораи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ки бо кормандон ҳангоми берун будан аз давлати зист рух додаанд, аз 9 декабри соли 1994 (минбаъд - Созишнома), ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд, тибқи моддаи 12 Созишнома

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Ба Созишнома тағйироти зерин ворид карда шавад:

1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин оварда шавад:

«Истилоҳоти дар Созишномаи мазкур истифодашаванда чунин маъно доранд:

«ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот» (минбаъд - ҳодисаи нохуш) - ҳодисае, ки дар натиҷаи он корманд осеби ҷисмонӣ дидааст (ҷароҳатҳо), аз ҷумла: - аз ҷониби шахси дигар, зарбаи гармӣ, сӯхтан; яхкунӣ, ғарқшавӣ, зарбаи барқ, таъсири барқ, радиатсия, газидан ва осебҳои дигари ҷисмонӣ, ки аз ҷониби ҳайвонот ё ҳашарот, намояндагони дигари флора ва фауна расонида шудаанд, осеб дар натиҷаи таркишҳо, садамаҳо, вайроншавии биноҳо, иншоот ва сохторҳо, офатҳои табиӣ (заминларзаҳо, селҳо, обхезиҳо, тӯфонҳо, сӯхторҳо ва ғайра) ва ҳолатҳои дигари фавқулода; - зарари шадиди саломатӣ (заҳролудшавӣ) (заҳролудшавии шадиди спиртӣ, маводи мухаддир ё заҳролудшавии дигари кормандон, ки бо вайроншавии раванди технологӣ, ки дар он моддаҳои зикршуда истифода мешаванд, алоқаманд нестанд); - зарари дигар ба саломатӣ, ки ба таьсири омилҳои беруна вобаста аст, ки зарурати ба кори дигар гузаронидани корманд, муваққатан ё доимӣ аз даст додани қобилияти корӣ ё фавти кормандро ба бор овардааст, агар ин ҳодисаҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ, инчунин ҳангоми иҷрои дигар амалҳои қонунии вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо ё ба манфиати ӯ содиршуда рух дода бошанд;

«корманд» - шаҳрванди Тарафе, ки муваққатан дар ҳудуди Тарафи дигар дар сафари хизматӣ қарор дорад;

«корфармо» - корхона, муассиса, ташкилот, новобаста аз шакли моликият ва мансубияти идоравӣ, ё шахси воқеӣ, ки корманд тибқи қонунгузории Тарафи кортаъминкунанда бо он муносибатҳои меҳнатӣ дорад;

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 28 марта 2026 года №157

ПРОТОКОЛ о внесении изменений в Соглашение о порядке расследования несчастных случаев на производстве, происшедших с работниками при нахождении их вне государства проживания, от 9 декабря 1994 года

Правительства государств - участников Соглашения о порядке расследования несчастных случаев на производстве, происшедших с работниками при нахождении их вне государства проживания, от 9 декабря 1994 года (далее- Соглашение), именуемые в дальнейшем Сторонами, в соответствии со статьей 12 Соглашения

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Внести в Соглашение следующие изменения:

1.Статью 2 изложить в следующей редакции:

«Применяемые в настоящем Соглашении термины имеют следующие значения:

«несчастный случай на производстве» (далее - несчастный случай) - событие, в результате которого работником были получены телесные повреждения (травмы), в том числе нанесенные другим лицом; тепловой удар; ожог; обморожение; утопление; поражение электрическим током, молнией, излучением; укусы и другие телесные повреждения, нанесенные животными или насекомыми, другими представителями флоры и фауны; повреждения вследствие взрывов, аварий, разрушения зданий, сооружений и конструкций, стихийных бедствий (землетрясения, оползни, наводнения, ураганы, пожары и другое) и других чрезвычайных обстоятельств; острые повреждения здоровья (отравления) (острые алкогольные, наркотические или иные токсические отравления работников, не связанные с нарушениями технологического процесса, где используются указанные вещества); иные повреждения здоровья, обусловленные воздействием внешних факторов, повлекшие за собой необходимость перевода работника на другую работу, временную или стойкую утрату им трудоспособности либо смерть работника, если указанные события произошли при исполнении им трудовых обязанностей, а также при осуществлении иных правомерных действий, обусловленных трудовыми отношениями с работодателем либо совершаемых в его интересах;

«работник» - гражданин Стороны, временно находящийся на территории другой Стороны в служебной командировке;

«работодатель» - предприятие, учреждение, организация, независимо от форм собственности и ведомственной принадлежности, либо физическое лицо, с которым работник состоит в трудовых отношениях в соответствии с законодательством Стороны трудоустройства;

«служебная командировка» - поездка работника по письменному распоряжению работодателя на определенный срок для выполнения служебного поручения на территории другой Стороны».

...