Фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2023 №87 "Дар бораи Тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 сентябри соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1256

ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ


Дар бораи Тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ
130. 170. 010.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ва банди 9 Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, №191 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Шуъбаи матбуот ва иттилоот барои дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр намудани фармоиши мазкур чораҷӯйӣ намояд.

4. Воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои зертобеи Вазорат иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир -сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Ҳакимзода Қурбон



ш. Душанбе, аз 3 августи соли 2023 №87 

 


Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 15 сентября 2023 года,
регистрационный номер 1256

МИНИСТЕРСТВО СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке, норм вместимости скота и сроков использования пастбищ
130.170.010.

В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан «О пастбищах» и пунктом 9 Положения о Министерстве сельского хозяйства Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 апреля 2008 года, № 191,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Порядок, нормы вместимости скота и сроки использования пастбищ (прилагаются).

2. Настоящее распоряжение представить на государственную регистрацию в Министерство юстиции Республики Таджикистан, ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Отделу печати и информации принять меры для опубликования настоящего распоряжения в газете «Джумхурият».

5. Структурным подразделениям и подведомственным организациям Министерства сельского хозяйства Республики Таджиистан обеспечить исполнения настоящего распоряжения.

6. Контроль исполнения настоящего распоряжения возложить на заместителя министра-куратора отрасли.


Министр сельского хозяйства
Республики Таджикистан                                 Хакимзода Курбон


г. Душанбе, от 3 августа 2023 года №87