ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ оид ба таъсис додани системаи мувофиқи миллии тибби фосилавӣ, рушд ва истифодаи минбаъдаи он аз 19 ноябри соли 2010
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ оид ба таъсис додани системаи мувофиқи миллии тибби фосилавӣ, рушд ва истифодаи минбаъдаи он аз 19 ноябри соли 2010, ки 24 майи соли 2024 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Протоколи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 майи соли 2025, № 256
...