ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2026
№ 539)
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва маблаѓгузории саривақтии чорабиниҳои марбут ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таъсис дода шавад.
1(1). Тартиби ташаккул ва истифодаи маблағҳои Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
1(2). Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор иҷрои Тартиби мазкурро таъмин карда, санадҳои худро ба он мутобиқ намоянд (№ 539).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар муҳлати як сол оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда, санадҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 366
...