Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, № 350 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2.Муқаррар карда шавад, ки нисбати давлатҳое, ки дар савдои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми савдои озод бе боздошт ва маҳдудиятҳо амал менамояд, боҷҳои гумрукии содиротӣ татбиқ намегарданд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.

4.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014,№ 377 «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.

5.Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 14 июни соли 2025, № 350


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О ставках вывозных таможенных пошлин Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 341 Таможенного кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить ставки вывозных таможенных пошлин Республики Таджикистан (прилагаются).

2. Установить, что в отношении государств, с которыми во взаимной торговле с Республикой Таджикистан действует режим свободной торговли без изъятий и ограничений, вывозные таможенные пошлины не применяются.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке информировать секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.

4.Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2014 года, №377 «О ставках вывозных таможенных пошлин Республики Таджикистан».

5.Настоящее постановление ввести в действие после официального опубликования.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 14 июня 2025 года №350
Приложение 
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
...