Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 22 ноябри соли 2025, № 626
тасдиқ шудааст

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

дар руҳияи ҳамкории мутақобилан судманд амал намуда,

муҳиммияти ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории эпидемиологӣ нисбат ба сироятҳои ниҳоят хавфнок ва бемориҳои дигари дорои манбаъҳои табиӣ ва аз ҳайвонот гузаранда, пешгирии пайдоиши бемориҳои инсон ва паҳншавии фаромарзии онҳо дар шароити равандҳои афзоишёбандаи ҳамгироӣ, инчунин рушди ҳамкории минтақавиро эътироф намуда,

бо пайгирӣ аз стратегияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба татбиқи Қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ (ҚБТС - 2005) (минбаъд - ҚБТС), принсипҳои вусъатбахшии фаъолонаи саъйю кӯшиш оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини бехдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ,

дар ин хусус ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ҳамкории илмию техникиро дар соҳаи амалисозии ҚБТС 2005, мониторинг ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти санитарию эпидемиологӣ, таъмини беҳдории санитарию эпидемиологӣ нисбат ба сироятҳои ниҳоят хавфнок ва бемориҳои дигари сироятии дорои манбаъҳои табиӣ ва аз ҳайвонот гузаранда, маҳви сурхча ва сурхакон, пешгирии ВНМО/БПНМ тибқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Тарафҳо иштирокчии онҳо мебошанд, ривоҷ медиҳанд.

Моддаи 2

Тарафҳо ба ҳамдигар дастгирии ташкилию методиро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои якҷоя дар самтҳои зерин пешниҳод менамоянд:

-таъсис додани маркази муштараки илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва пешгирии бемориҳои сироятии Россия ва Тоҷикистон дар асоси функсионалӣ;

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 22 ноября 2025 года №626

Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о сотрудничестве в области обеспечения санитарно- эпидемиологического благополучия населения

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Российской Федерации, именуемые в дальнейшем Сторонами,

действуя в духе взаимовыгодного сотрудничества,

признавая важность сотрудничества в области обеспечения эпидемиологического благополучия по особо опасным инфекциям и другим природно-очаговым и зоонозным инфекционным болезням, предотвращения возникновения заболеваний людей и их трансграничного распространения в условиях растущих интеграционных процессов и развития регионального сотрудничества,

следуя стратегии Всемирной организации здравоохранения по реализации Международных медико-санитарных правил (ММСП-2005 г.), принципам активного наращивания усилий по укреплению сотрудничества в области обеспечения санитарно-эпидемиологического благополучия населения,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны развивают научно-техническое сотрудничество в области реализации ММСП 2005, мониторинга и реагирования на чрезвычайные ситуации санитарно-эпидемиологического характера, обеспечения эпидемиологического благополучия по особо опасным инфекциям и другим природно-очаговым и зоонозным инфекционным болезням, элиминации кори и краснухи, профилактики ВИЧ/СПИД в соответствии с законодательством государств Сторон и международными договорами, участниками которых являются государства Сторон.

Статья 2

Стороны оказывают друг другу организационно-методическую поддержку в осуществлении совместпых мероприятий по следующим направлениям:

- создание на функциональной основе совместного российско-таджикского научно-исследовательского центра эпидемиологии и профилактики инфекционных болезней;

...