Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ аз 27 сентябри соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 августи соли 2025, № 447
тасдиқ шудааст

 

Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ

Хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - ИДМ), ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дарназардошти муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 15 апрели соли 1994,

ҷиҳати рушди ҳамкории байниидоравии ташкилотҳои таҳсилотӣ (муассисаҳои таълимӣ), инчунин расонидани ёрии ҳамдигарӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ кӯшиш намуда,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо дар ҳадди имкониятҳои мавҷуда дар самти ташкили тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумрук аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти иловагии касбӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ, ки давлатҳои Тарафҳо иштирокдори онҳо мебошанд, ва қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ба ҳамдигар мусоидат менамоянд.

Тарафҳо дар рушди ҳамкории байни ташкилотҳои таҳсилотии (муассиаҳои таълимии) манфиатдори давлатҳои Тарафҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои таҳия ва татбиқи барномаҳои дахлдори таълимӣ, мубодилаи байналмилалии академӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки таҳсилотӣ ва илмӣ мусоидат менамоянд.

Тарафҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони хадамоти гумрук тавассути ташкили чорабиниҳои ба омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронидашуда мусоидат менамоянд.

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 27 августа 2025 года №447

Соглашение о подготовке кадров для таможенных служб государств – участников Содружества Независимых Государств по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам

Таможенные службы государств – участников Содружества Независимых Государств (далее – СНГ), именуемые в дальнейшем Сторонами,

принимая во внимание положения Соглашения о сотрудничестве и взаимопомощи в таможенных делах от 15 апреля 1994 года,

стремясь развивать сотрудничество между ведомственными образовательными организациями (учреждениями образования), а также оказывать взаимопомощь в области подготовки кадров для таможенных служб государств – участников СНГ по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны в пределах имеющихся у них возможностей оказывают друг другу содействие в организации подготовки кадров для таможенных служб по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам в соответствии с международными договорами, участниками которых являются государства Сторон, и законодательством государств Сторон.

Стороны оказывают содействие развитию сотрудничества между заинтересованными образовательными организациями (учреждениями образования) государств Сторон, в том числе по вопросам разработки и реализации соответствующих образовательных программ, международных академических обменов, подготовки научных кадров, организации и проведения совместных образовательных и научных мероприятий.

Стороны содействуют повышению профессионального уровня сотрудников таможенных органов путем организации мероприятий, направленных на изучение передового опыта в области таможенного дела.

Стороны не позднее чем за 6 месяцев до даты начала обучения по соответствующей образовательной программе согласовывают на двусторонней или многосторонней основе конкретные мероприятия по организации и проведению обучения.

Статья 2
...