Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, № 313 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»


Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 313


Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ»


Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №4, мод.276; с.2021, №1-2, мод.16; с.2022, №6, мод.352) тағйироти зерин ворид карда шавад:

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони курсҳои бозомӯзӣ диплом ва ба хатмкунандагони дигар шаҳодатнома медиҳанд.»;

- дар қисми 4 калимаҳои «Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо» ба калимаҳои «Диплом ва шаҳодатномаҳо» иваз карда шаванд.


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан «О дополнительном образовании»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан «О дополнительном образовании» и представить на расмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 мая 2025 года №313
Проект

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ДОПОЛНИТЕЛЬНОМ ОБРАЗОВАНИИ»

Статья 1. Внести в статью 15 Закона Республики Таджикистан «О дополнительном образовании» от 16 апреля 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №4, ст.276; 2021 г., №1-2, ст.16; 2022 г., №6, ст.352) следующие изменения:

-часть 3 изложить в следующей редакции:

«3. Образовательные учреждения выпускникам курсов переподготовки выдают диплом, а другим выпускникам свидетельство.»;

-в части 4 слова «свидетельств (сертификатов)» заменить словами «дипломов и свидетельств».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после официального опубликования.

Президент
Республики Таджикистан