Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз 8 июли соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 67
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва шиносоии хубтар бо ҳаёти фарҳангии аҳолии давлатҳои Тарафҳо;

бо эътирофи манфиати мутақобила ҷиҳати ҳамкории зич ва дарозмуддат дар соҳаи сайёҳӣ;

бо хоҳиши инкишоф додани муносибатҳо байни давлатҳои Тарафҳо дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин байни субъектҳои миллии фаъолияти сайёҳии онҳо;

бо дарназардоштаи нақши муҳимми сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои Тарафҳо;

бо кӯшиши ноил шудан ба ҳамкории самарабахши Тарафҳо дар соҳаи сайёҳӣ;

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади шиносоии шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо бо дастовардҳо дар соҳаҳои илм, иқтисодиёт, рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бо мавзеъҳои тамошобоби табиӣ, инчунин бо ёдгориҳои таърихӣ ва анъанаҳои мардуми давлатҳои Тарафи дигар мусоидат менамоянд.

Ҳамкорӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва манфиати мутақобила мутобиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо, муқаррароти Созишномаи мазкур ва шартномаҳои байналмилалие, ки давлатҳои Тарафҳо иштирокчии онҳо мебошанд, сурат мегирад.

...
Утверждено
Постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2026 года, №67

СОГЛАШЕНИЕ между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Кыргызской Республики о сотрудничестве о сфере туризма

Правительство Республики Таджикистан и Кабинет Министров Кыргызской Республики, именуемые в дальнейшем «Стороны»,

в целях создания благоприятных условий для развития туризма и лучшего ознакомления с культурной жизнью населения государств Сторон;

признавая взаимный интерес к тесному и долгосрочному сотрудничеству в сфере туризма;

желая развивать отношения между государствами Сторон в сфере туризма, а также между их национальными субъектами туристской деятельности;

принимая во внимание важную роль туризма в экономическом, социальном и культурном прогрессе государств Сторон;

стремясь достичь эффективного сотрудничества Сторон в сфере туризма;

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны способствуют расширению сотрудничества в сфере туризма в целях ознакомления граждан государства одной из Сторон с достижениями в области науки, экономики, социального развития, культуры, с природными достопримечательностями, а также историко-культурными памятниками и традициями народов государства другой Стороны.

Сотрудничество осуществляется на основе равноправия, взаимпой выгоды, в соответствии с законодательством государств Сторон, положениями настоящего Соглашения и международными договорами, участниками которых являются государства Сторон.

...