ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 12, 64, 65, 73, 75, 99, 103 ва 104 калимаҳои «Шӯрои», «Шӯроҳои» ва «шӯроҳои» мувофиқан ба калимаҳои «Шурои», «Шуроҳои» ва «шуроҳои» иваз карда шаванд;
- дар банди 32 рақамҳои «7-11» ба рақамҳои «5-11» иваз карда шаванд;
- ба банди 50 ҷумлаи дуюм ба мазмуни зерин илова карда шавад:
«Низомнома дар бораи низоми баҳогузорӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.»;
- дар банди 64 калимаҳои «таҳсилот» ва «2 фанни» мувофиқан ба калимаҳои «таҳсилоти умумӣ» ва «3 фанни» иваз карда шаванд;
- дар банди 65 рақами «(11)» ба рақамҳои «,11 (12)» иваз карда шавад;
- дар банди 66 калимаҳои «тарбиягирандагон ва» хориҷ карда шаванд;
- дар бандҳои 71, 76 ва сархати шашуми банди 103 калимаи «шӯъбаҳои» ба калимаи «шуъбаҳои» иваз карда шаванд;
- ба банди 75 ҷумлаи дуюм ба мазмуни зерин илова карда шавад:
«Хонандагоне, ки дар озмун, олимпиада, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дар рӯзҳои аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатми муассисаи таълимї иштирок менамоянд, инчунин хонандагоне, ки ба хориљи кишвар мераванд, метавонанд пеш аз муҳлат пас аз 10 май, бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм аз аттестатсия гузаранд.»;
- дар банди 78 калимаҳои «зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки» хориҷ карда шаванд;
- дар банди 80 калимаҳои «муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ» ба калимаҳои «зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии асосӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳуми банди 94 рақами «5» ба рақами «3» иваз карда шавад;
- дар сархати якуми банди 102 калимаи «омӯзгории» ба калимаҳои «омӯзгорӣ ва ё роҳбарӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 458
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2016 года №237
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Внести следующие изменения и дополнения в Типовое положение об общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан утвержденное постановление Правительства Республики Таджикистан, от 1 июня 2016 года №237 «О Типовом положении об общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан»:
- в пункте 32 цифры «7-11» заменить цифрами «5-11»;
- пункт 50 дополнить вторым предложением следующего содержания:
«Положение о системе оценивания разрабатывается и утверждается Министерством образования и науки Республики Таджикистан.»;
- в пункте 64 цифру и слова «2 учебным предметам» заменить цифрой и словами «3 учебным предметам»;
- в пункте 65 цифру «(11)» заменить цифрами «, 11 (12)»;
- в пункте 66 слова «воспитанников и» исключить;
- пункт 75 дополнить вторым предложением следующего содержания:
«Учащиеся, участвующие в конкурсах, олимпиадах, спортивных соревнованиях международного и мирового уровня, в дни проведения переводной аттестации из класса в класс, и выпуска образовательного учреждения, а также учащиеся выезжающие за рубеж могут пройти аттестацию досрочно после 10 мая с согласия уполномоченного государственного органа в сфере образования и науки.»;
- из пункта 78 слова «не завершившие обще - среднюю ступень образования получают справку, а» исключить;
- в пункте 80 слова «общеобразовательное основное учреждение» заменить словами «ступени начального и основного общего образования»;
- в абзаце десятом пункта 94 цифру «5» заменить цифрой «3»;
- в абзаце первом пункта 102 слово «педагогического стажа работы» заменить словами «педагогической и или управленческого стажа работы в общеобразовательном учреждении».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2025 года №458