ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 «Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар замимаи 2:
- банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Талаботи техникӣ, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани дипломи дараҷаҳои илмиро Комиссия тибқи намунаҳои замимагардида муқаррар ва амалӣ менамояд (замимаҳои 1, 2 ва 3).»;
- замимаҳои 1, 2 ва 3 илова карда шаванд (замима мегарданд);
2) дар замимаи 3:
- ҷумлаи дуюми банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Талаботи техникӣ, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани шаҳодатномаи унвонҳои илмии дотсент ва профессорро Комиссия тибқи намунаҳои замимагардида муқаррар ва амалӣ менамояд (замимаҳои 1 ва 2).»;
- замимаҳои 1 ва 2 илова карда шаванд (замима мегарданд).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 майи соли 2025, № 264