Фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2025 №ф-76 "Дар бораи Тартиби баҳисобгирии воридшавии пардохтҳои гумрукӣ"

Санаи амалкуни: 10.07.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 майи соли 2025, №1341 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиби баҳисобгирии воридшавии пардохтҳои гумрукӣ
260.030.000.


Мутобиқи қисми 11 моддаи 106 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Тартиби баҳисобгирии воридшавии пардохтҳои гумрукӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Фармоишҳои зерини Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 20 октябри соли 2009, №163-ф «Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал «Оид ба тартиби ҳисоб кардан ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2010, №565 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;

- аз 11 майи соли 2010, №63-ф «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастурамал «Оид ба тартиби ҳисоб кардан ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июли соли 2010, №565 «а» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;

- аз 25 августи соли 2015, №163-ф «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастурамал «Оид ба тартиби ҳисоб кардан ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2015, №565 «б» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;

- аз 2 декабри соли 2024, №Ф-134 «Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби ҳисоб кардан ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ».

3. Раёсати таъмини ҳуқуқӣ фармоиши мазкурро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд.

4. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

5. Роҳбарияти раёсатҳои минтақавии гумрукӣ иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намоянд.

6. Шуъбаи коргузорӣ ва назорат фармоиши мазкурро ба воҳидҳои сохтории Хадамот ирсол намояд.

7. Назорати иҷроиши фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми сардори Хадамоти гумрук-сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон


ш. Душанбе, аз 14 апрели соли 2025 №ф-76 

 



Зарегистрировано в Министерстве юстиции
Республики Таджикистан 16 мая 2025 года, №1341.

ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке учёта поступления таможенных платежей
260.030.000.

В соответствии с частью 11 статьи 106 Налогового кодекса Республики Таджикистан и статьи 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Порядок учёта поступления таможенных платежей (прилагается).

2. Признать утратившими силу следующие распоряжения Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан:

- от 20 октября 2009 года, №163-ф «Об утверждении Инструкции О порядке исчисления и взимания таможенных платежей», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 25 февраля 2010 года, №565;

- от 11 мая 2010 года, №63-ф «О внесении изменений в Инструкцию О порядке исчисления и взимания таможенных платежей», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 7 июля 2010 года, №565 «а»;

- от 25 августа 2015 года, №163-ф «О внесении изменений в Инструкцию «О порядке исчисления и взимания таможенных платежей», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 25 сентября 2015 года, №565 «б»;

- от 2 декабря 2024 года, №Р-134 «Об Инструкции о порядке исчисления и взимания таможенных платежей».

3. Управлению правового обеспечения представить настоящее распоряжение в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.

4. Настоящее распоряжение ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

5. Руководству региональных таможенных управлений обеспечить исполнение настоящего распоряжения.

6. Отделу делопроизводства и контроля направить настоящее распоряжение в структурные подразделения Службы.

7. Контроль за исполнением распоряжения возложить на первого заместителя начальника Службы-куратора отрасли.

Начальник Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан Каримзода Хуршед Абдурахмон
г. Душанбе от 14 апреля 2025 года, №ф-76