Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 157 "Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ки бо кормандон ҳангоми берун будан аз давлати зист рух додаанд, аз 9 декабри соли 1994"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ки бо кормандон ҳангоми берун будан аз давлати зист рух додаанд, аз 9 декабри соли 1994


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, ки бо кормандон ҳангоми берун будан аз давлати зист рух додаанд, аз 9 декабри соли 1994, ки 5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Протоколи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 157


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Протокола о внесении изменений в Соглашение о порядке расследования несчастных случаев на производстве, происшедших с работниками при нахождении их вне государства проживания, от 9 декабря 1994 года

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Протокол о внесении изменений в Соглашение о порядке расследования несчастных случаев на производстве, происшедших с работниками при нахождении их вне государства проживания, от 9 декабря 1994 года, подписанный 5 июня 2025 года в городе Душанбе.

2.Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Протокола.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Протокола.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 марта 2026 года №157


...