ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2026
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 2025,
№ 212 қабул карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 27.04.2026
№ 2256)
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 65957180 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла (№ 2256):
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 49293900 ҳазор сомонӣ (№ 2256),
аз он:
а) воридоти андозӣ – 41798162 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ – 6327738 ҳазор сомонӣ (№ 2256);
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби
созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 1168000 ҳазор сомонӣ;
а) воридоти андозӣ – 41798162 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ – 6327738 ҳазор сомонӣ (№ 2256);
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби
...