Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2025, №77 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014, №21"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

10-уми декабри соли 2025-ум, №7521 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2014, №21
020.090.000.


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба Тартиби баргузории аттестатсияи бақайдгирандагон, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2014, № 21 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2014, №752 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйирот ворид карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.


Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
...