Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 октябри соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 58
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд, дар асоси принсипҳо ва ҳадафҳои Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин аз 9 октябри соли 1992, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин аз 18 июни соли 1997,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1 Ҳадафи ҳамкорӣ

Мақсади Созишномаи мазкур мусоидат ба рушди Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - Геопортали ИПД ИДМ), инчунин мубодилаи маълумоти фазоӣ ва дигар маълумоти кушод, ки барои фаъолияти Геопортали инфрасохтор маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шабакаҳои он заруранд.

Моддаи 2 Самтҳои ҳамкорӣ

Ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи мазкур бо риояи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо аз рӯи самтҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:

1)геодезия, харитасозӣ ва маълумоти фазоӣ;

2)таъсис ва рушди инфрасохтори маълумоти фазоӣ;

3)таъсиси низоми иттилоотӣ ва рушди низоми электронии хизматрасониҳо;

4)омода намудани кадрҳо;

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2026 года №58

СОГЛАШЕНИЕ между Государственным комитетом по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральной службой государственной регистрации, кадастра и картографии (Российская Федерация) о сотрудничестве в целях развития и наполнения Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств- участников СНГ

Государственный комитет по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральная служба государственной регистрации, кадастра и картографии (Российская Федерация), в дальнейшем именуемые Сторонами, основываясь на принципах и целях Соглашения о создании Содружества Независимых Государств от 8 декабря 1991 года, Соглашения о взаимодействии государств - участников Содружества в области геодезии, картографии, кадастра и дистанционного зондирования Земли от 9 октября 1992 года, Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о сотрудничестве в области геодезии, картографии, кадастра и дистанционного зондирования Земли от 18 июня 1997 года,

согласились о нижеследующем:

Статья 1 Цель сотрудничества

Целью настоящего Соглашения является содействие дальнейшему развитию Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств - участников СНГ (далее - Геопортал ИПД СНГ), а также формирование и обмен пространственными и иными данными открытого пользования, необходимыми для функционирования Геопортала ИПД СНГ и его сервисов.

Статья 2 Направления сотрудничества

Сотрудничество в рамках настоящего Соглашения осуществляется с соблюдением законодательства государств Сторон по следующим основным направлениям:

1)геодезия, картография и пространственные данные;

2)создание и развитие инфраструктуры пространственных данных;

3)создание информационных систем и развитие электронных сервисов;

4)подготовка кадров;

...