Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025, № 705 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026"

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028, инчунин бо мақсади ҷалби захираҳои молиявӣ, таъмини истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ:

- иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028-ро таъмин намоянд;

- то 15 январи соли 2026 номгӯйи пурраи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои махсус дар соли 2026 сохташавандаро дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар ҷараёни иҷрои буҷети давлатӣ истифодаи маблағҳои махсусро, ки воридоти онҳо аз нақшаи тасдиқшуда барзиёд мебошад, ҳангоми барои иншоотҳо равона намудан тавассути ворид намудани тағйирот ба номгӯйи иншооти сохташаванда амалӣ намоянд;

- ҳангоми пешниҳоди маҳдудаи фонди музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳар моҳ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти молия дар маҳал тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ дар бораи шумораи воқеии воҳидҳои кории амалкунанда, мавҷудияти воҳидҳои кории холӣ ва сарфаи фонди музди меҳнат аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ маълумот (ба истиснои маълумоти бо сирри давлатӣ алоқаманд) пешниҳод намоянд;

- пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои буҷетӣ ва кумакпулиҳои иҷтимоиро тавассути кортҳои электронии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва бонкҳои дигари ҷумҳурӣ анҷом диҳанд;

- хариди давлатии аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои махсус амалишавандаро дар доираи маблағҳо ва меъёрҳои муқарраргардида бо пешниҳоди протоколи комиссияи тендерӣ анҷом дода, фарқият (сарфа)-и маблағҳои пулии дар натиҷаи баргузории тендер бавуҷудомадаро (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастии ташкилотҳои буҷетӣ, гранту қарзҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишоти мудофиавии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда, инчунин фонди иҷораи китобҳои дарсӣ) ба суратҳисоби махсуси сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия интиқол диҳанд;

- ҳангоми амалӣ намудани хариди давлатӣ ҳама гуна маблағгузорӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои шартномаи харид ва шартномаҳои дигари марбут ба он дар шакли ғайринақдӣ анҷом диҳанд;

- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла барои сохтмони асосӣ ҷудошавандаро таъмин карда, ҳар моҳ то санаи 5-уми баъд аз моҳи ҳисоботӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва маблағҳои харҷшуда маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;

- зиёд намудани шумораи воҳидҳои кории сохторҳои дахлдорро қатъиян дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;

- пардохти саривақтии маблағҳои мутобиқи қисми 1 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» муқарраршударо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ таъмин намоянд;

- истифодаи маблағҳои махсусро, ки дар ташкилотҳои буҷетӣ мутобиқи қонунгузорӣ ташаккул меёбанд (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ), қатъиян тавассути низоми хазинадорӣ амалӣ намоянд. Дар ҳолати риоя нагардидани тартиби мазкур ё муайян гардидани хароҷоти маблағҳо бидуни суратҳисоби хазинадорӣ, маблағҳои мазкур пурра ба буҷетҳои дахлдор ситонида мешаванд. Дар баробари ин, ташкилотҳои буҷетӣ метавонанд барои истифодаи маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ аз низоми хазинадорӣ истифода баранд;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О мерах по исполнению Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год»

Во исполнение Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год», постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан «О принятии Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год» и показателей государственного бюджета Республики Таджикистан на 2027-2028 годы, а также в целях привлечения финансовых ресурсов, обеспечения эффективного использования бюджетных средств, своевременной реализации государственных инвестиционных проектов и содействия устойчивому развитию национальной экономики, Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики, учреждениям, предприятиям и другим бюджетным организациям:

- обеспечить своевременное исполнение Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистана на 2026 год», постановления Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан «О принятии Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год» и показателей государственного бюджета на 2027–2028 годы;

- до 15 января 2026 года по согласованию с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан представить Министерству финансов Республики Таджикистан на финансирование полный перечень объектов, подлежащих строительству в 2026 году за счет средств государственного бюджета, в том числе специальных средств, и в процессе исполнения государственного бюджета использование специальных средств, поступление которых превышает утверждённый план, при использовании для строительства и реконструкции объектов осуществлять посредством внесения изменений в перечень строящихся объектов;

- при предоставлении лимита месячной заработной платы сотрудников государственных органов и бюджетных организаций ежемесячно посредством информационной системы управления государственными финансами представлять в Министерство финансов Республики Таджикистан сведения о фактической численности действующих штатных единиц, наличии вакантных штатных единиц и экономии заработной платы за счет вакантных штатных единиц (за исключением информации, связанной с государственной тайной);

- осуществлять своевременную выплату заработной платы сотрудников государственных органов, бюджетных организаций и социальных пособий посредством электронных карт Государственного унитарного предприятия «Сберегательный банк Республики Таджикистан «Амонатбонк», Государственного унитарного предприятия промышленно-экспортный банк Таджикистана «Саноатсодиротбонк» и других банков республики;

- государственные закупки, осуществляемые за счёт средств государственного бюджета, в том числе специальных средств, производить в рамках установленных средств и норм с предоставлением протокола тендерной комиссии и направить разницу (экономию) денежных средств, образовавшихся в результате проведения тендера (кроме грантовых и спонсорских средств бюджетных организаций, грантов и кредитов государственных инвестиционных проектов, бюджетных и специальных средств Государственного учреждения «Дирекция по строительству правительственных объектов» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Открытого акционерного общества «Рогунская ГЭС», Главного управления исполнений уголовных наказаний Министерства юстиции Республики Таджикистан, оборонного заказа Агентства специального имущества при Правительстве Республики Таджикистан, бюджета социального страхования и пенсий, организаций, финансируемых за счет местных бюджетов, а также фонда аренды учебных книг), на специальный счет главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан;

- при осуществлении государственных закупок все расчёты между физическими и юридическими лицами, связанные с исполнением договора закупки и иных связанных с ним договоров, осуществлять в безналичной форме;

- обеспечить эффективное и целевое использование бюджетных средств, в том числе выделяемых на капитальное строительство, и ежемесячно до 5-го числа после отчётного месяца представлять Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан подробную информацию об объёмах выполненных работ и использованных средствах;

- увеличение количества штатных единиц соответствующих структур осуществлять строго по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан;

- обеспечить своевременную выплату средств, установленных в соответствии с частью 1 статьи 21 Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год», на специальный расчётный счёт дополнительных финансовых резервов для финансирования строительства важных государственных объектов;

- использование специальных средств, образующихся в бюджетных организациях в соответствии с законодательством (за исключением грантовых и спонсорских средств), осуществлять строго посредством системы казначейства. В случае несоблюдения данного порядка или определения расходов в обход казначейского счета, данные средства в полном объеме взыскиваются в соответствующие бюджеты. Вместе с тем, бюджетные организации для использования грантовых и спонсорских средств могут воспользоваться системой казначейства;

...