ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Тафоҳумнома байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Мақомоти кашшофии молиявии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳамкорӣ оид ба табодули иттилоот дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Тафоҳумнома байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Мақомоти кашшофии молиявии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳамкорӣ оид ба табодули иттилоот дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки 18 майи соли 2012 дар шаҳри Вена ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Тафоҳумномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Тафоҳумномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 156
...