ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот барои солҳои 2025-2027 (марҳилаи якум) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалигардонии Нақшаи мазкурро таъмин карда, аз натиҷаи иҷрои он ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола маълумот пешниҳод намоянд.
3. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мониторинги маҷмуии иҷрои Нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолотро гузаронида, аз натиҷа ҳар сол то 15 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- то 1 сентябри соли 2027 лоиҳаи Нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот барои солҳои 2028-2030 (марҳилаи дуюм)-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июли соли 2025, № 407
Замима
...