Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 58 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Россияро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 58


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Соглашения между Государственным комитетом по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральной службой государственной регистрации, кадастра и картографии Российской Федерации о сотрудничестве в целях развития и наполнения Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств - участников Содружества Независимых Государств

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан» постановляет:

1.Утвердить Соглашение между Государственным комитетом по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан и Федеральной службой государственной регистрации, кадастра и картографии Российской Федерации о сотрудничестве в целях развития и наполнения Геопортала инфраструктуры пространственных данных государств - участников Содружества Независимых Государств, подписанное 9 октября 2025 года в городе Душанбе.

2.Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить российскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 февраля 2026 года №58


...