ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки 24 июни соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ кардани Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Россияро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 65
...