Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2025, № 2174 «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

Санаи амалкуни: 16.05.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ»


бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 5 майи соли 2025, № 97
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 13 майи соли 2025, № 40
ҷонибдорӣ карда шудааст


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2021, №1-2, мод.3; с.2023, №11, мод.463) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.Ба моддаи 38 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо менамоянд ва дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд ё дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро хатм кардаанд, метавонанд пас аз се моҳи гузаштани хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ба вазифаҳои прапоршикӣ ё афсарӣ таъин карда шаванд.».

2. Ба банди 1) қисми 3 моддаи 59 пас аз калимаҳои «ҳатмии муҳлатнок» калимаҳои «, ба истиснои ҷинси зан» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 14 майи соли 2025, № 2174



ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

   О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН      «О ВОИНСКОЙ ОБЯЗАННОСТИ И ВОЕННОЙ СЛУЖБЕ»
Принят Постановлением
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан
от 5 мая 2025 года, №97
Одобрен Постановлением 
Маджлиси милли Маджлиси Оли 
Республики Таджикистан
от 13 мая 2025 года, №40

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О воинской обязанности и военной службе» от 29 января 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №1-2, ст.3; 2023 г., №11, ст.463) следующие дополнения:

1.Статью 38 дополнить частью 5 следующего содержания:

«5. Военнослужащие, проходящие обязательную срочную военную службу и имеющие высшее профессиональное образование или имеющие высшее профессиональное образование и окончившие военную кафедру при государственных образовательных учреждениях высшего профессионального образования, могут после трех месяцев прохождения обязательной срочной военной службы в порядке, установленном Положением о порядке прохождения военной службы, назначаться на должности прапорщиков или офицеров.».

2. Пункт 1) часть 3 статьи 59 после слов «военной службы» дополнить словами «,за исключением женского пола».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент Республики Таджикистан                        Эмомали Рахмон


г. Душанбе, от 14 мая 2025 года, №2174