Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 67 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки 8 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Қирғизистонро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 67


...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Кыргызской Республики о сотрудничестве в сфере туризма

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Кыргызской Республики о сотрудничестве в сфере туризма, подписанное 8 июля 2025 года в городе Душанбе.

2. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить кыргызскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г. Душанбе, от 26 февраля 2026 года, №67


...