Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2025, № 242 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»


Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 майи соли 2025, № 242
Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ»


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2021, №1-2, мод.3; с.2023, №11, мод.463) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.Ба моддаи 38 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо менамоянд ва дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд ё дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро хатм кардаанд, метавонанд пас аз се моҳи гузаштани хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ба вазифаҳои прапоршикӣ ё афсарӣ таъин карда шаванд.».

2. Ба банди 1) қисми 3 моддаи 59 пас аз калимаҳои «ҳатмии муҳлатнок» калимаҳои «, ба истиснои ҷинси зан» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О воинской обязанности и военной службе»»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О воинской обязанности и военной службе» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон
г. Душанбе,   от 1 мая 2025 года,  №242
Проект

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ВОИНСКОЙ ОБЯЗАННОСТИ И ВОЕННОЙ СЛУЖБЕ»

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О воинской обязанности и военной службе» от 29 января 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №1-2, ст.3; 2023 г., №11, ст.463) следующие дополнения:

1.Статью 38 дополнить частью 5 следующего содержания:

«5. Военнослужащие, проходящие обязательную срочную военную службу и имеющие высшее профессиональное образование или имеющие высшее профессиональное образование, окончившие военную кафедру при образовательных учреждениях высшего профессионального образования, могут после трех месяцев прохождения обязательной срочной военной службы в порядке, установленном Положением о порядке прохождения военной службы, назначаться на должности прапорщиков или офицеров.».

2. Пункт 1) часть 3 статьи 59 после слов «военной службы» дополнить словами «, за исключением женского пола».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.


Президент Республики Таджикистан