бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2025,
№ 315 тасдиқ шудааст
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан озод намудани талаб раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
Бо нияти таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамдигар
Ба мувофнқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Шиносномаҳои дар Созишномаи мазкур дарҷшуда инҳоянд:
1.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ.
2.Дар Иттиҳоди Доминика: шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ ва оддӣ.
Моддаи 2
Шаҳрвандони Тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои дар моддаи 1 Созишномаи мазкур мушаххасшуда мебошанд метавонанд дар муддати навад (90) рӯз, аз рӯзи воридшавӣ ба қаламрави Тарафи дигар бе раводиди воридшавӣ вуруд, убур ва хуруҷ шаванд.
...