ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2011, № 394 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав»-и назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 26 майи соли 2017, № 270 «Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии илмии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2025, № 433
...