Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз 1 январи соли 2026, №АП-949

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «1» январи соли 2026, №АП-949

Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» (минбаъд – Озмун) бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, гузаронида мешавад.

2. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ба Озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

3. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. Масъулони баргузории Озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.

5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба Озмун мусоидат менамоянд.

6. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, маориф, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъулони ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

7. Барои гузаронидани Озмун комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд - комиссияи Озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

...
Утвердить
в распоряжение Президента
Республики Таджикистан
от 1 января 2026 №РП-949

 

Положение, состав комиссии и премии Республиканского конкурса «Точикистон - Ватани азизи ман»

Прилагается на тадж.яз


...