Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2025, № 212 "Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» қабул карда шавад.

2. Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ:

- барои соли 2027 аз рӯйи даромад ба маблағи 69921380 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 71696956 ҳазор сомонӣ ва кас­ри буҷет ба маблағи 1775576 ҳазор сомонӣ ё 0,8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ;

- барои соли 2028 аз рӯйи даромад ба маблағи 75523168 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 77028718 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1505550 ҳазор сомонӣ ё 0,6 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2028 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои буҷети давлатиро барои солҳои 2028-2029 аниқ намояд.

4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2026 ба маблағи 65041180 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 66995780 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад дар ҳаҷми 1954600 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;

- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан ба даромади воқеӣ таъмин намояд;

- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯйи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо дарназардошти зарурати ихтисор кардани қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2026 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;

...

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год» и прогнозных показателях государственного бюджета на 2027-2028 годы

В соответствии со статьёй 60 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Принять Закон Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год».

2. Одобрить прогнозные показатели государственного бюджета:

- на 2027 год по доходам в размере 69921380 тысяч сомони, по расходам в размере 71696956 тысяч сомони и дефициту бюджета в размере 1775576 тысяч сомони или 0,8 процента к валовому внутреннему продукту;

- на 2028 год по доходам в размере 75523168 тысяч сомони, по расходам в размере 77028718 тысяч сомони и дефициту бюджета в размере 1505550 тысяч сомони или 0,6 процента к валовому внутреннему продукту и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

3. Правительству Республики Таджикистан на среднесрочный период принимать решения, требующие финансирования за счет государственного бюджета, в рамках установленных показателей расходов государственного бюджета на 2026-2028 годы. При представлении проекта Закона Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2027 год» уточнить показатели государственного бюджета на 2028-2029 годы в соответствии с изменениями в макроэкономических показателях и развитием отраслей экономики.

4. Комитетам Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в рамках своих полномочий осуществлять контроль исполнения бюджета, анализировать целевое и эффективное использование бюджетных средств их получателями, и при необходимости, представить результаты анализа на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

5. Правительству Республики Таджикистан:

- принять к исполнению на 2026 год установленный общий объём доходов государственного бюджета Республики Таджикистан в сумме 65041180 тысяч сомони и общий объём расходов в сумме 66995780 тысяч сомони с превышением расходов над доходами в объёме 1954600 тысяч сомони;

- обеспечить финансирование мероприятий, предусмотренных бюджетом, в пределах утвержденных сумм, пропорционально фактически поступившим доходам;

- в целях уменьшения недоимок по налогам и социальным выплатам предыдущих лет, с учётом необходимости ликвидации образовавшейся задолженности бюджетных организаций на 1 января 2026 года, а также задолженности бюджетных организаций по налогам, произвести взаимозачеты между ними в установленном порядке без изменения фактического исполнения доходов и расходов бюджета;

- информировать по итогам каждого квартала Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан об исполнении Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2026 год;

- представить Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан годовой отчет об использовании средств Стабилизационного фонда развития экономики;

...