ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ, ки 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Нижний Новгород ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаи Созишномаи мазкурро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 447
...