ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, ки 26 июни соли 2025 дар шаҳри Брюссел ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби саудӣ дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 547
...