ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 540
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»
Моддаи.1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с..2023, №11, мод..466) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Банди 6) моддаи 13 хориҷ карда шуда, банди 7) банди 6) ҳисобида шавад.
2. Банди 4) қисми 4 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4) додани сертификати экологӣ барои маҳсулот;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан «О пчеловодстве»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан «О пчеловодстве» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 31 октября 2025 года №540
Проект
Закон Республики Таджикистан
О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан «О пчеловодстве»
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О пчеловодстве» от 13 ноября 2023 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2023 г., №11, ст. 466) следующие изменения:
1. Пункт 6) статьи 13 исключить и пункт 7) считать пунктом 6).
2. Пункт 4) части 4 статьи 14 изложить в следующей редакции:
«4) выдача экологического сертификата на продукцию;».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан