ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ки 3 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ кардани Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Россияро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 626
...