бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2026,
№ 156тасдиқ шудааст
Тафоҳумнома байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Мақомоти кашшофии молиявии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳамкорӣ оид ба табодули иттилоот дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағтузории терроризм
Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Мақомоти салоҳиятдори кашшофии молиявии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд, бо назардошти манфиатҳои тарафайн майлу хоҳиши худро барои ҳамкорӣ дар таҳқиқу баррасии шахсон, даромадҳо ва амалиёте, ки дар қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм изҳор менамояд.
Дар ин замина онҳо ба мувофиқа расиданд, ки:
1.Тарафҳо дар ҷамъоварӣ, таҳия ва таҳлили иттилооти дар ихтиёри ҳамдигар дошта доир ба амалиёти молиявие, ки дар қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҳамкорӣ хоҳанд кард. Бо ин мақсад онҳо бо ташаббуси худ ё дар асоси дархост ҳар гуна иттилооти дахлдори марбут ба амалиёти молиявии дар қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гумонбаршуда, инчунин шахсон ё ширкатҳои ба ин амалҳо ҷалбшударо, ки аз тарафи мақомоти кашшофии молиявӣ таҳқиқ мешавад, мубодила менамоянд. Дархости ҳар гуна иттилоот бо баёни мухтасари далелҳои асосӣ асоснок карда мешавад. Тарафи дархосткунанда бояд ба тарафи дигар ҳадди ақал сабаби дархост, мақсади истифодашавии иттилооти дархостшавандаро нишон диҳад ва иттилоотро ба қадри кофӣ пешниҳод намояд, то ба тарафи гиранда барои муайян кардани мувофиқати дархост ба қонунгузории миллии давлати худ ва меъёрҳои байналмилалӣ имконият диҳад.
2.Иттилоот ва ё ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи Тафоҳумномаи мазкур гирифта шудаанд, набояд бе розигии пешакии хаттии Тарафҳо бо ҳар васила ба шахсони сеюм ифшо карда шаванд, барои мақсадҳои маъмурӣ, прокурорӣ ва ё судӣ истифода гарданд. Маълумоте, ки дар доираи Тафоҳумномаи мазкур гирифта шудааст, имкон дорад танҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори судӣ дар ҳолати бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм алоқамандӣ доштани он истифода бурда шавад. Дар мавриди зарурат, хусусан дар ҳолати дархости фаврии маълумот ва тезонидани тафтишот, Тарафи дархосткунанда метавонад бо розигии пешакии хаттӣ барои истифодаи алоҳида маълумот дархост намояд, ки он бевосита якҷоя бо ҷавоби дархост фиристода мешавад.
3.Ҳамкории байни Тарафҳо, аз ҷумла дархост барои гирифтани иттилоот, ҷавоб ба дархостҳо, мубодилаи (додугирифти) иттилоот ва огоҳиномаҳо дар шакли хаттӣ сурат мегирад.
4.Ҳар гуна ҳолатҳои рад кардани мубодилаи иттилоот, аз ҷумла сабабҳои ба таври қонунӣ ё ғайриқонунӣ рад кардани он, мавриди баррасӣ қарор мегирад.
5.Тарафҳо намегузоранд, ки ҳар гуна иттилоот ё ҳуҷҷате, ки аз мақомоти дахлдори ҳокимият гирифта шудааст, бидуни розигии пешакии онҳо бо мақсадҳои дигар, ба ғайр аз мақсадҳои дар ин Тафоҳумнома зикршуда, истифода ё интишор карда шавад.
6.Иттилооте, ки тибқи ин Тафоҳумнома гирифта шудааст, махфӣ мебошад. Вай сирри хизматӣ аст ва ҳадди ақал бо ҳамон дараҷаи махфияте, ки қонунгузории давлати Тарафи дархосткунанда барои иттилооти аз манбаҳои миллӣ гирифташуда пешбинӣ кардааст, муҳофизат карда мешавад. Ҳамаи иттилооте, ки мутобиқи ин Тафоҳумнома мубодила мешавад, бояд ҷиддан назорат ва ҳифз карда шавад, то боварӣ бошад, ки он ба таври ҷоиз мутобиқ ба муқаррароти миллӣ оид ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва маълумот истифода мегардад. Иттилооте, ки мутобиқи Тафоҳумномаи мазкур мубодила мешавад, набояд ба дигар Мақомоти кашшофии молиявӣ, идораҳо ва ташкилотҳо дастрас бошад.
7.Агар Тарафи дархостшаванда дар хусуси чи гуна истифода шудани иттилооти дархостшуда маълумот гирифтанӣ бошад (робитаи мутақобил), вай бояд инро ба таври хаттӣ дархост намояд. Дар сурати ба Тарафи дархосткунанда дастрас нашудани чунин иттилоот, Тарафи дархостшаванда бояд ҷавоб навишта, сабаби онро (робитаи мутақобилро) нишон диҳад.
8.Тарафҳо якҷоя тартиби қобили қабули мубодилаи иттилоотро мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои худ муайян карда, дар бобати амалӣ намудани муқаррароти Тафоҳумномаи мазқур маслиҳату машварат мекунанд.
...