Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 59 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба Маркази экспертиза ва тадқиқот барои мақсадҳои гумрукии хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба Маркази экспертиза ва тадқиқот барои мақсадҳои гумрукии хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома оид ба Маркази экспертиза ва тадқиқот барои мақсадҳои гумрукии хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 26 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаи Созишномаи мазкурро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 59




...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Соглашения о Центре экспертиз и исследований в таможенных целях таможенных служб государств-участников Содружества Независимых Государств

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Соглашение о Центре экспертиз и исследований в таможенных целях таможенных служб государств-участников Содружества Независимых Государств, подписанное 26 сентября 2025 года в городе Душанбе.

2. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить депозитарий настоящего Соглашения о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 февраля 2026 года №59


...