Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ аз 26 июни соли 2025

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2025, № 547
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ЁРИИ МУТАҚОБИЛАИ МАЪМУРӢ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки минбаъд дар якҷоягӣ «Тарафҳои Аҳдкунанда» ва дар алоҳидагӣ «Тарафи Аҳдкунанда» номида мешаванд;

бо эътирофи он, ки вайронкунии қонунгузории гумрукӣ ба манфиатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳарду кишвар зарар мерсонад;

бо дарки зарурати таъмини баҳисобгирии амиқ ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин пардохтҳои дигаре, ки барои содирот ё воридоти молҳо ситонида мешаванд ва таъмини иҷрои дурусти татбиқи чораҳои мамнуият, маҳдудият ва назорат;

бо дарки зарурати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои марбут ба татбиқ ва иҷрои қонунгузории гумрукии онҳо;

бо итминон бар он, ки самаранокии фаъолият оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукӣ ва таъмини дурусти ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои воридотиву содиротӣ метавонад тавассути ҳамкориҳои мутақобила самаранок анҷом дода шавад;

бо дарназардошти санадҳои дахлдори Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ (Созмони умумиҷаҳонии гумрук), махсусан Тавсияҳо оид ба ёрии байниҳамдигарии маъмурӣ аз 5 декабри соли 1953; ва

инчунин, бо дарназардошти конвенсияҳои байналмилалӣ вобаста ба мамнуият, маҳдудият ва чораҳои махсуси назорати молҳои хос, ки яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда узви онҳо мебошад;

ба мувофиқаи зерин расиданд:

МОДДАИ 1 Мафҳумҳо
...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 31 октября 2025 года №547


Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Королевства Саудовской Аравии о сотрудничестве и взаимной административной помощи в сфере таможенной деятельности

Прилагается на тадж.яз


...