ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан озод намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан озод намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки 11 феврали соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорк ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Доминикаро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 315
...