Созишнома оид ба Маркази экспертиза ва тадқиқот барои мақсадҳои гумрукии хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 26 сентябри соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 59
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА ОИД БА МАРКАЗИ ЭКСПЕРТИЗА ВА ТАДҚИҚОТ БАРОИ МАҚСАДҲОИ ГУМРУКИИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

дар асоси муқаррароти Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ аз 15 апрели соли 1994,

дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукӣ давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи фаъолияти экспертӣ, таҳқиқотӣ ва илмию тадқиқотӣ оид ба мушаххасгардонӣ ва ташхиси молҳо аз 24 декабри соли 2003,

бо дарки муҳиммияти фаъолияти тадқиқоти экспертӣ дар соҳаи гумрук, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Тарафҳо дар ҳифзи соҳибихтиёри иқтисодӣ, таҳкими амният ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи гумрук нигаронида шудааст,

дар асоси хоҳиши рушд додани ҳамкорӣ ва таҳким бахшидани ҳамкории мутақобилаи Тарафҳо дар соҳаи экспертиза ва тадқиқот барои мақсадҳои гумрукӣ,

дар ин хусус ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ба мақоми (муассиса, ташкилоти) гумрукии Тарафе, ки барои гузаронидани экспертиза ва тадқиқот ба мақсадҳои гумрукӣ тибқи қонунгузории ин давлат ваколатдор гардидааст (минбаъд – муассисаи экспертӣ), мақоми Маркази экспертиза ва тадқиқот барои мақсадҳои гумрукии хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (минбаъд - Марказ) медиҳанд.

Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур таҳти экспертиза ва тадқиқот барои мақсадҳои гумрукӣ экспертиза ва тадқиқоте фаҳмида мешаванд, ки аз ҷониби коршиносони гумрукӣ (коршиносон) бо истифода аз донишҳои махсус ва (ё) илмӣ барои ҳалли масъалаҳои дар назди Тарафҳо гузошташуда гузаронида мешаванд.

Моддаи 2
...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2026 года №59

Соглашение о Центре экспертиз и исследований в таможенных целях таможенных служб государств-участников Содружества Независимых Государств

Таможенные службы государств - участников Содружества Независимых Государств, далее именуемые Сторонами,

исходя из положений Соглашения о сотрудничестве и взаимопомощи в таможенных делах от 15 апреля 1994 года,

основываясь на Соглашении о взаимодействии таможенных служб государств - участников СНГ в области экспертной, исследовательской и научно-исследовательской деятельности по идентификации и диагностике товаров от 24 декабря 2003 года,

осознавая важность экспертно-исследовательской деятельности в таможенной сфере, направленной на повышение эффективности деятельности Сторон по защите экономического суверенитета, укрепление безопасности и борьбу с правонарушениями в таможенной сфере,

исходя из желания развивать сотрудничество и укреплять взаимодействие Сторон в сфере экспертиз и исследований в таможенных целях,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны наделяют статусом Центра экспертиз и исследований в таможенных целях таможенных служб государств - участников Содружества Независимых Государств (далее - Центр) таможенный орган (учреждение, организацию) государства Стороны, уполномоченный в соответствии с законодательством этого государства на проведение экспертиз и исследований в таможенных целях (далее - экспертное учреждение).

Для целей настоящего Соглашения под экспертизами и исследованиями в таможенных целях понимаются исследования и испытания, проводимые таможенными экспертами (экспертами) с использованием специальных и (или) научных знаний для решения задач, возложенных на Стороны.

Статья 2
...