×

Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ аз 6 марти соли 1998 № 84

Санаи амалкуни: 06.03.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 1998 № 84
тасдиқ шудааст

 ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 100, аз 28.02.2025 № 131)

I.Қисми умумӣ

1.1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1.1.Ҳамин «Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 1996 № 465 интишор ёфтаанд.

Қоидаҳои мазкур ҳам барои ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ ва ҳам барои истифодабарандагони он, сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияти онҳо, ҳатмӣ мебошанд.

1.1.2.Истифодаи қувваи барқ танҳо дар асоси шартномаи байни ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва истифодабаранда (муштарӣ) басташуда иҷозат дода мешавад, ки дастгоҳҳои барқии он бевосита ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ пайваст карда шудаанд.

Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ дорад дар ҳолатҳои алоҳида ба муштариёни фаръие, ки ба шабакаҳои барқии муштарии асосӣ пайваст карда шудаанд, шартномаи мустақими молиявӣ бандад.

Ба шартнома акт* дар бораи аз ҳамдигар ҷудо кардани баланси шабакаҳои барқӣ ва масъулияти истифодабарии тарафайн замима мегардад.

Шартномаҳои истифодабарии қувваи барқ мутобиқи шартномаҳои намунавие, ки ба ҳамин Қоидаҳо замима мегарданд, баста мешаванд.

______________

* Истилоҳҳои асосие, ки дар Қоидаҳои мазкур истифода мешаванд, дар охири китоб дода шудаанд.

Эзоҳ: 1. Ин Қоидаҳо дар мавриди шартҳои ҳисоб баробаркунӣ бо истгоҳҳои барқии вазоратҳо ва идораҳо (онҳое, ки блокстанция нестанд) татбиқ намешаванд.

2.Тартиби ҳамчун муштарии ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ ба расмият даровардани аҳолӣ дар фасли 5 ҳамин Қоидаҳо баён шудааст.

1.1.3.Муштариёни фаръӣ барои истифодабарии қувваи барқ бо муштариён шартнома мебанданд.

Дар шартномаи байни муштарӣ ва ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ё дар замима ба шартнома маълумот дар бораи муштариёни фаръии ба шабакаи барқи муштарӣ пайвасташуда (номгӯй, иқтидор, истифодабарии барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ, тариф ва дигар маълумот зикр карда мешаванд.

1.1.4.Аз тарафи муштарӣ барои истифода нисбат ба меъёри муқарраршуда ё иҷозатдодашуда, ки дар шартнома нишон дода шудааст, зиёд кардани иқтидор, ба истифода додани дастгоҳҳои нави барқӣ, инчунин пайваст намудани муштариёни нав танҳо бо иҷозати ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ баъди ба шартномаи истифодаи қувваи барқ ворид намудани тағьироту иловаҳои дахлдор амалӣ мегардад.

Муштарӣ ба шабакаҳои барқи ба ӯ тааллуцдошта дастгоҳи барқиро дар ҳудуди иқтидори дар шартнома нишон додашуда танҳо баъди гирифтани иҷозати иловагӣ аз ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст карда метавонад.

1.1.5.Ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ доранд, ки бо корхонаю ташкилотҳои ҳама гуна шакли моликият, танҳо дар сурати мавҷуд будани меъёрҳои тасдиқшудаи сарфи қувваи барқ барои воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда шартнома банданд.

1.1.6.ШДСҲ «Барқи Тоҷик» ҳақ дорад, ки дар асоси шартномаҳо бо системаҳои энергетикии дигар давлатҳо қувваи барқро содир ё ворид намояд. Истифодакунандагони қувваи барқ ҳақ доранд, ки бо мувофиқаи ШДСҲ «Барқи Тоҷик» қувваи барқро аз дигар давлатҳо ворид намоянд.

1.2. ШАРТҲОИ ТЕХНИКӢ ДАР БОРАИ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚИИ ИСТИФОДАКУНАНДАГОН

1.2.1. Барои пайваст намудани трансформаторҳои нав ё иқтидори иловагии трансформаторҳо ё муҳаррикҳои баландшиддат, инчунин пайваст кардани дастгоҳҳои пастшиддати нав ё нисбат ба меъёри иҷозатдодашуда зиёд кардани иқтидори онҳо, ки ба трансформаторҳои шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунанда пайваст карда мешаванд, ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ иҷозат медиҳад.

1.2.2. Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ баъди гирифтани дархост аз муассисаи фармоишгар (иморатсоз) ё бо супориши вай аз ташкилоти генералии лоиҳакашӣ дар муддати ду ҳафта барои бо қувваи барқ таъмин намудани муассисаҳо, биноҳо, иморатҳои сохташаванда, навбатҳои онҳо ё бахшҳои алоҳидаи корхонаҳо, ки барои дар майдонҳои гуногун ҷойгир намудани онҳо, вариантҳои муқоисавии техникию иқтисодӣ ё ҳисобҳои техникию иқтисодии васеъ кардан ё азнавсозӣ иҷро карда мешаванд, шартҳои пешакӣ медиҳад.

Дар шартҳои пешакии ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст намудани объект инҳо нишон дода мешаванд:

а) нуқтаҳои пайвастшавӣ (станцияи ёрирасон, истгоҳи барқ ё хатти интиқоли барқ, шиддате, ки мувофиқи он бояд хатҳои ҳавоӣ ё кабелӣ кашида шаванд), дараҷаи дарназардошташавандаи шиддат дар нуқтаҳои пайвастшавӣ, дар ҳолатҳо ҷудогона зарурати омӯхтани варианти сохтмони МБГ дар асоси истифодаи гармӣ ё таҳияи вариантҳои нақшаи шабакаи истеъмолкунандаи қувва нишон дода мешавад;

б) бо сабаби пайдо шудани истифодакунандаи нави қувваи барқ талаботи асоснок оид ба пурқувват намудани шабакаҳои мавҷуда (зиёд кардани бурриши симҳо, иваз ва ё зиёд намудани иқтидори трансформаторҳо, сохтмони бахшҳои эҳтиётй ва ғ.).

1.2.3. Мувофиқаи лоиҳаҳои дарназардошташавандаи бо барқ таъмин намудани муассисаҳо, биноҳо, иморатҳо, навбатҳои онҳо, бахшҳои алоҳидаи корхонаҳо ё объектҳои васеъшаванда ва аз нав сохташавандаи таҳти истифода қарордошта, ки нақшаи берунии бо қувваи барқ таъмин намудани истифодакунанда тағьиротро талаб мекунад, ҳангоми интихоби майдон барои сохтмон тибқи «Дастуруламал дар бораи таркиб, тартиби таҳия, мувофиқа ва тасдиқи лоиҳаҳо ва сметаҳо ҷиҳати сохтмони корхонаҳо, биноҳо ва иморатҳо» аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.2.4. Шартҳои техникии ба шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ пайваст намудани муассисаҳо, биноҳо, иморатҳо, навбатҳои онҳо ё бахшҳои ҷудогонаи онҳо, ки мутобиқи лоиҳаҳои аз рӯи тартиби зикршудаи мувофиқа гардида таҳия щудаанд, аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ дар муддати як моҳи баъди бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудани акт дар бораи интихоби майдони сохтмон ва барои объектҳои сохтмони истиқоматии шаҳрвандон бошад, дар муддати як моҳи баъди қабули қарори ҳукуматҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо оид ба ҷудо кардани қитъаи замин ба истифодакунандаи фарморшгар дода мешаванд.

1.2.5.Ҳангоми азнавсозӣ ё тағьир ёфтани дараҷанокии дастгоҳҳои барқӣ (аз рӯи эътимоднокии барқрасонӣ), ки зиёд намудани иқтидори истеъмолиро талаб намекунад, вале тағьири нақшаи берунии бо барқ таъмин намудани истифодакунандаро пеш мегузорад, истифодакунанда вазифадор аст, ки барои ин аз ташкилоти таъминкунандаи барқ шартҳои техникӣ гирад.

1.2.6.Истифодакунанда вазифадор аст, ки бо талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ бо дарназардошти имкониятҳои техникии аз тарафи ташкилоти мазкур муқарраршуда дастгоҳҳои барқии дигар истифодакунандагонро ба шабакаҳои худ пайваст намояд.

1.2.7.Истифодакунандагони дастгоҳҳои барқие, ки аз шабакаҳои муштариёни яклухтфурӯш харидафурӯш ё муштариёни ташкилоти таъминкунандаи барқ (истифодакунандагони асосӣ) барқ мегиранд, шартҳои техникиро баъди мувофиқаи ҳатмӣ бо ташкилоти таъминкунандаи барқ аз муштариёни зикршуда мегиранд.

Агар бо сабаби зиёд шудани ҳаҷми масраф зарурати таъғир додани нақшаи берунии таъмини қувваи барқи истифодакунандаи харидафурӯш ё муштарӣ ё зиёд кардани иқтидори трансформаторҳо ва муҳаррикҳои баландшиддат, ки дар шартнома бо ташкилоти таъминкунандаи барқ зикр шудааст, ба миён ояд, истифодакунандаи харидафурӯш ё муштарӣ барои ин кор шартҳои техникиро аз ташкилоти таъминкунандаи барқ мегирад.

1.2.8. Дар шартҳои техникии ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст намудани объект инҳо нишон дода мешаванд:

а) нуқтаҳои пайвастшавӣ (станцияи ёрирасон, истгоҳи барқӣ ё хатти интиқоли барқ), шиддате, ки мувофиқи он бояд хатҳои ҳавоӣ ё кабелӣ кашида шаванд, дараҷаи дарназардошташавандаи шиддат дар нуқтаҳои пайвандшавӣ; дар ҳолатҳои ҷудогона зарурати омӯхтани варианти сохтмони МБГ дар асоси истифодаи гармӣ ё таҳияи вариантҳои нақшаи шабакаи истеъмолкунандаи қувва;

б) бо сабаби пайдо шудани истифодакунандаи нави қувваи барқ талаботи асоснок оид ба пурқувват намудани шабакаҳои мавҷуда (зиёд кардани бурриши симҳо, иваз ва ё зиёд намудани иқтидори трансформаторҳо, сохтмони бахшҳои эҳтиётӣ ва ғайра);

в) бузургии ҳисобии ҷараёнҳои расиши кӯтоҳ, талабот оид ба муҳофизати реле, автоматика, алоқа, оиқ (изоляция) ва муҳофизат аз шиддати барзиёд;

г) талабот оид ба ҷуброни иқтидори реактивӣ;

д) талабот дар бораи баҳисобгирии қувваи барқ;

е) талаботи махсус оид ба насби дастгоҳҳои собиткунанда, олот ва асбоби назорати сифати қувваи барқ дар қабулкунаки он мувофиқи ГОСТ;

ж) талабот оид ба танзими ҷадвали шабонарӯзии масрафи истифодакунанда;

з) тавсияҳо ва иҷозати «Тоҷикгосэнергонадзор» оид ба истифодаи лоиҳаҳои намунавӣ;

и) талаботи махсус ба дастгоҳҳои барқии истифодакунандагоне, ки ба онҳо хатҳои таъминотии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст мешаванд (зарурати захираи таъминотӣ, муҳофизатӣ, автоматӣ ҳангоми ба кор даровардан, имконпазирии кори ҳамзамони хатҳои таъминот, бо мақсади нигоҳ доштани таъминоти қабулкунакҳои қувваи барқ, ҳангоми пайдо шудани камбуди иқтидор дар системаи энергетикӣ ҷудо намудани ҳаҷми зарурӣ дар хатҳои алоҳидаи захиравии таъминот ва ғ.);

к) талабот оид ба таҳияи лоиҳаи корхона, бино, иншоот (лоиҳаи корӣ) дар бобати ташкили истифодабарии дастгоҳҳои барқӣ;

л) рӯйхати муштариёни фаръие, ки ба шабакаи истифодакунанда пайваст карда мешаванд, бо зикри маълумоти асосии дурнамо доир ба бори онҳо ва истифодаи қувваи барқ;

м) талаботи иловагӣ ба дастгоҳҳои барқии мутобиқ бо асноди директивӣ.

1.2.9.Иҷрои шартҳои техникие, ки ташкилотҳои таъминкунандаи барқ додаанд, барои истифодакунандагон фармоишгарҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашие, ки ба онҳо таҳияи лоиҳаи барқрасонӣ супорида мешавад, ҳатмӣ аст.

Мӯҳлати амали шартҳои техникӣ ҳангоми интихоби майдони сохтмон ё барои лоиҳаи азнавсозӣ тайёр намудани бино, сохтмон бе азхудкунии ҳудуди иловагӣ ва объектҳои сохтмони истиқоматии шаҳрвандӣ муқаррар карда ва дар шартҳои техникӣ нишон дода мешавад. Мӯҳлати зикршуда бояд аз вақти барои лоиҳакашӣ ва сохтмони корхона, бино, иншоот, навбатҳои он ё бахшҳои алоҳида зарур, ки дар асоси меъёрҳои ҷории давомнокии сохтмон муайян шудааст, кам набошад.

1.2.10.Лоиҳаи (лоиҳаҳои корӣ) корхона, бино, иншоот, навбатҳои онҳо ё бахшҳои алоҳида, ки дар асоси қарорҳои лоиҳавии таҳияшуда ҳангоми интихоби майдони сохтмон ё ба лоиҳакашӣ тайёр намудани бино, шартҳои техникӣ барои ба шабакаҳои ташкилотҳои таъминкунандаи барқ ва «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» (ки бояд аз тарафи сармуҳандиси лоиҳа бо қайди дахлдор тасдиқ шуда бошад), мувофиқа карда шудаанд, бояд дар масъалаи таъминоти дохилии Қувваи барқ бо «Тоҷикгосэнергонадзор» ба мувофиқа расонида шаванд.

Дар ҳолатҳои ҷудогона, дар сурате, ки ҳангоми лоиҳакашии корхона, бино, иншоот, навбатҳои он ё бахшҳои алоҳида зарурати қисман аз нишондодҳои қарорҳои лоиҳавии зикргардида ва шартҳои техникии мувофиқашуда инҳироф (берун рафтан) ба миён меояд, ин инҳирофот бояд пешакӣ аз тарафи ташкилотҳои лоиҳакашӣ бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ, ки пештар қарорҳои лоиҳавиро мувофиқ дониста, шартҳои техникиро додааст, ба мувофиқа расонида шаванд.

Нақшаҳои кориеро, ки дар мутобиқати пурра бо лоиҳа (лоиҳаи корӣ) таҳия шудаанд, ба мувофиқа расонидан лозим нест.

1.2.11.Фармоишгар (истифодакунанда) бо иштироки ташкилоти лоиҳакашӣ то оғози корҳои сохтмон дар объект, қисматҳои дахлдори лоиҳа (лоиҳаи кори)-и корхона, бино, сохтмон, навбатҳои он ё бахшҳои ҷудогона ва нақшаҳои кориро ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пешниҳод мекунад.

Ин ташкилот дар муддати 10 рӯз мутобиқати қарорҳои лоиҳавии қабулшударо бо шартҳои техникӣ ва «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» месанҷад ва барои ба шабакаи барқи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст намудани объект иҷозат медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо, вақте ки зарурати санҷиши иловагӣ ба миён меояд, мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии зикршуда то 1 моҳ дароз карда мешавад.

Дар ҳолате, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ инҳирофот аз талаботи шартҳои техникӣ, ё асноди ҷории меъёрӣ ошкор мегарданд, ба фармоишгар дар бораи пайваст кардани объект ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ бо зикри далелҳо мактуб бо ҷавоби рад фиристода мешавад.

Фармоишгар (истифодакунанда), ки барои ба шабакаи истифодакунандаи харидафурӯш ва ё муштарӣ пайвастан шартҳои техникӣ гирифтааст, ҳуҷҷатҳои таҳияшудаи лоиҳавии пайваст намудани корхона, бино, иншоотро ба истифодакунандаи харидафурӯш ё муштарӣ пешниҳод менамояд.

1.2.12.Шинондани дастгоҳҳои барқии нав, васеъ кардан ва таҷдиди дастгоҳҳои барқии амалкунандаи истеъмолкунандагон бо қувва ва маблағи худи истифодакунандагон сурат мегирад.

1.2.13.Дар сурате, ки агар ба таркиби иқтидори умумии бо шартҳои техникӣ иҷозатдодашуда дастгоҳҳои барқии гармкунанда ва термикӣ (сарфи назар аз таъинот) дохил бошанд, он гоҳ ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳангоми мавҷуд будани хулосаи «Тоҷикгосэнергонадзор» барои истифодаи дастгоҳҳои термикӣ ба шабака пайваст намудани онҳоро ба таври инфирода баррасӣ мекунад.

1.3.ИҶОЗАТ БА ИСТИФОДАИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚИИ МУШТАРИЁН

1.3.1.Ҳамаи дастгоҳҳои барқии ба шабака пайвастшаванда ва таҷдидшавандаи истифодакунандагон бояд мутобиқи «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ», меъёрҳои сохтмон ва асноди дигари меъёрӣ иҷро шуда, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бо тартиби муқарраргардида мувофиқшуда, инчунин ҳуҷҷатҳои қабулу супоридани техникӣ дошта бошанд.

1.3.2.Дастгоҳҳои барқӣ, қабл аз ба истифода додан бояд аз озмоиши қабулу супоридан гузаронида шаванд ва истифодакунанда онҳоро аз ташкилоти васлкунанда бо акти мутобиқи қоидаҳои ҷорӣ тартибдодашуда қабул намояд.

Баъд аз ин истифодакунанда вазифадор аст, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва қабулу супоридани техникиро дар ҳаҷми зарурӣ ва дастгоҳҳоро ба нозири Назорати давлатии барқ ҷиҳати муоина ва додани иҷозат барои истифода пешниҳод намояд.

Дастгоҳҳои барқии таҷдидшуда низ пеш аз он, ки ба истифода дода мешаванд, бояд аз муоинаи нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» гузаронида шаванд.

1.3.3.Тартиби ба истифода иҷозат додани дастгоҳҳои барқӣ ба дастгоҳҳои нав насбшуда ва таҷдидшудаи муштариёни фаръӣ, аз ҷумла барои ба шабакаи истифодакунандагони харидафурӯш пайваст намудани онҳо татбиқ мегардад.

1.3.4. Ба истифода иҷозат додани дастгоҳҳои барқӣ ҳамон вақт имконпазир аст, ки истифодакунанда коргари техникии барқ ва шахсе, ки масъули хоҷагии барқ таъин шудааст, дошта бошад.

1.3.5.Агар дастгоҳҳои барқии нав насбшудаи истифодакунанда (станцияҳои ёрирасон, шабакаҳо) транзитӣ бошанд ё ба тарзи собит ба хатти интиқоли барқи 35 кв ва зиёда аз он пайваст шуда, ба баланс ва хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дода шуда бошанд, қабул ва барои истифода иҷозат додани онро корхонаи дахлдори системаи энергетикӣ ва «Тоҷикгосэнергонадзор» анҷом медиҳанд.

1.3.6.Ба дастгоҳҳои барқии нав дар сурати мавҷуд будани иҷозати (наряд) «Тоҷикгосэнергонадзор» барои истифода баъди имзои шартнома оид ба истифодаи қувваи барқ ва санҷишу насби асбобҳои баҳисобгирӣ шиддат дода мешавад.

1.3.7.Муоинаи техникӣ ва барои истифодаи дастгоҳҳои барқӣ иҷозат додан, ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва «Тоҷикгосэнергонадзор»"-ро дар мавриди ба истифода додан муътадил кор накардани онҳо масъул намесозад.

1.3.8.Дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо дар насби дастгоҳҳои барқӣ, инҳирофот аз шартҳои техникии барои пайвастан додашуда, «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» СНиП ва дигар асноди меъёрӣ ё дар мавриди набудани коргари хизматрасони дастгоҳҳои мазкур бо бар'тараф намудани камбудиҳои ҷойдошта барои истифодаи онҳо иҷозат додан манъ аст.

1.3.9.Дастгоҳҳои барқие, ки кори онҳо хислати мавсимӣ дорад, ҳар сол пеш аз ба кор даровардан бояд аз муоинаи нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» гузаронида шаванд. Дар ин ҳолат бояд ба нозир протоколи озмоиш тафтиши дастгоҳ пешниҳод карда шавад.

Ба дастгоҳҳои барқии хислати кори мавсимигашта баъди аз санҷиш гузаронидани онҳо ва додани иҷозат барои истифода шиддат дода мешавад.

1.4.ШАРТҲОИ АСОСӢ ВА НИЗОМИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.4.1.Ташкилоти таъминкунандаи барқ, ба ҳамаи истифодакунандагон мутобиқи ҳаҷми истифодаи иқтидор ва қувва, ки дар шартнома оид ба расонидаии қувваи барқ муайян карда шудааст, қувваи барқ медиҳад.

Дар ҳолати ба миён омадани камбуди қувва ва иқтидор дар системаи энергетикӣ ташкилоти таъминкунандаи барқ бо дарназардошти захираҳои мавҷудаи қувваи барқ ва тақсимоти он ба семоҳаҳо ва ҳар моҳ ҳаҷми қувваи истифодашаванда ва иқтидорро ба шартнома дохил мекунад.

1.4.2.Ҳангоми дар ихтиёри муштарӣ мавҷуд будани истгоҳи барқии худӣ (блокстанция) барои ӯ нақшаи умумии истифодаи қувва бо ҷудо намудани таҳвили қувваи барқ аз шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ ва қувваи истеҳсолкардаи блокстанцияи худӣ, муқаррар карда мешавад.

1.4.3.Ҳамаи истифодакунандагон вазифадоранд, ки нақшаҳои муқаррарнамуда ва низоми истифодаи қувваи барқро риоя намоянд, истифодаи оқилона ва пурсамари онро таъмин кунанд, ба тороҷ ва бемавқеъ сарфшавии он роҳ надиҳанд.

1.4.4. Истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони ба онҳо баробарҳуқуқи кишоварзӣ вазифадоранд, ки:

а) меъёрҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ асоснок ва пешқадами ба ҳар воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда, кор (корҳои умумиистеҳсолӣ ва технологӣ, инфиродӣ ва гурӯҳӣ, солона, семоҳа ва моҳона) сарф шудани қувваи барқро таҳия намоянд ва ҳангоми такмил (тағьир) додани технология, ташкили истеҳсолот ва ҷорӣ намудани техникаи нав онҳоро аз нав дида бароянд.

Меъёри сарфи қувваи барқ барои як воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда аз тарафи вазоратҳо ва кумитаҳои дахлдор тасдиқ ва бо «Тоҷикгосэнергонадзор» мувофиқа карда мешавад;

б) барои ҳар корхона дар маҷмӯъ, инчунин барои агрегатҳо, сехҳо ва гурӯҳҳои истифодакунандагон, ки қувваи зиёд сарф мекунанд, балансҳои истифодаи қувваи барқро тартиб диҳанд ва дар асоси он самаранокии истифодаи қувваи барқро дар равандҳои истеҳсолот таҳлил намоянд, сарфаи бефоида ва кам шудани қувваи барқро ошкор карда, барои кам ва бартараф намудани онҳо тадбирҳо аидешанд;

в) бо мақсади муайян намудани талабот ба қувваи барқ дар давраи ба нақша гирифташаванда афзоиши иқтидори ҳосилшавандаи ташкилоти таъминкунандаи барқ, зарурати баланд бардоштани қобилияти таъминотии шабакаҳои барқӣ, такмили нақшаи барқрасонӣ барои як сол ва дурнамои минбаъда (бо дарназардошти хаҷми ба нақша гирифташавандаи истеҳсоли маҳсулот, навъҳои кор ва меъёрҳои сарфи қувваи барқ ва ба эътибор гирифтани вазифаҳои самти қувваи барқ ва ба эътибор гирифтани вазифаҳо оид ба кам кардани онҳо ва чорабиниҳо доир ба сарфаи қувваи барқ) баланси истифодаи қувваи барқро тартиб диҳанд;

г) меъёрҳои тасдиқшудаи сарфи қувваи барқро барои ҳар воҳиди маҳсулот риоя кунанд ва иҷрои вазифаҳои муқаррашударо доир ба кам кардани онҳо таъмин намоянд;

д) нақшаи солона ва дурнамои (минбаъда) чорабиниҳои ташкилию техникии сарфа кардани қувваи барқро таҳия намоянд ва амалӣ гардонанд;

е) якҷоя бо ташкилоти таъминкунандаи барқ ва «Тоҷикгосэнергонадзор» чорабиниҳои танзимкунандаро оид ба кам кардани бор дар соатҳои сарфи ҳадди аксари шабонарӯзии бори системаи энергетикӣ таҳия ва амалӣ намоянд;

ж) ҳангоми қатъи садамавии системаи энергетикӣ талаботи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқро оид ба кам кардани бор (қатъ кардан) ё мутобиқи ҷадвалҳои тасдиқшудаи кам ва қатъ кардани барқи истифодакунандагон ҳангоми нарасидани иқтидори барқ дар системаи энергетикӣ ё системаи мутамаркази энергетикӣ бечунучаро иҷро намоянд;

ж) лимитҳои муқаррарнамудаи ташкилоти таъминкунандаи барқро оид ба ҳаҷми иқтидор дар соатҳои сарфи ҳадди аксари системаи энергетикӣ, андозаҳои қобили қабули иқтидори реактивӣ, ки аз шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ истифода карда мешаванд ва низоми кори дастгоҳҳои ҷубронкунандаро риоя намоянд;

з) мутобиқи шартнома бо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқӣ нишондиҳандаҳои сифатии қувваи барқро, ки дар кори қабулкунандаҳои барқии муштарӣ зикр шудаанд, нигоҳ доранд.

1.4.5. Ҳангоми вайрон кардани нақшаҳо ва низоми муқарраршудаи истифодаи қувваи барқ дар мавриди истифодакунандагон чораҳои таъсиррасонӣ (ҷарима) истифода мешаванд:

а) барои исрофкории қувваи барқ дар мавриди ашхоси гунаҳкор метавонанд чораҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида андещида шаванд;

б) дар ҳолати вайрон кардани тартиби муқарраршудаи истифодаи қувваи барқ вайронкунандагони тартиб бо пешниҳоди ташкилоти таъминкунандаи барқ ба навбати аввали қатъкунӣ аз рӯи ҷадвали садамавии тасдиқшуда гузаронида мешаванд. Ҳангоми мунтазам вайрон кардани тартиб барқ фавран қатъ карда, вайронкунандаи тартиб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад;

в) ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои аз меъёри шабонарӯзӣ зиёд истифода бурдани қувва мутобиқи б. 1.9.6. ҳамин Қоидаҳо додани барқро ба истифодакунанда маҷбуран маҳдуд намояд;

г) ҳангоми аз ҳаҷми шартномавӣ зиёд истифода намудани қувва, истифодакунанда арзиши 10-каратаи онро мутобиқи б. 1.8.2. месупорад. Пардохт барои аз меъёри дар шартнома нишон додашуда зиёд истифода бурдан ба муштарӣ ҳуқуқи истифодаи барзиёди қувваро дар оянда намедиҳад;

д) дар ҳолатҳои бо айби истифодакунанда паст шудани сифати қувваи барқ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаҳои барқӣ истифодакунанда ба ҳаҷми 25 фоизи арзиши қувваи барқӣ бо сифати паст додашуда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ҷарима месупорад.

1.5.ИСТИФОДАИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚӢ АЗ ТАРАФИ МУШТАРИЁН

1.5.1.Ҳудуди ҷавобгарии байни истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ҳолат ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқӣ бо тобеияти баланси онҳо муайян карда шуда, дар акти аз ҳам ҷудо кардани тобеияти балансии шабакаҳои барқӣ ва ҷавобгарии тарафайн барои истифодабарӣ, ки ба шартнома замима мегардад, қайд карда мешавад.

1.5.2.Ҳудуди ҷавобгарӣ барои ҳолат ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқии шиддаташон 1000 В ва зиёда аз он чунин муқаррар карда мешавад:

а) дар пайвасткунандаи оиқи гузарандаи хатти ҳавоӣ аз қисмати берунии олоти тақсимкунандаи пӯшида ва дар баромади симҳо аз сиққонаки кашандаи шаддаи оиқҳои олоти тақсимкунандаи кушода;

б) дар нӯги воридаи кабелӣ ё ҳавоии таъминотӣ ё хатҳои берунраванда.

Зимнан ҷавобгарӣ барои ҳолати дар зербандҳои «а» ва «б» зикршудаи пайвастшавӣ ба зиммаи ташкилоте, ки станцияи ёрирасонро истифода мекунад, гузошта мешавад.

Ҳудуди ҷавобгарӣ барои ҳолат ва хизматрасонии хаттӣ интиқоли барқи шиддаташ 1000 В ва зиёда аз он, ки кафшер (мустақим ё ба воситаи ҷудокунанда) дорад ва ба ташкилотҳои гуногун мутааллиқ аст, дар пояи хатти асосӣ, ҷое ки кафшер шудааст, муқаррар карда мешавад. Ҷавобгарӣ барои ҳолати сиққонакҳое, ки кафшерҳоро пайваст мекунанд ба дӯши ташкилоте мебошад, ки хатти асосӣ дар ихтиёри он аст.

Эзоҳ: Муқаррар кардани ҳудуди дигари масъулияти асосноке, ки мувофиқи хусусиятҳои истифодаи дастгоҳҳои барқӣ ё олоти алоқа ба миён меояд, имкон дорад.

1.5.3. Ҳудуди ҷавобгарӣ байни истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ҳолат ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқии шиддаташон то 1000 В чунин муқаррар карда мешавад:

а) ҳангоми мавҷуд будани шохаҳои ҳавоӣ - дар оиқҳои аввалин, ки дар болои бино ё пояи интиқоли барқ насб карда шудаанд;

б) ҳангоми интиқоли заминии барқ тавассути кабел дар нӯги кабели таъминотӣ дар даромадгоҳи он ба бино.

Ҷавобгариро барои ҳолати пайвастшавӣ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқӣ дар хонаҳое, ки ба идораҳои истиқоматӣ, муассисаҳо ва дигар истифодакунандагони ғайриистеҳсолӣ тааллуқ доранд, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба ӯҳда дорад.

Дар сурати мутобиқати ҳудуди тобеияти балансии дар банди мазкур зикршуда онҳо метавонанд, ки бевосита дар шартнома муайян карда шаванд.

1.5.4. Истифодакунанда барои ҳолати техникӣ, техникаи бехатарӣ ва истифодаи дастгоҳҳои барқии дар ихтиёраш буда барои истифодаи оқилонаи қувваи барқ, иҷрои нақшаҳо ва низоми муқарраршудаи истифодаи барқ, таъмини сифати қувваи барқ ва риояи интизоми оперативӣ мутобиқи қоидаҳои амалкунанда, инчунин барои сапти вақт иҷро намудани дастурҳои намояндагони мақомоти назорати энергетикӣ ҷавобгар аст.

1.5 5. Дар сурати мавҷуд будани шароити хоси истеҳсолот ва истифодаи дастгоҳҳои барқи (зеризаминӣ, истеҳсолоти тарканда, кашиши баркӣ)-е ки дар «Қоидаҳои истифодаи техникии дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон» ва «Қоидаҳои техникии бехатарӣ ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон» зикр нашудаанд, истифодакунандагон вазифадоранд, ки оид ба истифода ва хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқии мазкур дастуруламалҳои махсус дошта бошанд.

1.5.6.Бо мақсади истифодаи эътимоднок, сарфакорона ва бехатари дастгоҳҳои барқӣ истифодакунанда вазифадор аст ки:

а) санҷиши ҳолат, озмоиши эҳтиётӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқӣ ва воситаҳои муҳофизатии ба вай тааллуқ дошта, инчунин таъмири бинои ҷойгиршавии таҷҳизоти тақсимкунанда ва трансформаторҳоро дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи меъёр ва қоидаҳои амалкунанда анҷом диҳад;

б) нақшаи таъминоти барқро бо ҷудо кардани бори масъул дар хатҳои захиравии таъминоти берунӣ, ки интиқоли қувваи барқро барои пурра кардани брони технологӣ ва садамавӣ ҳангоми кам кардани бори садамавӣ дар системаи энергетикӣ таъмин мекунанд, такмил диҳад;

в) риоя намудани супоришҳои ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқро оид ба мушаххасот ва дастурҳо дар мавриди муҳофизати реле ва автоматика инчунин дастурҳо оид ба автоматҳо ва асбобҳои муҳофиз риоя кунад; насби автоматҳои баҳаракатандозии захира (АБЗ)-ро бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мувофиқа намояд;

г) бо талаби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ нишондиҳандаҳои сифати қувваи барқро, ки бо кори дастгоҳҳои барқии истифодакунанда муайян карда мешаванд ба таври доимӣ, давра ба давра ё гоҳ-гоҳ назорат намояд; оид ба беҳбуди сифати қувваи барқ дар шабакаҳои барқии худ чорабаниҳо гузаронад;

д) мутобиқи талаботи бобҳои 1-5 «Қоидаҳои сохтори дастгоҳи барқӣ» баҳисобгирии қувваи барқ ва иқтидори онро таъмин гардонад;

е) хизматрасонии дастгоҳҳои барқиро аз тарафи коргари дорои тахассуси зарурӣ таъмин намояд; коргари хизматрасони дастгоҳҳои барқиро таълим ва дастур диҳад ва ӯро бо ҷои кори муҷаҳҳаз, воситаҳои ҳифозатӣ ва асбобҳо, мавод ва дастурамалҳои зарурӣ таъмин гардонад;

ж) тадбирҳои зидди садама, сӯхтор ва оид ба техникаи бехатариро амалӣ гардонад;

з) бо мақсади назорат аз болои низоми истифодаи барқ, истифодаи сарфакорона ва оқилонаи он, назорат намудани ҳолати техникии хоҷагии барқ, дар ҳар лаҳзаи шабонаруз ба намояндагони мақомоти назорати давлатии барқ додани имконияти дохилшавиро ба ҳама гуна нуқтаҳои барқӣ аз рӯи шаҳодатномаи хизматии онҳо таъмин намояд;

и) дастурҳои намояндагони назорати давлатии барқро дар бораи бартараф кардани камбудиҳои дар сохтмон, истифодабарӣ ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқӣ ва истифодаи қувваи барқ ҷойдошта дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро намояд.

1.5.7.Истифодакунанда вазифодар аст, ки:

а) дар бораи ҳамаи камбудиҳои нақшаи баҳисобгирӣ ва ғайри қобили кор будани асбобоҳои ҳисобкунӣ;

б) дар бораи садамаҳои вобаста бо қатъи хатҳои таъминотӣ, вайрон шудани таҷҳизоти асосӣ, зарар дидани одамон ва ҳайвонот аз ҷараёни барқ, инчунин дар бораи сӯхторҳое, ки бо сабаби вайрон будани дастгоҳҳои барқӣ ба амал омадаанд;

в) доир ба ҳама гуна вайрониҳои таҷҳизоте, ки ба ташкилоти таъминкунандаи барқ тааллуқ доранд ва дар бино ё ҳудуди истифодакунанда ҷойгиранд, фавран ба ташкилоти таъминкунандаи барқ хабар диҳад.

1.5.8.Ба таъмир гузоштани хатти интиқоли қувваи барқ, нуқтаҳои тақсимкунанда ва истгоҳҳои трансформатории муштарие, ки тавассути он ба таври транзитӣ ба дигар истифодакунандагони ташкилоти таъминкунандаи барқ қувва дода мешавад, инчунин баъди таъмир ба кор даровардани таҷҳизоти зикршуда бо иҷозати ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.5.9. Истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ вазифадоранд, ки тибқи «Қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқӣ» ҳифзи дастгоҳҳои барқии дар ҳудуди онҳо қарордошта, ба онҳо озодона дастрасӣ доштан ва даромадан, дар минтақаҳои муҳофизатии хатҳои кабелӣ ва ҳавоии интиқоли барқ манъ кардани ҳама гуна сохтмон, нигоҳ доштани масолеҳ, анҷом додани корҳои заминканӣ ва сохтмонро бе иҷозати ташкилоте, ки хатҳои кабелӣ ва ҳавоӣ ба он тааллуқ дорад, таъмин намоянд.

1.5.10 Истифодакунанда вазифадор аст, ки дохил шудани коргарони ташкилоти таъминкунандаи барқро барои дар қисми транзистии истгоҳҳои ёрирасон анҷом додани корҳои тағьирдиҳии иқтидор ва корҳо оид ба сохтмон ва таъмири шабакаҳои барқии ташкилоти таъминкунандаи барқии дар ҳудуди он ҷойгир шудаанд, таъмин намояд. Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки баъди ба анҷом расонидани корҳо аз ҳисоби худ ҳудуд ва биноеро, ки дар он ҷойҳо корҳоро анҷом додааст, ба таври зарурӣ ба тартиб дарорад.

1.5.11. Истифодакунанда вазифадор аст, ки барои сохтмон ва ба кор андохтани истгоҳҳои барқии идоравӣ аз ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ иҷозат гирад, назоратро аз болои онҳо ва кори мӯътадили онҳо таъмин намояд.

1.5.12. Истифодакунандагони қувваи барқ вазифадоранд, ки:

а) мувофиқи намунаҳои тасдиқшуда ва дар мӯҳлатҳои мутобиқи низомномаҳои амалкунанда муқарраргардида оид ба тартиби пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи сарфи қувваи барқ, иҷрои меъёрҳои сарфи қувваи барқ ва дигар нишондиҳандаҳо ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳисобот пешниҳод намоянд;

б) бо талаби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ 24 соати рӯзи охири ҳар давраи ҳисоботиро ба қайд гирифта, мутобиқи ҷадвали муқарраршуда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқ (системаи баҳисобгирӣ), ки миқдори барқи аз шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ гирифташуда, барқи ба муштариёни фаръӣ додашуда ва барқи дар блокстанцияҳои худӣ истеҳсолшударо ба ҳисоб мегиранд, маълумот диҳанд;

в) ҳар сол на камтар аз 2 маротиба ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҷадвали истифодаи фаъоли қувва ва иқтидори реактивиро дар рӯзҳои кории хоси зимистон ва тобистон пешниҳод намоянд;

г) ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дар бораи истифодаи барқ дар соли оянда дархост пешниҳод намоянд;

д) бо талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ маълумоти зеринро ба ҳисоб гирифта, маълумот диҳанд:

сарфи қувваи фаъол дар ҳар шабонарӯз ва ҳар моҳ;

сарфи ҳар шабонарӯзии иқтидори реактивӣ дар давраҳои бори ҳадди аксар ва ҳадди ақали системаи энергетикӣ;

сарфи қувваи фаъол (иқтидор) дар ҳар 30 дақиқа ҳангоми интиқоли бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ.

Эзоҳ: Ба қайд гирифтани сарфи шабонарӯзии қувваи барқ ва бори воқеӣ (фаъол ва реактивӣ) аз тарафи истифодакунанда дар китоби рақам гузошташуда ва сӯрох карда, ресмон гузаронидашуда сурат мегирад.

1.6.НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАРК АЗ БОЛОИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚИИ ИСТИФОДАКУНАНДАГОН

1.6.1.Вазорати давлатӣ аз болои дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон, сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи Назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон (мухтасар - «Тоҷикэнергонадзор») амалӣ мегардад.

1.6.2.«Тоҷикгосэнергонадзор» дар асоси «Низомномаи Назорати давлатии барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 1996 таҳти № 465 тасдиқ шудааст, амал мекунад.

Назорати энергетикӣ аз болои дастгоҳҳои барқие, ки аз рӯи қоидаҳои махсуси бо Ширкати давлатии саҳҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» мувофиқашуда ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида истифода бурда мешаванд, аз ҷониби вазоратҳо ва идораҳои дахлдор ба амал бароварда мешавад.

1.6.3.Ба амал баровардани назорати давлатии барқ вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои кишоварзӣ ва истиқоматию коммуналиро аз ӯҳдадорӣ дар мавриди назорати ҳолати техникӣ ва истифодаи дастгоҳҳои барқии ташкилоту корхонаҳои тобеи онҳо озод намекунад ва масъулияти худи истифодакунандагонро дар бобати риояи «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ», «Қоидаҳои истифодабарии техникии дастгоҳҳои барқӣ аз тарафи истифодакунандагон», «Қоидаҳои техникаи бехатарӣ» ҳангоми истифода бурданӣ дастгоҳҳои барқӣ», «Қоидаҳои қстифодаи қувваи барқ» ва дигар асноди директивӣ аз байн намебарад.

17.НАСБ ВА ИСТИФОДАИ АСБОБҲОИ БАҲИСОБГИРИИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.7.1.Дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон бояд бо мақсади баробар кардани ҳисоб бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ бо асбобҳои зарурӣ таъмин бошанд.

1.7.2.Ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ, инчунин ба шабакаҳои муштарӣ истифодакунандаи харидафурӯш ва муштариёни фаръӣ пайваст намудани дастгоҳҳои барқие, ки асбобҳои баҳисобгирии қувваи барқро надоранд, манъ аст.

1.7.3. Ҳангоми ба якчанд истифодакунандагони гӯрӯҳҳои гуногуни тарифбандишаванда аз як нуқтаи таъминот додани қувваи барқ бояд барои ҳар гурӯҳи тарифбандишаванда асбобҳои баҳисобгирӣ насб карда шаванд.

Ғайр аз ин барои баҳисобгирии назоратии қувваи барқ (назорат аз болои иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи сарфи қувваи барқ) дар сехҳои алоҳида, агрегатҳое, ки барқро зиёд масраф мекунанд, дар хатҳои технологӣ, биноҳо, объектҳои алоҳидаи кишоварзӣ ва хоҷагии коммуналию маишӣ ва дигар объектҳои асбобҳои баҳисобгирӣ насб карда мешаванд.

1.7.4. Асбобҳои баҳисобгирӣ (аз ҷумла ҳисобкунакҳои барқии қувваи фаъол, иқтидори реактивӣ, инчунин олоти ҷамъбасткунанда ва системаҳои автоматии баҳисобгирӣ) мутобиқи «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» насб карда мешаванд ва бояд ҷавобгӯи талаботи ГОСТ бошанд.

1.7.5. Дар биноҳои истиқоматӣ барои ҳар хона ҷиҳати баробар кардани ҳисоби аҳолӣ ҳисобкунакҳои барқӣ насб карда мешаванд.

Ғайр аз ин, ки дар ҳар хона ҳисобкунаки барқӣ насб карда мешавад, ҳамчунин барои ҳисобу китоби идораҳои истифодаи манзил барои барқи дар корҳои умумӣ (равшан кардани зинаҳои баромад, кори лифтҳо, насосҳо ва ғ.) истифодашуда низ ҳисобкунаки барқӣ гузошта мешавад.

1.7.6.Ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҷумла ҳисобкунакҳои электронӣ, инчунин дигар воситаҳои баҳисобгирии барқ ва иқтидор (дастгоҳҳои ҷамъбасткунанда, системаҳои автоматии баҳисобгирӣ ва назорат ва ғ.), ки барои бо ташкилоти таъминкунандаи барқ баробар кардани ҳисоби корхонаҳо, совхозҳо, ташкилотҳои истифодаи манзил (идораҳои истифодаи манзил, шӯъбаҳои манзилу коммуналӣ, идораи хонаҳо ва ғ.) ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ пешбинӣ шудаанд, аз тарафи истифодакунандагон харида ва насб шуда, ба таври ройгон ба баланси ташкилоти таъминкунандаи барқ дода мешаванд.

Ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва ҳолати техникии трансформаторҳои андозагирӣ ва занҷирҳои дӯюм (иловагӣ), аз ҷумла хатҳои алоқаи системаи автоматиконидае, ки асбобҳои баҳисобгириро бо барқ таъмин мекунанд, ташкилоте ба ӯҳда дорад, ки дастгоҳҳои барқӣ дар баланси он қарор доранд.

1.7.7.Ҳисобкунакҳои барқии дар хонаҳо буда (ғайр аз хонаҳое, ки дар моликияти шахсии шаҳрвандон қарор доранд), ки барои баробар кардани ҳисоби аҳолӣ бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пешбинӣ шудаанд, бояд дар баланс ва хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи барқ бошанд.

Зимнан ҳисобкунакҳои барқӣ (ҳисобкунакҳои хонаҳо ва барои ба ҳисоб гирифтани сарфи умумии қувваи барқ дар бино) бо тартиби зер харида, насб карда мешаванд ва ба таври ройгон ба баланси ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дода мешаванд:

а) барои биноҳои нав сохташуда - аз тарафи ташкилотҳои сохтмон;

б) ҳангоми ба қисмҳо ҷудо кардани баҳисобгирии қувваи барқ аз тарафи ташкилотҳое, ки тақсимоти баҳисобгириро анҷом медиҳанд.

Агар дар биноҳои истиқоматии зикршуда ҳисобкунакҳои барқии ба шахсони алоҳида тааллуқдошта мавҷуд бошанд, хизматрасонии ин гуна ҳисобкунакҳо аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ бо тартиби дар банди 1.7.8. пешбинишуда анҷом дода мешавад.

1.7.8.Ҳисобкунакҳои барқии барои баробар кардани ҳисоби барқи истифодакардаи колхозҳо, ташкилотҳои кооперативӣ, тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои шахсӣ зиндагӣ мекунанд, пешбинишударо муштариён мехаранд ва насб мекунанд ва бо ризоияти онҳо бегона карда, ба хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ қабул карда мешаванд.

1.7.9.Пайваст кардани ҳисобкунакҳои барқӣ дар объектҳои нав ба истифода додашаванда, инчунин аз рӯи нақша иваз кардани ҳисобкунакҳое, ки дар баланс ва хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ қарор доранд, дар мӯҳлатҳои мақаррарнамудаи Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи Тоҷикистон аз тарафи кормандони ташкилоти таъминкунандаи барқ аз ҳисоби ин ташкилот иҷро қарда мешавад.

1.7.10. Дар сурати вайрон шудани нақшаи баҳисобгирӣ ва хароб шудани ҳисобкунакҳои барқӣ бо айби истифодакунанда таъмир, иваз кардан ва санҷиши давлатии онҳо аз ҳисоби ӯ амалӣ мегардад.

1.7.11.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад аз истифодакунанда талаб кунад, ки ба ҷои ҳисобкунаки бо айби ӯ вайрон ва гумшуда ҳисобкунаки нав (короям) пешниҳод намояд.

1.7.12.Ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва сиҳат нигоҳ доштани ҳисобкунак ба зиммаи ташкилоте гузошта мешавад, ки ҳисобкунак дар бинои он, сарфи назар аз тобеияти идории он, гузошта шудааст.

Дар хонаҳои истиқоматӣ ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва сиҳати ҳисобкунакҳои барқии хонаҳо, ҳисобкунакҳои барқии дар даромади зинаҳо гузошташуда ва ҳисобкунакҳои баҳисобгирандаи сарфи қувваи барқ барои эҳтиёҷоти умумии бино ба ӯҳдаи идораи истифодаи манзил ё муассисае, ки бино дар ихтиёри он аст, гузошта мешавад. Дар ҳолате, ки бо мақсади дуздида истифода кардани қувваи барқ ҳисобкунаки дар даромади хонаҳо гузошташуда вайрон карда мешавад, ҷавобгарӣ ба зиммаи соҳибхона гузошта мешавад.

Ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва сиҳати ҳисобкунаки барқии дар хона насбшуда ва тамғаи он ба зиммаи соҳибҳо на гузошта мешавад.

1.7.13.Асбобҳои назоратии баҳисобгирии қувваи барқ аз тарафи истифодакунанда истифода бурда ва хизматрасонӣ мешаванд.

1.7.14. Ба ҳисоб гирифтани қувваи барқи фаъол ва иқтидори реактивӣ ҷиҳати баробар кардани ҳисоби байни ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва истифодакунанда дар нуқтаи баҳисобгирӣ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқии ташкилоти таъминкунандаи қувва ва истифодакунанда гузаронида мешавад.

1.7.15.Дар ҳолати берун аз ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқӣ кам шудани қувваи барқ аз ҳудуди шабака то ҷои насб шудани ҳисобкунаки барқӣ ба ташкилоте (системаи энергетикӣ ё истифодакунанда) мансуб мегардад, ки қитъаи зикршуда дар баланси он аст.

Кам шудани қувваи барқ бояд дар нақшаи додани қувваи барқ, ки барои истифодакунандагон муқаррар мегардад, ба назар гирифта шавад.

Фоизи камшавии қувваи барқ дар шабакаҳо дар қитъаи аз ҷои насби ҳисобкунак то ҳудуди тақсимшавии шабака бо роҳи ҳисоб кардан аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ якҷоя бо истифодакунанда муайян карда шуда, дар шартнома оид ба истифодаи қувваи барқ зикр карда мешавад.

Кам шудани қувва дар шабакаҳо ба истифодабарии қувваи барқ барои эҳтиёҷоти маишии аҳолӣ тааллуқ надорад.

Баробар кардани ҳисоб бо аҳолӣ аз рӯйи тарифи муқарраршуда дар асоси нишондиҳандаи ҳисобкунакҳои барқӣ, сарфи назар аз ҷои насби онҳо, сурат мегирад.

Эзоҳ: Кам шудани қувваи барқ дар шабакаи муштарӣ, ки бо додани қувваи барқ ба муштариёни фаръи вобаста аст, ба ҳисоби муштариёни фаръӣ мутаносибан бо ҳиссаи истифодабарии онҳо мансуб мегардад.

1.7.16.Ҳангоми интиқоли транзитии қувваи барқ ба шабакаи барқи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ аз системаи энергетикӣ тавассути шабакаи истифодакунанда як қисми камшавии қувваи барқ дар шабакаҳои истифодакунанда мувофиқи таносуби миқдори қувваи барқе, ки истифодакунанда ба шабакаи истифодакунанда расонидааст, ба камшавӣ дар шабакаҳои системаи энергетикӣ мансуб мегардад.

1.7.17.Дар хилофи болоии қуттии ҳисобкунакҳои барқӣ бояд тамғаи маркази давлатии стандартизасия ва метрологияи Тоҷикистон ва дар сарпӯшаки колодкаҳои сиққонаки онҳо тамғаи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мавҷуд бошанд.

Санҷишҳои давлатии даврии асбобҳои баҳисобгирӣ бояд дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Маркази давлатии стандартизасия ва метрологияи Тоҷикистон гузаронда шаванд.

1.7.18.Ҳаракатовари ҷудокунандаҳои трансформаторҳои шиддат ва дариҷаҳои бахшҳои трансформаторҳои ҷараён, ки ба асбобҳои баҳисобгирӣ барқ медиҳанд, инчунин гироҳои сими асбобҳои баҳисобгирӣ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ тамға гузошта мешаванд.

1.7.19.Ба ҷои дигар гузаронидан ва иваз кардани трансформаторҳои ченкунандае, ки асбобҳои баҳисобгириро бо барқ таъмин мекунанд, танҳо ба ризоияти ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.7.20.Муштарӣ вазифадор аст, ки пеш аз гузаронидани ҳар гуна кори вобаста ба тағьир додан ё вайрон кардани нақшаи баҳисобгирии қувваи барқ ташкилоти таъминкунандаи барқро хабардор намояд.

Дар давраи гузаронидани таъмир баҳисобгирии қувваи барқ метавонад аз рӯи нақшаҳои муваққатии бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мувофиқашуда анҷом дода шавад.

1.8. ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.8.1.Ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқи истифодашудае, ки чи аз шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ ва блокстанцияҳо, чи тавассути шабакаи харидафурӯшон ё муштариён дода мешавад, мувофиқи тарифҳои нархномаи амалкунанда анҷом дода мешавад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ дар давраи камбудӣ қувваи барқ ва харидани он аз хатҳои интиқоли байни давлатӣ бо мувофиқаи истифодакунандагон метавонад арзиши қувваи барқ ва иқтидорро аз рӯи тарифҳои шартномавӣ ситонад. Андози тарифҳои шартномавӣ бо дарназардошти арзиши қувваи барқи харидашаванда ва хароҷоти ташкилоти таъминкунандаи барқ барои интиқоли он муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани маҳсулот истифодакунанда арзиши барқро ба ташкилоти таъминкунандаи барқ мутаносибан ба маҳсулоти содиршаванда бо арзи хориҷӣ (дар асоси созишномаи алоҳида ба шартномаи пешниҳодшаванда) мепардозад.

Корхонаҳое, ки дар заминаи моликияти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналхалқӣ, ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ бунёд ёфтаанд, ҳамчунин корхонаҳои муштараке, ки дар фонди оинномавии онҳо инвестицияи хориҷӣ 10 фоиз ва аз он зиёдтар мебошад, агар дар шартнома (созишнома)-и байналхалқӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, барои барқ ва иқтидори истифодакардаашон дар сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ маблағ месупоранд.

1.8.2.Ҳангоми зиёд кардани андозаҳо истифодакунанда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ арзиши 10 каратаи ҳаҷми аз миқдори барои давраи муайян дар шартнома муқарраршуда зиёд истифоданамудаашро мепардозад.

Агар истифодакунанда истгоҳи барқии худӣ (блостанция) дошта бошад, арзиши баландкардашудаи 10 карата ба тариф танҳо барои аз меъёри барои як моҳ муқаррар намудаи ташкилоти таъминкунандаи барқ зиёд истифодашуда пардохта мешавад.

Нисбат ба истифодакунандае, ки нақшаи истифодаи қувваи барқи аз ҷониби ташкилоти таъминкунанда муқарраршударо ба андозаи барқи дар блокстанцияи худӣ истеҳсолнашуда бинобар ҷадвали танзими бори муайяннамудаи ташкилоти таъминкунанда зиёд кардааст, музди 10-карата истифода намегардад.

Ҳангоми аз меъёри муқарраршуда зиёд истифода кардани қувваи барқ барои миқдори зиёд истифодашуда музди 5-карата ситонида мешавад.

1.8.3.Ҳисоббаробаркунӣ барои истифодаи қувваи барқ аз рӯи тарифҳои гурӯҳҳои дахлдори истифодакунандагон дар асоси нишондиҳандаҳои асбобҳои баҳисобгирӣ барои давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки якчанд истифодакунандаи гурӯҳҳои гуногуни тарифбандашаванда ҳангоми муваққатан набудани баҳисобгирии алоҳидаи қувваи барқ аз як манбаъ бо барқ таъмин мегарданд, ҳисоббаробаркунӣ бо онҳо аз рӯи тарифҳои дахлдори инфиродӣ дар асоси шартнома ё акти тартибдодаи намояндагони ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунанда, ки дар он ҳиссаи иштироки ҳар кадом гурӯҳи тарифбандишаванда дар истифодаи умумии қувваи барқ муайян карда мешавад, амалӣ мегардад.

Дар ҳолати нодуруст ба ин ё он гурӯҳи тарифбандишаванда гузарондани истифодакунанда, тамоми давраи таъминот бо қувваи барқ аз нав, вале дар ҳудуди мӯҳлати даъво, ҳисоб карда мешавад.

Давраи аз рӯи тарифҳои дахлдор ба таври инфиродӣ баробар кардани ҳисоббаробаркунӣ бояд барқарор (муқаррар) карда шавад.

1.8.4. Дар ҳолати аз тарафи истифодакунанда хабар дода нашудани нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқӣ ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувваи барқ барои давраи пешгузашта анҷом дода мешад.

Зимнан давраи ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувваи барқ набояд аз як давраи ҳисобӣ зиёд бошад, ки баъди анҷоми он сарфи қувваи барқ бояд аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ мувофиқи иқтидори (бори воқеии ҳадди аксар) дар шартнома иҷозат додашуда ё аз рӯи иқтидори муқарраршудаи қабулкунакҳои ҷараён ва миқдори соатҳои кории истифодакунанда то хабар додани нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ бидуни азнавҳисобкунии минбаъда муайян карда шавад.

1.8.5. Муштариён ҳисоббаробаркуниро барои истифодаи барқ чи бо системаи энергетикӣ ва чи бо муштариёни фаръӣ аз рӯи тарифҳо ва нархномаи барои гурӯҳи дахлдори истифодакунандагон муқарраршуда, ки муштариёни фаръӣ ба он гурӯҳ мансубанд, анҷом медиҳанд.

1.8.6.Ташкилоти таъминкунандаи барқ аз рӯи шартнома бо истифодакунанда метавонад, ки (дар асоси созишномаи алоҳида, ки ба шартнома замима мегардад) ба ҷои як қисми арзиши барқи истифодашуда аз истифодакунанда маҳсулоти тайёркардаи ӯро гирад.

1.8.7. Ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқи истифодашуда аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохте, ки аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ дода мешаванд, ё дар сурати худ хизматрасонӣ - аз тарафи муштариён бо тартиби барои ин категорияи муштариён муқарраршуда (ба фаслҳои дахлдори ҳамин Қоидаҳо нигаред) анҷом дода мешавад. Агар муштарӣ инчунин муштариёни фаръӣ дошта бошад, барои тамоми Қувваи барқи сарфкардаи муштарӣ ва муштариёни фаръӣ як ҳуҷҷати пардохт дода мешавад.

1.8.8. Аз пардохткунандагон (пардохтчиёни муттаҳидшуда)-е, ки дар бонкҳо суратҳисоб доранд, арзиши барқи ба онҳо додашуда бо роҳи аз суратҳисоби онҳо бе акцепт баровардани маблағи зарурӣ ситонида мешавад. Ин кор баъд аз як рӯзи ба бонк ворид гаштани ҳуҷҷати пардохти музди истифодаи барқ анҷом дода мешавад.

Ҳуҷҷатҳои пардохт, ки аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ барои сарфи аз лимит барзиёди иқтидор ва қувваи барқ ва барои сарфи барзиёди меъёрҳои қиёсии истифодаи қувваи барқ пешниҳод шудаанд, бе акцепти пардохткунанда пардохта мешаванд.

1.8.9. Дар ҳолати напардохтани маблағҳое, ки дар асноди пардохти ба бонк пешниҳодшуда зикр шудаанд, дар рӯзи оянда бо кадом сабабе, ки набошад, аз ҷумла бо сабаби набудани маблағ, ба суратҳисоби пардохткунанда ба маблағе, ки дар асноди пешниҳодгардида зикр шудааст, барои ҳар шабонарӯзи то рӯзи пардохти қарз 0,5 фоиз пеня баста мешавад.

Эзоҳ: 1. Қарзи истифодакунанда барои қувваи барқи дар давраи гузашта истифодашуда (аз ҷумла, бо сабаби набудани маблағ дар суратҳисоби истифодакунанда) аз рӯи тарифи дар рӯзи супоридани қарз амалкунанда аз нав ҳисоб карда мешавад.

2.Ҳисоб кардани пеня аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ сурат мегирад.

3.Тартиби аз аҳолӣ рӯёнидани музд барои қувваи барқ ва ҳангоми гузаштани мӯҳлати пардохт ҳисоб кардани пеня дар фасли 5 ҳамин Қоидаҳо баён шудааст.

1.8.10. Сарфи назар аз ҳуқуқи рӯёнидани пеня ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки баъд аз огоҳ кардани истифодакунанда то вақти супоридани қарз барқи ӯро қатъ намояд.

1.811. Пардохткунанда вазифадор аст, ки ҳангоми дар ҳуҷҷати пардохт ошкор гардидани ғалат ё нодуруст овардани нишондиҳандаи ҳисобкунак ба ташкилоти таъминкунандаи барқ арз кунад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ бояд дар мӯҳлати на камтар аз 10 шабонарӯз ҳисобро ва дар мавриди зарурат ҳисобкунакҳоро санҷад ва аз натиҷа ба пардохткунанда хабар диҳад.

Додани ариза дар бораи санҷиши ҳисобкунак ё ғалати дар ҳуҷҷатҳо ҷойдошта пардохткунандаро аз ӯхдадории дар мӯҳлати муқарраршуда супоридани маблағи ҳуҷҷати пардохт озод намекунад.

Дар мавриди ошкор гардидани ғалат дар баҳисобгирии қувваи барқ ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки барои давраи охири ҳисобӣ ё аз рӯзи пеш аз гузаронидани тафтиши техникии дастгоҳҳои барқӣ ва ҳисобкунак, вале дар ҳудуди мӯҳлатҳои даъво, ҳисобро аз нав анҷом диҳад.

Инҳирофот дар нишондиҳандаҳои ҳисобкунак имконпазир аст ва онҳо агар аз меъёри муқаррарнамудаи Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи Тоҷикистон зиёд набошанд, боиси аз нав ҳисобу китоб кардан намегарданд.

Агар баъди санҷиш аз нав ҳисоб кардани нишондиҳандаҳо лозим ояд, он гоҳ пардохт аз рӯи ҳуҷҷати навбатии пардохт барои қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.8.12.Ҳангоми муваққатан вайрон шудани баҳисобгирӣ, ки на бо айби муштарӣ рӯй додааст, ҳисоббаробаркунӣ барои сарфи қувваи барқ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувва дар давраи ҳисоботии гузашта то пайдо шудани нодурустӣ ё дар давраи ояндаи баъди барқарор намудани баҳисобгирӣ бо қарори ташкилоти таъминкунандаи барқ гузаронида мешавад.

Давраи баҳисобгирӣ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувваи барқ набояд аз 1 моҳ зиёд бошад. Дар ин давра бояд баҳисобгирӣ барқарор карда шавад.

Агар кори баҳисобгирӣ бо сабабҳои объективӣ (набудани трансформатори ҷараён, ҳисобкунакҳои барқӣ, ногузар будани роҳ ва ғ.) дар мӯҳлати нишон додашуда барқарор шуда натавонад, он гоҳ тартиби ба ҳисоб гирифтани қувваи барқӣ ба муштарӣ додашуда ва мӯҳлати барқарор намудани баҳисобгирӣ бояд бо мувофиқаи дутарафа - муштарӣ ва ташкилоти таъминкунандаи барқ муқаррар карда шавад.

1.8.13. Дар ҳолатҳои бо айби муштарӣ вайрон шудани асбобҳои баҳисобгирӣ (канда шудани тамға, шикастани шиша ва ғ.), тағьир додани нақшаи ба кор андохтани асбобҳои баҳисобгирӣ ё дуздии қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки барқи муштариро аз шабака қатъ гардонад ва вазифадор аст, ки сарфи қувваи барқро аз рӯи бори воқеии ҳадди аксар ё иқтидори муқарраршудаи қабулкунандаҳои ҷараён ва миқдори соатҳои кори муштарӣ дар тамоми давра — аз рӯзи охири иваз кардани асбобҳои баҳисобгирӣ ё санҷиши нақшаи ба кор даровардани онҳо, вале на зиёдтар аз мӯҳлати даъво, бо истифодаи тарифи 2 карата барои миқдори умумии қувваи барқӣ аз рӯи баҳисобгирӣ муайяншуда аз нав ҳисоб намояд.

1.8.14.Ҳангоми аз бинои ишғолшуда ба ҷои дигар рафтан муштарӣ вазифадор аст, ки 7 рӯз пеш ба ташкилоти таъминкунандаи барқ дар ин бобат хабар диҳад ва то рӯзи рафтанаш ҳисобро барои қувваи барқ пурра баробар кунад.

Ташкилоти таъминкунанда баъд аз он ба ин объект додани барқро қатъ мекунад.

Ба расмият даровардани муштарии нав ва ба шабакаи барқ пайваст намудани дастгоҳҳои барқии вай бо тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.

1.9. ШАРТҲОИ ҚАТЪ КАРДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.9.1.Ба истифодакунандагон ҳамаи гурӯҳҳои тарифбандишаванда мувофиқи миқдори дар шартнома зикршуда қувваи барқ дода мешавад. Маҳдудиятҳо дар истифодаи барқ, инчунин иҷрои чорабиниҳои доир ба танзими ҷадвалҳои бори истифодакунандагон бо тартиби дар дастуруламалҳои махсус ва шартҳои дар шартнома нишон додашуда анҷом дода мешаванд.

1.9.2.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои зерин истифодакунандаро пешакӣ огоҳ карда, ба ӯ додани барқро пурра ва ё қисман қатъ намояд:

а) ҳолати ғайриқаноатбахши дастгоҳҳои барқии истифодакунанда, ки боиси рӯй додани садама, сӯхтор шуданаш ва ба ҳаёти коргарони хизматрасон, аҳолӣ ё ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ таҳдид карданаш мумкин аст ва аз тарафи истифодакунанда иҷро нагардидани талаботи ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар дастгоҳҳои барқӣ;

б) нисбат ба нақша ва меъёрҳои қиёсии муқарраршуда барзиёд сарф кардани қувваи барқ ё вайрон кардани низоми истифодаи барқ;

в) бе шартнома ва нақша (лимит) истифод№ 100 дани қувваи барқ;

г) истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ;

д) бе иҷозати махсуси ташкилоти таъминкунандаи барқ ба шабакаи истифодакунанда пайваст кардани қабулкунакҳои ҷараён;

е) бе ҳисобкунак, берун аз ҳисобкунак пайваст кардани қабулкунакҳои ҷараён ё вайрон кардани нақшаи баҳисобгирии барқ;

ж) набудани коргари хизматрасони дастгоҳҳои барқ;

з) бо айби истифодакунанда аз меъёр паст шудани нишондиҳандаи сифати барқ, ки фаъолияти мӯътадили дастгоҳҳои барқии ташкилоти таъминкунанда ва дигар истифодакунандагонро халалдор месозад;

и) барои ба назди дастгоҳҳои барқӣ ва асбобҳои баҳисобгирӣ даромадани шахси мансабдори назорати давлатии барқ монеъ шудан;

к) дар мӯҳлатҳои муқарраршуда напардохтани арзиши барқи истифодашуда;

л) ҳангоми тамоман кам шудани барқ (касри амиқ) дар системаи энергетикӣ.

1.9.3. Ташкилоти таъминкунандаи барқ бояд дар шартнома оид ба истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани таъминоти захиравӣ ҷиҳати иҷроӣ корҳои тармими дастгоҳҳо ва пайваст кардани истифодакунандагони нав аз рӯи нақша, миқдор ва давомнокии қатъи муштариёнро аз шабака бо ин мақсад зикр намояд.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки на камтар аз 5 рӯз пеш аз қатъи дарпешистодаи қувваи барқ истифодакунандгонро доир ба ин масъала огоҳ намояд ва рӯзу соати қатъкуниро бо онҳо мувофиқа намояд.

Агар истифодакунанда дар муддауи 3 рӯзи баъди гирифтани огоҳинома вақти қатъи барқро мувофиқа накунад, он гоҳ ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки худаш ин вақтро муайян намояд. Қатъи барқ дояд аз рӯи имкон дар вақти ғайриқории муштарӣ анҷом дода шавад. Муштарӣ бояд на дертар аз 24 соат пеш аз қатъ кардан дар ин бобат огоҳ карда шавад.

1.9.4.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо мақсади пешгирӣ ё рафъи садама тадбирҳои фаврӣ андешида, дастгоҳи барқии истифодакунандаро қатъ кунад ва баъдан сабаби қатъ карданро ба ӯ хабар диҳад.

1.9.5.Бо мақсади таъмини кори мӯътадили системаи энергетикӣ ҳангоми камбуди имконпазири иқтидор ё қувваи барқ ташкилотҳои таъминкунандаи барқ вазифадоранд, ки ҷадвали маҳдудият ё қатъи барқи истифодакунандагонро дошта бошанд ва онро дар мавриди зарурат амалӣ намоянд.

1.9.6.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» ҳақ доранд, ки аз истифодакунанда то нишондоди дар лимит ва шартнома муқарраршуда кам кардани борро талаб кунанд.

Талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» дар бораи то меъёри дар лимит муқарраршуда кам кардани бор бояд аз тарафи истифодакунанда бечунучаро ва фавран иҷро карда шавад.

Дар сурати иҷро нагардидани талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» оид ба кам кардани бор дар муддати 10 дақиқа ташкилоти таъминкунандаи барқ метавонад, ки баъд аз огоҳ кардан барқи истифодакунандаро қисман ва ё пурра аз шабака қатъ намояд.

Дар ҳолати камбуди қувваи барқ (касри амиқ) ташкилоти таъминкунанда ҳақ дорад, ки маҷбуран барқи истифодакунандаро пурра аз шабака қатъ намояд.

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 131)

1.9.1 ТАРТИБИ ҚАТЪ НАМУДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР КОРХОНАЮ МУАССИСАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ФАЪОЛИЯТИ МУНАЗЗАМАШОН МАХСУСАН МУҲИМ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025№ 131)

1.9.11. Корхона, муассиса ва ташкилоти дигари стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд инҳо мебошанд:

а) бинои Муассисаи давлатии маҷмааи «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бӯстонсаройҳо ва қароргоҳҳое, ки дар тавозуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;

б) иншооти ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Агентии таъминоти амволи махсус, инчунин қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;

в) муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои корхонаҳои истеҳсолии зертобеи онҳо);

г) иншооти мутамаркази обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳо;

ғ) биноҳои беморхонаҳои давлатӣ;

д) махфӣ;

е) биноҳо ва иншооти Хадамоти алоқа, ки бевосита барои таъмини алоқаи махсус истифода мешаванд.

1.9.12. Таъминоти қувваи барқ ба муштариёни дар зербанди а) банди 1.9.1№ 131 em;">1. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, ки бо ташкилоти таъминкунандаи барқ шартнома ба имзо расонида, бо таҷҳизоти зарурии баҳисобгирии истифодаи неруи барқ муҷаҳҳаз мебошанд, новобаста аз пардохт нагардидани маблағи истифодаи қувваи барқ, қатъ карда намешавад.

Дар сурати зиёда аз 2 (ду) моҳ ба таъхир афтодани пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи неруи барқ ба муштариёни дар зербандҳои б)-е) банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинигардида дар бораи уҳдадории молиявии пардохтнашуда, зарурати пардохт намудани он ва қатъ гардидани таъминоти неруи барқ, огоҳинома бо нишон додани муҳлати пардохт, ки он аз 10 (даҳ) рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад, ирсол менамояд. Огоҳинома тавассути мактуби расмӣ ба суроғаи муштарии қарздор ирсол ё шахсан ба намояндаи он бо гирифтани имзо ва нишон додани сана ва вақти қабули пардохти он, супорида мешавад.

Дар сурати имконнопазир гардидани пардохти маблағи қарзи истифодаи қувваи барқи батаъхирафтода дар муҳлати дар огоҳинома муқарраршуда, муштарии қарздор ҳуқуқ дорад бо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи тамдид намудани пардохти қарз ба муҳлати на зиёда аз 3 (се) моҳ ва ба қисмҳои баробар ҷудо намудани маблағи қарз бо пардохти ҳатмии маблағҳои ҷории ҳаққи истифодаи неруи барқ, шартнома ба имзо расонад. Дар сурати риоя накардани яке аз шартҳои шартнома вобаста ба пардохти қарзи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба муштарӣ огоҳиномаи иловагӣ пешниҳод карда, таъминоти қувваи барқро дар давоми 3 (се) рӯзи корӣ пас аз ирсоли огоҳиномаи иловагӣ, қатъ менамояд.

Дар сурати ба имзо нарасидани шартнома дар бораи тамдид намудани пардохти қарз, таъминоти қувваи барқ баъди гузаштани муҳлати дар огоҳинома зикршуда қатъ карда мешавад. Намояндаи ваколатдори ташкилоти таъминкунандаи барқ уҳдадор мешавад, ки дар ҳузури намояндаи муштарии қарздор, бо гузоштани муҳри махсус (пломба) ба ҳисобкунаки барқӣ таъминоти қувваи барқро қатъ намуда, вобаста ба он санади қатъ намудани қувваи барқро дар ду нусха тартиб диҳад. Як нусхаи санад дар ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нусхаи дуюм ба намояндаи муштарӣ супорида мешавад. Дар сурати аз ҷониби намояндаи муштарӣ даст кашидан аз имзогузорӣ дар санад, дар ин бора дар санад қайди махсус сабт карда мешавад.

Аз нав пайваст кардани муштарӣ ба низоми таъминоти неруи барқ дар давоми на зиёда аз 8 (ҳашт) соат пас аз пурра пардохт намудани маблағҳои қарзӣ сурат мегирад.

Ташкилоти таъминкундаи барқ ва муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинигардида уҳдадоранд, ки дар ҳамаи иншоотҳо ё нуқтаҳои истифодабарии неруи барқ таҷҳизоти муосири зеҳнии баҳисобгирии неруи барқ бо имкони гирифтани нишондодҳои нестшуда ва хомӯш намудани таъминоти барқ, инчунин таъмини бехатарии онҳоро насб ва таъмин намоянд.

Муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, уҳдадоранд, ки ҳамасола дурнамои истифодабарии неруи барқро барои ҳар се сол таҳия карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади банақшагирии маблағҳои зарурӣ, пешниҳод намоянд.

Дар иншоотҳои идоракунии фаврии танзимгарӣ, огоҳкунӣ, муҳофизавӣ, хабардиҳии нақлиёти роҳҳои оҳан, ҳавоӣ, инчунин низоми энергетикӣ бояд барои таъмини муназзами қувваи барқ манбаъҳои иловагии таъмини қувваи барқро дошта бошанд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағи истифодаи неруи барқи муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишударо, ки бевосита аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои ҳар соли молиявии дахлдор пешбинигашта, бо пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла суратҳисоби муштарӣ бо нишон додани рақами таҷҳизоти баҳисобгирандаи истифодаи неруи барқ, ба истиснои ҳолатҳои тибқи тавоноии таҷҳизоти насбгашта ҳисобшуда, таъмин менамояд.

Вазорату идораҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, уҳдадоранд пардохти маблағи истифодаи қувваи барқро дар муҳлати дар шартнома муқарраршуда, таъмин намоянд.

Мақомоти назоратию санҷишӣ, ҳангоми анҷом додани корҳои назоратию санҷишӣ ба масъалаҳои вобаста ба пардохт гардидани маблағи истифодаи қувваи барқ аз ҷониби муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, инчунин ташкилоти дигаре, ки қувваи барқро истифода намуда, пардохти маблағи истифодаи онро таъмин накардаанд, диққати махсус зоҳир намуда, бо истифода аз механизмҳои дахлдори қонунгузорӣ назорат ва пардохти саривақтии маблағи қувваи барқи истифодашударо таъмин менамоянд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» уҳдадор аст иҷрои уҳдадориҳои молиявии худро аз рӯйи созишномаҳои зерқарзие, ки аз уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар муҳлати муқарраргардида барои аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт гардидани маблағи истифодаи қувваи барқи муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 131).

1.10 МАСЪУЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.10.1.Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ барои бо барқ таъмин накардани эҳтиёҷоти истеҳсолии истифодакунанда, дар сурате ки барқ бо сабаби нарасидани об ва нарасидани сӯзишворӣ дар истгоҳи барқӣ ё бо сабаби аз тарафи блок-станцияҳо ба шабакаи ноҳиявии барқ дода нашудани барқ ба вуҷуд омада бошад, ба андозаи 2 каратаи арзиши тарифии барқи доданашуда ҷарима медиҳад.

Барои ба истифодакунандагони харидафурӯш надодани барқ ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ба андозае, ки онҳо ба истифодакунандагонашон товон медиҳанд, вале на зиёда аз миқдори дар ҳамин параграф зикршуда, ҷарима месупорад.

Эзоҳ: Инҳо омилҳои бо сӯзишворӣ таъмин накардан ҳисобида мешаванд: мувофиқи лимит таъмин накардани сӯзишворӣ аз тарафи молрасонҳо ба пуррагӣ интиқол надодани сӯзишворӣ бо нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти обӣ, таъмин накардани миқдори зарурии газ ва номувофиқатӣ дар байни нақша ва таъмини воқеии талабот ба сӯзишвории шартӣ, ки бо сабаби овардани сӯзишвории пастсифат ба миён омадааст.

Арзиши тарифии 1 кВт. соат барқи доданашуда чунин ҳисоб карда мешавад: ҳангоми ҳисобу китоб кардан аз рӯи тарифи дуставкагӣ пардохти иловагие, ки дар шартнома дарҷ шудааст (ғайр аз пардохти асосӣ), аз рӯи тарифи якставкагӣ бошад, - бо тарифи якставкагӣ.

1.10.2. Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ барои пурра надодани қувваи барқ бо сабабҳои зерин дар назди истифодакунандагон масъулияти моддӣ надорад:

а) офатҳои табиат сӯхтор, обхезӣ, раъду барқ - ҳангоме, ки дар шабакаҳои барқӣ воситаҳои ҳифозат аз раъду барқ мавҷуд бошанд, инчунин тармафароӣ, камобӣ ва ғ.;

б) амали нодурусти коргари истифодакунанда ё шахсони бегона (нодуруст ба кор даровардан, қатъ ва пайваст кардан, ба симҳои хатти ҳавоӣ партофтани ягон чиз, вайроншавии механикии хатҳои кабелӣ, ҳавоӣ ва ғ.);

в) дар асоси шартҳои маҳдудкунӣ ё қатъи барқи истифодакунандагон, ки дар банди 1.9.2. пешбинӣ шудаанд;

г) иҷрои корҳои дар б. 1.9.3. пешбинишуда;

д) мувофиқат надоштани нақшаи берунии таъминоти барқи категорияи истифодакунандагон;

е) бо сабабҳои объективие, ки бинобар мавҷуд набудани захираҳои моддию техникӣ дар лаҳзаи додани қувваи барқ ба миён омадаанд.

1.10.3.Бо айби ташкилоти таъминкунандаи барқ, мувофиқи нишондоди шартнома таъмин карда натавонистани истифодакунанда бо қувваи барқ ҳамчун фарқи байни ҳаҷми дар шартнома зикршуда ва истифодаи воқеии барқ дар ҳамон шабонарӯзҳое, ки барқ пурра дода нашудааст, муайян карда мешавад. Дар дигар ҳолатҳо — ҳамчун фарқи байни ҳисоби миёнаи шабонарӯзии истифодаи барқ дар 3 шабонарӯзи охири пеш аз маҳдудияти додани барқ ва истифодаи воқеии он дар ҳамон шабонарӯзҳо муайян карда мешавад.

1.10.4.Ташкилоти таъминкунандаи барқ аризаи истифодакунандаро дар бораи кам кардани барқ баррасӣ намуда, мутобиқи ҳамин Қоидаҳо дар муддати на дертар аз 10 рӯзи баъди гирифдани аризаи истифодакунанда ҷарима месупорад.

1.10.5.Вақти кам кардани истифодаи барқ ва сабаби кам додани барқ аз рӯи ҳуҷҷатҳои оперативии ташкилоти таъминкунандаи барқ муайян карда мешавад.

1.10.6.Агар истифодакунанда дар иҷрои «Қоидаҳои истифодабарии техникии дастгоҳҳои барқии истифодакунанда», «Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқии истифодакунанда» ба камбудӣ роҳ дода бошад ё бо айби ӯ дастгоҳҳои барқӣ ба садама дучор шуда бошанд ва бо ин сабаб ба дигар истифодакунандагон қувваи барқ пурра дода нашуда бошад, он гоҳ истифодакунандаи барои надодани барқ айбдор ба андозаи маблағе, ки дигар истифодакунандагон ба ташкилоти таъминкунандаи барқ додаанд, ҷавобгарии моддӣ дорад.

1.10.7.Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқ андозаи нишондиҳандаҳои сифатии қувваи барқро, ки риояи талаботи стандартҳои давлатиро таъмин менамоянд, нигоҳ дорад.

1.10.8.Нишондиҳандаҳои сифатии қувваи барқ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаҳои барқии ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунанда тибқи стандартҳои давлатӣ муайян карда мешаванд.

1.10.9.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунанда вазифадоранд, ки сифати қувваи барқро дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаҳои барқӣ доим, давра ба давра (2-4 маротиба дар як сол) ё гоҳ-гоҳ назорат намоянд.

1.10.10.Вақти кор бо басомади паст аз рӯи басомадсанҷи бақайдгирандаи истгоҳи барқӣ ё нуқтаи диспетчерии системаи энергетикӣ муайян карда мешавад.

Миқдори қувваи барқи бо басомади паст додашуда аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии барқ дар давраи ҳисоббаробаркунӣ муайян карда мешавад.

1.10.11.Тарафе, ки дар паст шудани нишондиҳандаҳои сифатии қувваи барқ (ғайр аз басомад) ва вақти кор бо қувваи пастсифати барқ (бо фоиз нисбат ба давомнокии андозагирӣ) айбдор аст, аз рӯи натиҷаҳои андозагирӣ тавассути асбобҳои оморӣ ва бақайдгирӣ муайян карда мешавад.

Натиҷаҳои андозагирӣ бо акте, ки аз тарафи намояндагони ташкилоти таъминкунандаи барқ, истифодакунанда ва мақоми назорати давлатии барқ тартиб дода шудааст, барасмият дароварда мешавад.

1.10.12.Миқдори қувваи барқи пастсифат аз рӯи сарфи қувваи барқ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии истифодакунанда барои ҳар як давраи ҳисобӣ (то гузаронидани андозагирии навбатии нишондиҳандаҳои сифатӣ) ва фоизи вақти кори бо қувваи барқи пастсифат, ки дар давраи андозагирӣ ошкор гардида, дар акти бо б.1.10.11. пешбинишуда ба қайд гирифта шудааст, муайян карда мешавад.

1.10.13.Дар сурати барои эҳтиёҷоти истеҳсолии истифодакунанда бо айби ташкилоти таъминкунандаи барқ дода шудани барқи пастсифат (дар як вақт аз рӯи як ё якчанд нишондиҳанда) ташкилоти мазкур ба истифодакунанда ба андозаи 25% арзиши барқи бо сифати паст додашуда ҷарима месупорад.

1.10.14.Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ барои додани барқи пастсифат дар шабонарӯзҳое, ки дар давоми онҳо истифодакунанда низоми муқарраршудаи истифодаи барқро риоя накардааст, супориши ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи ҳаҷми қобили қабули иқтидори реактивии аз шабакаи системаи энергетикӣ таъминшаванда ва низоми кори дастгоҳҳои ҷубронкунандаро иҷро накардааст, дар назди истифодакунанда масъулияти моддӣ надорад.

1.10.15.Бо пардохтани арзиши 2 ё 10-каратаи барқи барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ доданашуда (б.1.10.1) ва 25% арзиши қувваи барқи барои ин корҳо додашудаи пастсифат, ки хилофи нишондиҳандаҳои дар шартнома зикршуда мебошад, масъулияти моддии ташкилоти таъминкунандаи барқ дар назди истифодакунанда ба охир мерасад.

1.11. МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛА БО ИСТИФОДАКУНАНДАГОНЕ, КИ БЛОК—СТАНЦИЯ ДОРАНД

1.11.1. Истгоҳҳои барқии истифодакунандагони саноатӣ ва дигар истифодакунандагоне, ки бевосита ё ба воситаи шабакаи муштариён ба шабакаи системаи энергетикӣ пайваста карда шудаанд, блок-станцияҳое мебошанд, ки вазифадоранд ба идораи ягонаи оперативию диспетчерии ташкилоти таъминкунандаи барқ итоат кунанд.

Нақшаи солонаи истеҳсолии блок-станцияҳо (дар маҷмӯъ) ва нақшаи солонаи аз тарафи блок-станцияҳо ба системаи энергетикӣ дода шудани қувваи барқ (дар маҷмӯъ) аз тарафи вазорате (муассисае), ки истифодакунанда дар ихтиёри он қарор дорад, тасдиқ карда мешавад.

Нақшаҳои семоҳа ва моҳонаи истеҳсоли қувваи барқ бо ташкилоти таъминкунандаи барқ мувофиқа карда шуда, аз тарафи вазорате (муассисае) ки блок-станцияи мазкур дар ихтиёри он қарор дорад, тасдиқ карда мешаванд. Нақшаи мувофиқа ва тасдиқшудаи истеҳсоли қувваи барқ дар блок-станцияҳо ба ташкилоти таъминкунандаи барқ хабар дода мешавад.

Ба шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ додани қувваи барқи блок-станцияҳо тибқи нақшаи муқарраршудаи ба системаи энергетикӣ додани қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.11.2.Хадамоти диспетчерии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мутобиқи нақшаи моҳонаи тасдиқшуда ба блок-станция барои ҳар як шабонарӯз ҷадвали бор ва ба системаи энергетикӣ додани қувваи барқро медиҳад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки ҳангоми тартиб додани нақшаҳои истеҳсолии қувваи барқ ва ҷадвалҳои диспетчерӣ таъмини пурраи бори блокстанцияҳоеро, ки бо гази кӯраӣ ва кокс, партовҳои маҳаллии сӯзишворӣ ё навъҳои сӯзишворие, ки камёфт нестанд, кор мекунанд, таъмин намояд.

Ҳангоми аз меъёри дар ҷадвали диспетчерӣ муқарраргардида кам шудани бори блок_станция ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки иқтидорро ба андозаи камшудаи бори блок-станцияи корхонаи саноатӣ, ки блок-станцияи мазкур дар ихтиёри он қарор дорад, ғайр аз ҳолатҳое, ки кам шудани бори блок-станцияҳо бо сабабҳои дар банди 1.11.10 зикршуда рӯй додааст, маҳдуд намояд.

1.11.3. Ба ҳисоб гирифтани қувваи барқи фаъол ва иқтидори реактивӣ, ки ба шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ дода мешаванд, инчунин аз ташкилоти таъминкунандаи барқ гирифта мешаванд, ба воситаи ҳисобкунакҳои барқие, ки ҳаракати баръакс надоранд, анҷом дода мешавад.

Ин ҳисобкунакҳо барои истифодаи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дода мешаванд.

Кам шудани барқ дар трансформаторҳои баландкунанда, ки ҷузъи блок-станция мебошанд, чи ҳангоми ба шабакаи ноҳиявӣ додани барқ ва чи ҳангоми аз ташкилоти таъминкунандаи барқ гирифтани қувва ба ҳисоби блок-станция мансуб дониста мешавад.

1.11.4.Дар ҳолате ки истифодакунанда блок-станция дошта, қувваи барқро, ба шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ медиҳад ва барқро аз ин ташкилот мегирад, ҳисобу китоби байни онҳо аз ҳисоби миқдори бақияи (сальдои) қувваи барқ дар давраи ҳисоббаробаркунӣ сурат мегирад.

Эзоҳ: Истифода бурда шудани қувваи барқ аз тарафи объектҳое, ки аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ бо блок-станция алоқаманд нестанд, яъне онҳое, ки қувваи барқро бевосита аз системаи энергетикӣ мегиранд, ба миқдори бақияи қувваи барқ дохил намешаванд.

1.11.5. Дар ҳолате ки миқдори барқи аз блок-станцияи худ ба ташкилоти таъминкунандаи барқ додаи истифодакунанда аз миқдори барқи аз ташкилоти таъминкунанда гирифтааш зиёд аст, миқдори бақияи қувваи барқ мувофиқи тарифи ҳисоббаробаркунӣ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ пардохта мешавад.

Бо мувофиқи Ширкати давлатии саҳҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» ва вазоратҳое (муассисаҳо), ки дар тобеияти худ блок-станция доранд, барои қувваи барқи аз блок-станцияҳо ба шабакаи системаи энергетикӣ додашаванда тарифҳои ҳисоббаробаркунӣ муқаррар карда мешаванд.

Агар миқдори барқи ба шабақаи ташкилоти таъминкунандаи барқ аз ҳисоби блок-станцияи худ додаи истифодакунанда аз миқдори барқи аз ин ташкилот гирифтааш камтар бошад, он гоҳ истифодакунанда барои миқдори роррржржр барои гурӯҳи дахлдори истифодакунандагон муқаррар шудааст, музд мепардозад.

Агар истифодакунандае (муштарие), ки блок-станция дорад, қувваи барқро ба муштариёни фаръие, ки ба шабакаи ӯ пайваст шудаанд (маҳалли истиқоматӣ, истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони ба онҳо баробар), диҳад, ҳисоббаробаркунӣ барои миқдори бақияи қувваи барқи додашуда аз рӯи тарифҳои нархномаи барои гурӯҳи дахлдори истифодакунандагон муқарраршуда анҷом дода мешавад.

Дар ин ҳолат миқдори бақияи қувваи барқ дар байни гурӯҳҳои истифодакунандагон (муштариёни фаръӣ) муносибан бо ҳиссаи онҳо дар истифодаи маҷмӯии барқ бо тарҳи хароҷот барои эҳтиёҷоти блок-станция тақсим карда мешавад.

1.11.6.Ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқи аз блок-станция ба шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ додашуда як дафъа дар давраи ҳисоботӣ анҷом дода мешавад.

1.11.7.Блок-станция ба ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ба шабакаи он кам додани қувваи барқ, ки бо сабаби набудани сӯзишворӣ дар блокстанция ба вуҷуд омадааст, ба андозаи 2-каратаи арзиши тарифии қувваи барқи доданашуда ва дар ҳолати бо сабабҳои дигар кам додани қувваи барқ ба андозаи 8-каратаи арзиши тарифӣ ҷарима месупорад.

1.11.8.Барои дар доираи плани моҳонаи тасдиқшудаи додани барқ ба системаи энергетикӣ рад кардани қабули қувваи барқ аз блок-станция ташкилоти таъминкунандаи барқ дар назди истифодакунандае, ки блок-станция дорад, барои миқдори истифоданашудаи қувваи барқ бо тартиби зерин масъулияти моддӣ дорад: ба андозаи 8-каратаи арзиши аслии қувваи барқ дар ҳолате, ки истифода нашудани барқ бо сабаби ба садама дучор шудани хоҷагии барқи ташкилоти таъминкунанда (бо айби коргари ин ташкилот) рӯй дода бошад; ба андозаи арзиши аслии қувваи барқи блок-станция дар соли ҷорӣ, агар арзиши аслии қувваи барқи блок-станция аз арзиши аслии қувваи барқи ташкилоти таъминкунандаи барқ камтар бошад.

1.11.9.Бо айби блок-станция ба шабакаи ноҳиявӣ дода нашудани қувваи барқ бо фарқияти байни ҷадвали додашудаи шабонарӯзӣ ва ҷадвали воқеии ба шабака додани қувваи барқ муайян карда мешавад.

Агар ҳаҷми умумии ҷадвалҳои шабонарӯзии истеҳсоли қувваи барқ дар давоми як моҳ, ки аз тарафи хадамоти диспетчерии ташкилоти таъминкунандаи барқ муқаррар шудааст, аз нақшаи моҳонаи муқарраршуда зиёд набошад, он гоҳ блок-станция барои ба шабакаи ноҳиявӣ ҳар шабонарӯзи надодани қувваи барқ дар назди ташкилоти таъминкунандаи барқ масъулияти моддӣ дорад.

Дар ҳолате, ки ҳаҷми умумии ҷадвалҳои шабонарӯзии аз тарафи хадамоти диспетчерии ташкилоти таъминкунандаи барқ барои истеҳсоли қувваи барқ дар як моҳ аз нақшаи моҳонаи муқарраршудаи истеҳсоли қувваи барқ зиёд бошад, он гоҳ блок-станция барои ба шабакаи ноҳиявӣ пурра надодани барқ дар назди ташкилоти таъминкунандаи барқ танҳо дар доираи нақшаи моҳона масъулияти моддӣ дорад.

Дар ин ҳолат миқдори дода нашудаи барқ на барои ҳар шабонарӯз, балки барои як моҳ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад.

1.11.10.Блокстанция барои қатъи муваққатии қувваи барқ, ки бо сабаби офатҳои табиат (сӯхтор, обхезӣ, раъду барқ - ҳангоме, ки дар шабакаҳои барқӣ воситаҳои ҳифозатӣ аз раъду барқ мавҷуд бошанд, яхбандӣ, тӯфон, тармафароӣ ва ғайра), инчунин бо айби ашхоси бегона ба болои симҳо партофтани ҳар гуна ашьё, аз кор баровардани кабельҳо ва ғ.) ба амал омадааст, ҷавобгар нест.

1.11.11.Истифодакунандагоне, ки қувваи барқро ба воситаи шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ аз истгоҳҳои барқии ҷудогона (маҳдуд) амалкунандаи дигар вазоратҳо (идораҳо) мегиранд, аз рӯи тарифи барои истгоҳҳои мазкур муқарраршуда мувофиқи нархномаи № 09-01 ҳисобро бо ташкилоти таъминкунандаи барқ баробар мекунанд.

Ташкилотҳои таъминкунандаи барқ аз истгоҳҳои барқии ба таври маҳдуд амалкунанда қувваи барқро аз рӯи тарифҳои мувофиқашудаи бо Ширкати давлатии саҳҳомию ҳолдингии «Барқи Тоҷиқ» ва вазорате (идорае), ки истгоҳи мазкур дар тобеияти он қарор дорад, мехаранд.

Масъулият барои пурра надодани қувваи барқ аз истгоҳи ташкилоти таъминкунандаи барқ ва масъулияти ташкилоти мазкур дар назди муштариёне, ки ба шабакаи он пайваст шудаанд, дар ҳамин Қоидаҳо дарҷ мегардад.

2. Истифодаи қувваи барқ аз тарафи истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунондагони бо онҳо баробаркардашуда

2.1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Ба истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда инҳо дохил мешаванд:

- иттиҳодияҳо, корхонаҳои саноатӣ (заводҳо, аз ҷумла заводҳои таъмир, инчунии заводҳои таҷрибавии ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, комбинатҳо, фабрикаҳо, шахтаҳо, конҳои маъдан, санг, нафт, газ, дастгоҳҳои пармакунӣ ва ғайра), ки бо ҳисоби хоҷагӣ фаъолият мекунанд;

- устохонаҳои истеҳсолӣ, матбааҳо, яхчолҳо, базаҳои истеҳсолӣ ва таъмир, ғайр аз корхонаҳои истеҳсолии совхозу колхозҳо ва корхонаҳои саноатии байниколхозӣ;

- ташкилотҳои ҳисоби хоҷагии сохтмон, ки бевосита корҳои сохтмон ва таъмирро анҷом медиҳанд, аз ҷумла объектҳои нақлиётӣ ва ёрирасон, ки хизмати сохтмони мазкурро иҷро мекунанд, ғайр аз ташкилотҳои сохтмони совхозҳо, колхозҳо ва ташкилотҳои сохтмони байниколхозӣ;

- корхонаҳои роҳи оҳан, нақлиёти обӣ, автомобилӣ, ҳавоӣ, хатти қубурҳо ва нақлиёти шаҳрӣ (заводҳои таъмир ва ғайра, депоҳои роҳи оҳан, трамвай, троллейбусҳо ва паркҳо, объектҳои тақсимкунандаи нақлиёт, бандарҳои баҳрӣ ва дарьёӣ, базаҳо ва нуқтаҳои интиқол, базаҳои автомобилӣ, хатҳои интиқоли нафт, хатҳои магистралии интиқоли газ, қубурҳои обгузар бо истгоҳҳои насосии обкашӣ ва ғ.);

- ташкилоту корхонаҳои таъминоти моддию техникӣ ва захиракунӣ (анборҳо, элеваторҳо, базаҳо, аз ҷумла базаҳои интиқол, нуқтаҳои гуногуни қабул, объектҳои тақсим ва захиракунӣ ва ғ.);

- заводҳои таъмирию механикӣ ва дигар корхонаҳои саноатии ташкилотҳои таъминоти соҳаи кишоварзӣ;

- корхонаҳои алоқа (радиостанцияҳо, марказҳои телевизион, истгоҳи пахши мавҷҳо, станция ва узелҳои телефон ва телеграф, почтамт ва ғ.);

- корхонаҳои хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ (истгоҳҳои насосӣ, қубурҳои интиқоли об, коллекторҳо ва таҷҳизотҳои бадрафт (канализация), станцияҳои алоҳидаи обкашӣ, дегхонаҳои ноҳиявӣ ва касабаҳо, фабрикаҳои ҷомашӯӣ, хушкашӯӣ, коркарди партовҳо ва ғ.).

ЭЗОҲ: Корхонаҳои саноатие, ки ба ҳайати иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ дохиланд, арзиши барқи сарфкардаашонро аз рӯи тарифҳое, ки барои истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда муқаррар гардидаанд, мепардозанд. Ташкилотҳои илмию тадқиқотии иттиҳодияҳои мазкур арзиши барқи истифодашударо мувофиқи тарифҳои барои истифодакунандагони ғайрисаноатӣ муқарраргардида месупоранд.

2.2. ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

2.2.1.Истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда, ки иқтидори пайвасташавии онҳо то 1000 кВА ва иқтидори дархосткардаашон то 800 кВТ-ро ташкил медиҳад, арзиши барқи сарфшударо аз рӯи тарифи якставкагӣ мепардозанд.

2.2.2.Истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда бо иқдидори пайвастшавии 1000 кВА ва аз ин зиёд, ки бори шартномавиашон на камтар аз 800 кВА-ро ташкил медиҳанд, арзиши қувваи барқи сарфшударо аз рӯи тарифи дуставкагӣ месупоранд.

ЭЗОҲ: 

таҳти бор қарор додани трансформаторҳо ва ихтисори кам шудани қувва дар шабақаҳои барқӣ мегардад.

2.2.3 Тарифи дуставкагӣ пардохти солонаи 1 киловатт (кВТ) иқтидори ҳадди аксари дархосткардаи истифодакунандаро, ки дар бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ (ставкаи асосӣ) иштирок дорад, дарбар мегирад ва пардохт барои 1 киловатт соат (кВТ соат) қувваи барқи фаъоли ба истифодакунанда додашуда (ставкаи иловагӣ)-ро дарбар мегирад.

Иқтидори дархостшуда маънии иқтидори аз ҳама зиёди нимсоатаи қувваи барқро, ки ба давраи бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ рост омада, барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ (тибқи б.2.2.4. Қоидаҳо) сарф мегардад, аз ҷумла иқтидори муштариёни фаръии тарифи дуставкагиро ифода мекунад.

2.2.4.Аз рӯи тарифи дуставкагӣ қувваи барқе, ки истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ рӯшноӣ ва дигар заруратҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ (вале вобаста бо истеҳсолот), биноҳо: цехҳо, идораи завод, ташкилотҳои ҷамъиятии фабрика ва заводҳо, анборҳо, гаражҳо ва ғ., инчунин роҳҳои фаръии оҳани худӣ ва ҳудуди корхонаҳо, нақлиёти барқии саноатӣ (нақлиёти дохили завод, шахта, кон ва ғ.) истифода мебаранд, пардохта мешавад.

2.2.5.Ҳисоббаробаркунӣ бо истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда барои қувваи барқе, ки ҷиҳати равшанкунӣ ва дигар эҳтиёҷоти бино ва хонаҳои бо истеҳсолот алоқанадошта (шаҳракҳои аҳолинишин, хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ, хобгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хонаҳо барои одамони омада, кинотеатрҳо, клубҳо, кохҳои фарҳанг, беморхонаҳо, поликлиникаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, ошхонаҳо, боғчаҳои бачагона, шир хоргоҳҳо ва ғ.) истифода шудааст, аз рӯи тарифи якставкагии бо нархномаи барои гурӯҳҳои дахлдори истифодакунандагон муқарраршуда анҷом дода мешавад.

2.2.6.Агар цехҳои алоҳида ё объектҳои алоҳида аз корхона ҷудо ҷойгир шуда ва бо онҳо шабакаи умумии тақсимкунанда надошта бошанд, он гоҳ ҳисоббаробаркунӣ бо чунин цехҳо ё дигар объектҳои алоҳида аз рӯи тарифи барои ин гуна истифодакунандагон муқарраршуда, сарфи назар аз тарифе, ки дар ҳисоббаробаркунӣ бо худи корхона истифода мешавад, анҷом дода мешавад.

2.2.7.Нақлиёти барқии шаҳрӣ - троллейбус арзиши қувваи барқеро, ки барои ҳаракат (аз ҷумла равшанкунӣ ва эҳтиёҷоти станцияҳои ёрирасони кашанда) сарф мешавад, аз рӯи тарифи якставкагӣ мепардозад.

Қувваи барқи барои эҳтиёҷоти дигари нақлиёти барқии шаҳри сарфшуда (паркҳо, депоҳо ва ғ.) аз рӯи тарифи гурӯҳҳои дахлдори истифодакунандагон пардохта мешавад.

2.2.8.Иқтидори дархостнамудаи истифодакунанда, ки дар бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ ширкат мекунад, дар шартнома моҳ ба моҳ зикр шуда, давра ба давра аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ аз рӯи бори миёнаи ҳадди аксари нимсоатаи истифодакунанда, ки дар асоси нишондиҳандаҳои асбобҳои баҳисобгирӣ муайян мегардад, назорат карда мешавад.

2.2.9.Фоизи зиёд шудани иқтидори дархостнамудаи истифодакунанда (дар муқоиса бо соли гузашта) набояд аз фоизи афзоиши истифодаи барқ аз тарафи истифодакунандаи мазкур зиёд бошад.

2.2.10.Бо дарназардошти бори дар шартнома барои ҳар моҳ зикршуда андозаи пардохти асосии солонаи истифодакунанда муқаррар мегардад, ки он дар шартнома нишон дода мешавад.

2.2.11.Барои истифодакунандагоне, ки корашон хислати мавсимӣ дорад, маблағи умумии пардохт барои давраи дахлдори кор бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ муқаррар гардида, бо тақсимоти ҳармоҳа дар шартнома қайд карда мешавад.

2.2.12.Вақти назорат аз болои бори воқеии истифодакунанда дар давраи бори ҳадди аксар мувофиқи семоҳаҳо аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ муқаррар карда шуда, дар шартнома зикр мегардад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки аз болои бори истифодакунанда дар соатҳои кори пагоҳӣ ё бегоҳӣ ё пагоҳӣ ва бегоҳии бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ назорат муқаррар кунад.

Давраҳои назоратӣ набояд: аз октябрь то март – пагоҳӣ - 2 с., бегоҳӣ - 4 с., аз апрель то сентябрь пагоҳӣ - 2 с., бегоҳӣ – 3 с. бештар бошанд.

2.2.13.Дар ҳолати дар соатҳои бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ нисбат ба нишондоди шартнома баланд будани бори воқеӣ истифодакунанда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ба андозаи 10 каратаи арзиши тарифии муқарраркардаи бо нархнома муқаррашудаи пардохт барои 1 кВт-ро барои иқтидори нисбат ба нишондоди дархостшуда ва дар шартнома зикршуда, ки барзиёд истифода шудааст, ҷарима месупорад.

2.2.14.Дар ҳолати мувофиқи директива кам кардани иқтидори дар шартнома зикршуда, ки бо сабаби камбудӣ қувва ба амал омадааст, ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бояд андозаи пардохти истифодакунандаро барои давраи кам кардани он, агар истифодакунанда истифодаи барқро нисбат ба нишондоди шартнома зиёд накунад, паст фарорад.

Агар истифодакунанда худсарона барқро аз бори ҳадди аксари муқарраршуда барзиёд истифода кунад, пардохти асосӣ барои бори воқеии ҳадди аксар, вале на камтар аз андозаи дар ибтидо дар шартнома зикршуда, ситонида мешавад.

2.2.15.Агар муштарие, ки арзиши барқро аз рӯи тарифи дуставкагӣ месупорад, як қисми барқро ба муштариёни фаръии гурӯҳҳои тарифии «Аҳолӣ» ва «Истифодакунандагони истеҳсолии хоҷагии қишлоқ» дода бошад, он гоҳ вай барои ҳамон иқтидори камшудаи муштариёни фаръӣ, ки дар соатҳои бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ истифода кардааст, ба ташкилоти таъминкунандаи барқ музд мепардозад.

Ин тартиб ба муштариёни фаръии гурӯҳи «Саноат» бо иқтидори пайвастшудаи то 1000 кВА татбиқ намегардад ва онҳо ба муштарӣ барои барқи истифодашуда аз рӯи нархи шартномавӣ, ки хароҷоти истифодабариро ба ҳисоб мегирад, музд мепардозанд.

2.2.16.Агар истифодакунанда хоҳиши кам ва ё зиёд кардани иқтидори пардохташавандаи дар шартнома зикргардидаро дошта бошад, он гоҳ вай як моҳ пеш аз мӯҳлати пешбинишавандаи кам ё зиёд кардани иқтидор ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ариза пешниҳод мекунад.

Аризаи истифодакунанда дар бораи кам кардани иқтидори пардохташаванда ҳангоми ҳисобу китоби пардохти асосӣ, ба шарте, ки ин камкунӣ камтар аз 3 моҳ давом накунад, ба назар гирифта мешавад.

2.2.17.Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд хатти таъминоти бори ҳисобишаванда бори ҳалли аксари якҷояшудаи 30-дақиқагии истифодакунанда дар соатҳои бори ҳадди аксари шабонарӯзии системаи энергетикӣ ҳамчун бори ҳисоббаробаркунӣ қабул қарда мешавад.

2.2.18.Назорат аз болои бори воқеии якҷояшудаи нимсоата бояд аз рӯи ҳисобкунакҳои бақайдгирандаи бори ҳадди аксари 30-дақиқагии истифодакунанда дар соатҳои бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ анҷом дода шавад.

Ҳангоми ду ё аз он зиёд будани ин гуна ҳисобкунакҳо бояд асбоби махсуси ҷамъкунандаи бор ё системаи автоматии назорат ва баҳисобгирии қувваи барқ насб карда шавад.

Дар сурати мавҷуд набудани асбоби ҷамъкунанда бори ҳадди аксари якҷояшудаи истифодакунанда метавонад бо роҳи зарби маҷмӯи бори ҳадди аксари вақтҳои гуногун, ки тавассути унсурҳои бақайдгирандаи ҳисобкунакҳои барқии хатҳои алоҳидаи таъминотӣ ҳисоб карда шудааст, ба коэффициенти яквақтаи бори дар шартнома зикршуда муайян карда шавад.

Дар сурати мавҷуд набудани ҳисобкунакҳои барқии бақайдгирандаи бори ҳадди аксари назорати даврӣ аз болои бори воқеии истифодакунанда метавонад дар соатҳои бори ҳадди аксари шабонарӯзии системаи энергетикӣ аз рӯи қайди 30-дақиқагии нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои муқаррарии барқӣ ҷорӣ гардад.

Барои назорати бори истифодакунанда дар соатҳои бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ ҳамчунин метавонанд, ваттметрҳо ва амперметрҳои дараҷаи дахлдори дақиқ бо ақрабаки бақайдгирандаи нишондиҳандаҳои ҳадди аксари ин асбобҳо истифода шаванд.

Усул ва шартҳои назорат бо асбобҳои зикршуда, ки ба воситаи онҳо назорат ҷорӣ карда мешавад, бояд дар шартнома оид ба истифодаи қувваи барқ дарҷ шуда бошанд.

Ҳангоми таъминоти дастгоҳҳои барқии истифодакунанда аз ҳисоби истгоҳи барқии худӣ ва аз шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ назорати бори воқеии истифодакунанда ба воситаи асбобҳои баҳисобгирӣ, ки барои ҳисоббаробаркунии истифодакунанда бо ташкилоти таъминкунандаи барқ таъин шудаанд, ҷорӣ карда мешавад.

2.2.19.Дар ҳолате, ки мувофиқи шартҳои ҷобаҷо кардани цехҳои корхона ва нақшаи таъминоти онҳо бо қувваи барқ, пурра муайян кардани бори ҳадди аксари якҷояи сорхона ғайриимкон аст, ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи иқтидори дархостшуда мувофиқи манбаъҳои алоҳидаи таъминоти истифодакунанда гузаронида мешавад.

2.2.20.Дар ҳолати худсарона берун аз асбобҳои баҳисобгирӣ пайваст намудани иқтидор ташкилоти таъминкунандаи барқ ба таври иловагӣ аз истифодакунанда барои сарфи қувваи барқ аз рӯи пайвастайи берун аз асбобҳои баҳисобгирии иқтидор барои ҳамаи давраи истифодашуда аз рӯи санҷиши охирини техникии дастгоҳҳои барқӣ (бо тартиби мӯҳлати даъво) ба андозаи 10-каратаи арзиши тарифӣ мувофиқи тарифи муқарраршуда барои 1 кВт. с. - барои корхонаҳои тарифи якставкагӣ ва мувофиқи тарифи миёнаи додани барқ (бо дарназардошти ставкаҳои асосӣ ва иловагӣ) барои корхонаҳои тарифи дуставкагӣ бо тартиби бечунуҷаро ҷарима меситонад.

Пардохти ҷарима ба истифодакунанда ҳуқуқ намедиҳад, ки оянда бе иҷозати дахлдори ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ин иқтидорро истифода барад.

2.2.21.Музди 1 кВт. с. барои ба истифодакунанда додани қувваи барқи фаъол, ки бо ҳисобкунаки ҳисоббаробаркунӣ дар тарафи иқтидори аввалини трансформатори асосии муштарӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, муқаррар мегардад.

Агар ҳисобкунак дар тарафи шиддати дуюм, яъне баъди трансформатори асосии муштарӣ насб шуда бошад, оп гоҳ пардохти 1 кВт.с.-и дар нархнома зикршуда барои ба истифодакунанда додани қувваи барқ ҳангоми ҳисобу китоб бо истифодакунанда ба коэффициенти 1,025 зарб зада мешавад.

Дар ҳолати насби ҳисобкунаки барқии ҳисоббаробаркунӣ баъд аз трансформатори асосии муштарӣ кам шудани қувваи барқ аз ҳудуди тобеияти балансии шабакаи баркӣ то ҷои насби ҳисобкунак бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ муайян карда шуда, бо барқи фоиданоки ба истифодакунанда додашуда, ҷамъ карда мешавад. Ин камшавӣ пардохти иловагиро талаб намекунад.

2.2.22. Агар хатти интиқоли барқи дар баланси истифодакунанда қарордошта ба тарафи якуми трансформатори асосӣ пайваст шуда бошад, он гоҳ қувваи барқи камшуда дар ин хат бояд ба ҳисоби истифодакунанда мансуб дониста шавад.

Дар сурати насби ҳисобкунак дар тарафи якум ё дуюми трансформатори истифодакунанда кам шудани қувваи барқ дар хатти мазкури интиқоли барқ бояд бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ муайян карда шавад ва аз ҷониби пардохткунанда аз рӯи тарифи бо нархнома муқарраршуда музд пардохта шавад.

2.2.23. Ба Ширкати давлатии саҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» ҳуқуқ дода мешавад, ки дар бораи ҷудо кардани тарифҳои дар нархнома барои қувваи барқ ба минтақаҳои ҷадвали шабонарӯзии бори (шадид, нимшадид, шабона) системаи энергетикӣ зикршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат дар шартномаи бо истифодакунанда басташуда ташкилоти таъминкунандаи барқ соатҳои шабонарузии бори шадид, нимшадид ва шабона ва тарифҳои ҷудогонаи қувваи барқро, ки барои ин давраҳо муқаррар шудаанд, зикр мекунад.

2.3. КАМКУНӢ ВА ЗИЁДКУНӢ

2.3.1. Ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда бо истифодаи 15 ҳазор кВт-соат қувваи барқи фаъол дар як моҳ ва зиёда аз он дар як нуқтаи баҳисобгирӣ, ки қувваи барқро аз системаи энергетикӣ (блок-станцияҳо), аз ҷумла ба воситаи шабакаи муштариёни харидафурӯш мегиранд, пардохт барои 1 кВар-соати иқтидори реактивӣ ҷорӣ карда мешавад.

Як нуқтаи баҳисобгирӣ маънии ҷамъи ҳамаи ҳисобкунакҳои барқиро, ки ба воситаи онҳо қувваи барқи истифодакунандаи мушаххаси дар як станцияи ёрирасон ҷойгиршуда (асбоби тақсимкунанда) ба ҳисоб гирифта мешавад, дорад. Тарифе, ки мувофиқи он барои истифодаи қувваи реактивӣ музд пардохта мешавад, аз рӯи нархномаи № 09- 01 муайян карда мешавад.

2.3.2.Ҳаҷми истифодаи қувваи реактивӣ ё шароити ҷуброни иқтидори реактивӣ аз рӯи «Дастурҳои методӣ оид ба муқаррар намудани сатҳҳои ҷӯброни иқтидори реактивӣ ва усулҳои назорати онҳо» ҳисоб ва дар шартномаи истифодаи қувваи барқ муқаррар карда мешавад. Як моҳ ҳамчун давраи ҳисоббаробаркунӣ қабул карда мешавад.

2.3.3.Ҳангоми баробар кардани ҳисоб бо истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда, инчунин бо роҳи оҳан ва нақлиёти барқии шаҳр, ки қувваи барқро аз системаи энергетикӣ (блок- станцияҳо), аз ҷумла ба воситаи шабакаи харидафурӯшон ва муштариён мегиранд, камкунӣ ва зиёдкунӣ ба тарифи қувваи барқ барои ҷуброн намудани иқтидори реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон қабул карда мешавад.

2.3.4.Кам ва зиёдкунӣ дар ҳисобу китоби қувваи барқе, ки ба истифодакунандагони харидафурӯш, эҳтиёҷоти истеҳсолии хоҷагии қишлоқ ва истифодакунандагони ғайрисаноатӣ, сарфи назар аз иқтидори пайвастшудаи онҳо, дода мешавад, татбиқ намегардад.

2.3.5.Истифодакунандагони харидафрӯш, инчунин муштариёне, ки ба воситаи шабакаҳои худ корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои бо онҳо баробаркардашуда, инчунин нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти шаҳриро, ки бо системаи энергетикӣ муносибатҳои шартномавӣ надоранд, бо барқ таъмин мекунанд, дар мавриди корхонаҳои мазкур кам ва зиёдкуниро аз рӯи тартиби барои системаи энергетикӣ муқаррарнамудаи ҳамин Қоидаҳо истифода менамоянд.

2.3.6.Барои истифодакунандагон бо иқтидори пайвасташудаи 1000 кВА ва зиёдтар аз он ҳангоми муайян кардани каму зиёдкунӣ андозаи зиёдтарини иқтидори реактивие, ки аз шабакаҳои системаи энергетикӣ дар муддати ним соат дар давраи бори фаъоли вай ва иқтидори миёнаи реактивии аз шабакаҳо ба шабакаи системаи энергетикӣ дар давраи камтарини бори фаъоли он додашаванда, ки бо асбобҳои баҳисобгирӣ барои семоҳа муайян карда мешавад, ҳамчун асос қабул карда мешавад.

Давраҳои зиёдтарин ва Камтарини бори фаъоли системаи энергетикӣ (шадид ва шабона) аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ муқаррар карда шуда, дар шартномаи истифодаи қувваи барқ зикр мегарданд.

Эзоҳ: Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ дорад, ки барои истифодакунанда дар соатҳои ҳадди аксари бори пагоҳӣ ё бегоҳии системаи энергетикӣ, бори қобили қабули реактивиро муқаррар намояд.

2.3.7.Маҷмӯи зиёдкунӣ ё камкунӣ нисбат ба тарифи қувваи барқи ба истифодакунандагон додашаванда, бо иқтидори пайвастшудаи 1000 КВА ва зиёдтар аз он аз ду ҷамъшаванда иборат аст:

а) зиёдкуниҳо барои истифодаи зиёдкардашудаи иқтидори реактивӣ Q φ 1 дар муқоиса бо ҳаҷми оптималии Q + 1 аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ муқарраршуда дар соатҳои ҳадди аксари бори фаъоли системаи энергетикӣ.

Зиёдкунӣ (%) барои истифодаи барзиёди иқтидори реактивӣ дар муқоиса бо ҳаҷми қобили қабули додашуда бо формулаи зерин:

                        H1 = 30 Qф1– Qэ1

                                Рф

ки Рф - ҳаҷми воқеии иқтидори зиёдтарини фаъоли реактивии нимсоатаи истифодакунанда дар соатҳои зиёдтарини бори системаи энергетикӣ дар давраи ҳисобӣ ба шумор меравад.

Агар иқтидори реактивии воқеӣ Qф1 нисбат ба иқтидори додашуда Qэ1 камтар бошад, он гоҳ ҳаҷми зиёдкунӣ Н1 баробар ба сифр (0) қабул карда мешавад;

б) камкунӣ ё зиёдкунӣ нисбат ба тарифи муқарраршуда барои инҳироф аз низоми кори асбобҳои ҷубронкунанда, ки бо инҳироф аз истифодаи воқеии иқтидори реактивӣ аз ҳаҷми қобили қабули Qэ2 аз тарафи ташкилоти таъминкунанда додашуда дар соатҳои бори ҳадди ақали системаи энергетикӣ арзёбӣ мешавад.

б) Камкунӣ ё зиёдкунӣ (%) ба тарифи мавҷуда дар мавриди риояи низоми муайяншудаи кори асбобҳои ҷубронкунанда аз рӯи формулаи зер муайян карда мешавад:

                             H2= 20 Qф2– Qэ2 - 2

                                    Рф

Ҳаҷми мусбии Н 2 зиёдкунӣ ва ҳаҷми манфӣ камкуниро ифода мекунад.

Фарқи дар қавсайн омада, сарфи назар аз аломати он ҳаҷми мусбӣ мебошад.

2.3.8.Камкунӣ ё зиёдкунӣ барои ҷуброни иқтидори реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон аз рӯи пардохт барои 1 кВт дархостшудаи иқтидор ва аз пардохти 1 кВт.с. қувваи барқи истифодашудаи тавассути ҳисобкунакҳои барқӣ барои семоҳа ҳисобкардашуда анҷом дода мешавад.

Ҳангоми муайян намудани камкунӣ ё зиёдкунӣ андозаҳои ҳосилшуда, то даҳьяки ҳиссаи фоиз яклухт карда мешаванд.

2.3.9.Барои истгоҳҳои ёрирасони кашандаи нақлиёти барқӣ ва нақлиёти шаҳрӣ ҳаҷми Рф аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

                          Рф = 13 Wp

                                 24 Д

Wp - қувваи барқи фаъол аст, ки барои Д шабонарӯзи давраи ҳисоббаробаркунӣ гирифта шудааст.

Барои ин гуна истифодакунандагон иҷозат дода мешавад, ки бо дарназардошти ҷамъи Рф, ҳамаи нуқтаҳои баҳисобгирии дар шартномаи истифодаи қувваи барқ зикршуда камкунӣ ва зиёдкуниро муайян намоян.

2.3.10.Аҳамияти Qэ1 ва Qэ2-ро барои ҳар семоҳа аз рӯи методикаи тасдиқкардаи «Тоҷикгосэнергонадзор» ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ муайян мекунад.

Агар дастгоҳҳои барқии истифодакунанда аз манбаъҳои гуногун таъмин шаванд, ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ҳар як манбаи таъминот бори қобили қабули реактивиро муайян менамояд.

2.3.11.Назорати иқтидори реактивии воқеии истифодакунанда ...1 бояд аз рӯи ҳисобкунакҳо ё дигар асбобҳои баҳисобгирӣ, ки бори 30-дақиқагии ҳадди аксари реактивии истифодакунандаро дар соатҳои бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ ба қайд мегиранд, гузаронида мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани якчанд хатти барқии таъминот иқтидори реактивии 30-дақиқагии якҷояи истифодакунанда дар соатҳои бори ҳадди аксари шабонарӯзии системаи энергетикӣ ҳамчун иқтидори реактивии ҳисоббаробаркунӣ қабул карда мешавад.

Дар ҳолати мавҷуд набудани асбоби махсуси ҷамъкунандаи бори реактивӣ иқтидори якҷояи реактивии истифодакунанда ҳамчун ҷамъи бори реактивӣ бо унсурҳои нишондиҳандаи ҳисобкунакҳои барқӣ барои ҳар як хатти алоҳидаи таъминот муайян карда мешавад.

2.3.12.Ҳангоми тамоман набудани ҳисобкунакҳои барқии қувваи реактивӣ ё шикастан ва аз кор баромадани онҳо истифодаи якмоҳаи қувваи реактивӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи фаъол бо коэффициенти 0,8 ба ҳисоб гирифта мешавад.

2.3.13.Зарурати насби асбобҳои ҷубронкунанда аз рӯи методикаи тасдиқкардаи Ширкати давлатии саҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» муайян карда мешавад.

Иқтидори асбобҳои ҷубронкунанда ва давраҳои кори онҳо дар давоми шабонарӯз дар шартномаи истифодаи қувваи барқ зикр карда мешавад.

2.3.14.Насб кардан ва кандани асбобҳои ҷубронкунандаи истифодакунанда (конденсаторҳои статикӣ, ҷубронкунандаҳои синхронӣ ва ғ.) танҳо бо иҷозати «Тоҷикгосэнергонадзор» анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати бо сабаби садама аз кор баромадани асбобҳои ҷубронкунанда ё барои муддати кӯтоҳ таҳти таъмир қарор додани онҳо истифодакунандагон бояд дар ин бобат ба ташкилоти таъминкунандаи барқ хабар диҳанд. Мӯҳлати ба кор даровардани асбобҳо аз рӯи мувофиқаи дутарафа муқаррар карда мешавад.

1.1.15.Усул ва шартҳои назорат аз болои қувва ва иқтидори реактивӣ бо нишондоди асбобҳое, ки ба воситаи онҳо ин кор гузаронида мешавад, инчунин тавассути асбобҳое, ки бо истифодаи онҳо иқтидори реактивӣ ҳисоб карда мешавад, бояд дар шартномаи истифодаи қувваи барқ дарҷ шуда бошанд.

2.3.16.Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва «Тоҷикгосэнергонадзор» метавонанд, ки ҳаҷмҳои иқтидори реактивӣ ва қувваи барқи истифодашуда, кори асбобҳои ҷубронкунандаро дар ҳар гуна шабонарӯзи давраи ҳисоббаробаркунӣ назорат намоянд.

2.3.17.Дар ҳолате, ки дастгоҳҳои барқии истифодакунанда аз истгоҳи барқии худӣ ва шабакаҳои барқии ташкилоти таъминкунандаи барқ бо қувва таъмин карда мешаванд, назорат аз болои иқтидори реактивии воқеии истифодакунанда ба воситаи асбобҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоббаробаркунии байни истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи барқ сурат мегирад.

2.3.18.Агар дар шабакаи истифодакунанда асбоби ҷубронкунанда мавҷуд набошад ва ҳисобу китоби дар асоси методикаи тасдиқшуда гузаронидашуда ба хулосае расонад, ки насби онҳо мувофиқи мақсад нест, он гоҳ барои ин гуна истифодакунанда каму зиёд кардани тарифи қувваи барқ барои ҷуброни иқтидори реактивӣ ҷорӣ карда намешавад.

2.3.19.Низом ва ҷадвали кори генераторҳои блок-станцияҳо, ҷубронкунандаҳои синхронӣ ва дигар асбобҳои ҷубронкунанда, ки метавонанд ба шабакаи системаи энергетикӣ иқтидори реактивӣ диҳанд, аз тарафи системаи энергетикӣ вобаста ба талабот нисбат ба иқтидори реактивӣ дар қитъаи додашудаи шабакаи барқӣ муқаррар карда мешавад.

Ба шабакаи системаи энергетикӣ додани миқдори зиёдатии иқтидори реактивӣ аз тарафи истифодакунанда ё блок-станция дар асоси мувофиқа бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолатҳо бояд ҳисобкунакҳои иқтидори реактивии дорои боздорандаҳои ҳаракат барои ба таври алоҳида ба ҳисоб гирифтани иқтидори реактивии ҳисолшаванда ва ба шабакаи системаи энергетикӣ додашаванда насб карда шаванд.

2.3.20.Назорат аз болои истифодаи дурусти каму зиёдкунии тарифи қувваи барқ барои ҷуброни иқтидори реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истифодакунанда аз тарафи «Тоҷикгосэнергонадзор» ба роҳ монда мешавад.

2.3.21.Ихтилофоте, ки дар байни истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи ҷорй намудани ҷадвали кам ва зиёдкунии қувваи барқ барои ҷуброни иқтидори реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истифодакунанда ба вуҷуд меоянд, аз тарафи «Тоҷикгосэнергонадзор» баррасӣ карда мешаванд.

2.4. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД НАМУДАН ВА ПАРДОХТИ ҲУҶҶАТҲОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

2.4.1.Ҳисобу китоби қувваи барқи фаъол ва реактивие, ки ба истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда дода мешавад, аз рӯи талабномаи пардохти ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ бо тартиби беакцептӣ дар рӯзҳои аввали давраи ҳисоботии баъди давраи ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои асбобҳои баҳисобгирӣ анҷом дода мешавад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ дорад, ки дар як давраи ҳисоботӣ бо мувофиқаи пардохткунанда барқи додашударо аз 1 бор зиёдтар ҳисобу китоб кунад. Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки ба ҳисобу китоби барои қувваи барқи истифодашуда ба андозаи 80% маблағи дар давраи ҳисоботии пешгузашта супурдашуда пешпардохт муқаррар намояд. Андозаи пешпардохт ҳангоми пурра ҳисобу китоб кардан дар рӯзҳои аввали давраи ҳисоботӣ ба назар гирифда мешавад.

2.4.2.Ҳисобу китоби пардохткунанда бо ташкилоти таъминкунандаи барқ барои қувваи барқи истифодашуда метавонад аз рӯи тартиби пардохти нақшавӣ гузаронда шавад.

Андозаи пардохтаи нақшавӣ, мӯҳлат ва шакли пардохти онҳо дар шартномаи истифодаи барқ муқаррар карда мешавад.

Пардохти нақшавӣ аз рӯи варақаҳои пардохт ё талабномаҳои пардохти ташкилоти таъминкунандаи барқ (бо иҷозати роҳбари муассисаи бонк) гузаронда мешавад.

Дар ҳолати ба суратҳисоби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дар мӯҳлати бо шартнома муқарраршуда ворид нагаштани маблағи пардохтшуда (дар ҳолатҳои ҳисобу китоб кардан бо варақаҳои пардохт) ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо роҳи ба бонк пешниҳод намудани варақаи пардохт аз пардохткунанда ба тариқи беакцептӣ маблағи заруриро рӯёнад.

2.4.3.Пардохти иқтидори шартномавӣ ҳангоми ҳисобу китоб кардан аз рӯи тарифи дуставкагӣ дар рӯзҳои аввали давраи ҳисоботии ҷорӣ (моҳ) мувофиқи талабномаи пардохти ташкилоти таъминкунандаи барқ бе акцепт анҷом дода мешавад.

2.4.4.Камкунӣ ва зиёдкунии тарифи қувваи барқ барои ҷуброни иқтидори реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон дар мавриди пурра баробар кардани ҳисоби маблағи моҳона ба назар гирифта мешавад.

2.4.5.Тартиби пардохти ҳуҷҷатҳои пардохт ва рӯёндани товон дар сурати сари вақт насупоридани маблағ дар параграфи 1.8. ҳамин Қоидаҳо зикр шудааст.

3.Истифодаи қувваи барқ аз тарафи истифодакунандагони истеҳсолии кишоварзӣ

3.1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

3.1.1.Номгӯи истифодакунандагони кишоварзӣ бо дастуруламал дар бораи тартиби ҷорӣ намудани тарифҳои қувваи барқӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии колхозу совхозҳо ва дигар корхонаҳои кишоварзӣ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ додашаванда, ки бо қарори Идораи нархгузории Кумитаи давлатии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 марти соли 1992 № 27 тасдиқ шудааст, муайян гардидааст.

Эзоҳ: Қувваи барқи аз тарафи истифодакунандагони кишоварзие, ки ба ҳайати дар рӯйхат зикргардида дохил мешаванд, сарфшаванда, аз рӯи тарифи барои истифодакунандагони истеҳсолии кишоварзӣ муқарраршуда пардохта мешавад. Муштариёни дигари истифодакунандаи қувваи барқ, ки ба ҳайати иттиҳодияҳо дохиланд, вале дар рӯйхат зикр нашудаанд, аз рӯи тарифи барои гурӯҳҳои дахлдор муқарраршуда, ки муштариёни мазкур ба он гурӯҳ дохил мешаванд, музд мепардозанд.

3.1.2.Ба истифодакунандагони истеҳсолии кишоварзӣ додани қувваи барқ аз рӯи шартномаҳое, ки дар онҳо масъалаҳо ва мӯҳлатҳои пардохт, инчунин дигар шартҳои интиқоли қувваи барқ инъикос меёбанд, анҷом дода мешавад.

3.1.3.Тартиби ба расмият даровардани муштариёни кишоварзӣ, ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқ, истифодаи дастгоҳҳои барқӣ, насб кардан ва истифода бурдани асбобҳои баҳисобгирӣ бо муқаррароти дар фаслҳои 1 ва 3 ҳамин Қоидаҳои баёншуда муайян карда мешавад.

3.1.4.Ҳангоми истифодаи қувваи барқ дар шароите, ки шабакаҳо тақсимкунакҳои камшиддат доранд ва истифодакунандаи кишоварзӣ (совхоз, колхоз ва ғ.) аз ин шабакаҳо таъмин мегарданд ва онҳо дар баланси ташкилоти таъминкунандаи барқ мебошанд, ба истифодакунандаи кишоварзӣ додани барқ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии он бо

3.1.5.Агар шабакаҳои камшиддати тақсимкунанда дар баланси истифодакунандагони кишоварзӣ (совхоз, колхоз ва ғ.) бошанд, дар бобати додани қувваи барқ барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, коммуналию маишӣ ва эҳтиёҷоти дигар шартномаи умумӣ баста мешавад.

3.1.6.Истгоҳҳои насосии обьёрии мошинӣ, ки ба ҳайати истифодакунандагони кишоварзӣ дохиланд ва корашон хислати мавсимӣ дорад, пеш аз саршавии давраи обьёрӣ ва баъд аз тамом шудани корҳои таъмирӣ вазифадоранд, ки:

а) бо ташкилоти таъминкунандаи барқ қиёсгираки муҳофизати релеро мувофиқа намоянд;

б) истгоҳҳои ёрирасон ва станцияҳои насосиро дар мавриди омодагии онҳо ба кор ба нозирони техникӣ пешниҳод намоянд;

в) ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ нақшаи таъминоти барқро барои муоина пешниҳод кунанд;

г) аз рӯи тарифи барои истгоҳҳои насосии обьёрии мошинӣ муқарраршуда вобаста ба давраи мавсими обьёрӣ (зимистон, тобистон) бо ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳисобро баробар кунанд. Бе иҷро намудани шартҳои зикршуда истгоҳҳои насосӣ бо қувваи барқ таъмин карда намешаванд.

3.2. ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

3.2.1.Тартиби насб кардан ва истифода бурдани ҳисобкунакҳои баҳисобгирӣ дар параграфи 1.7. ҳамин Қоидаҳо шарҳ дода шудааст.

Ҷиҳати баробар кардани ҳисоб барои қувваи барқи дар эҳтиёҷоти истеҳсолӣ сарфшуда якҷоя (ҷамъ) кардани бори истеҳсолӣ дар хатҳо ва пайвандҳои алоҳида бо шинондани ҳисобкунакҳои баҳисобгирӣ барои гурӯҳҳои объектҳои истеҳсолӣ тавсия карда мешавад.

3.2.2.Дар сурати муваққатан дар ихтиёри истифодакунандаи кишоварзӣ мавҷуд набудани ҳисобкунаки ҳисоббаробаркунӣ, инчунин ҳисобу китоби алоҳидаи қувваи барқ барои истифодакунандагони гурӯҳҳои дигари тарифӣ, ҳисобу китоб барои қувваи барқи додашаванда аз рӯи шартҳои дар шартнома зикршуда гузаронида мешавад.

3.2.3.Ҳангоми мавҷуд будани ҳисобкунаки умумӣ ва муваққатан дар ихтиёри истифодакунандагони гурӯҳҳои дигари тарифӣ мавҷуд набудани ҳисобкунакҳо дар шартнома эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, коммуналию маишӣ бо фойзҳо аз ҳисоби умумии истифода, ки аз рӯи шиддати ҷараёнқабулкунакҳои истифодакунанда муайян карда шуда, дар замимаи шартнома қайд мегарданд, нишон дода мешавад.

3.2.4.Истифодакунандагони кишоварзӣ музди қувваи барқи дар эҳтиёҷоти истеҳсолӣ сарфшударо, сарфи назар аз иқтидори пайвастшуда ва бори ҳадди аксар, аз рӯи тарифи якставкагии барои онҳо муқарраршуда мепардозанд.

Ба эҳтиёҷоти истеҳсолии истифодакунандагони кишоварзӣ инҳо мансубанд:

а) кори дегҳои барқӣ (бойлерҳои барқӣ), обгармкунакҳои барқӣ ва дигар асбобҳои гармкунандае, ки барои мақсадҳои истеҳсолӣ (технологӣ), инчунин барои гарм кардан ва бо оби гарм таъмин намудани биноҳои истеҳсолӣ (фермаҳо, цехҳо, устохонаҳо, анборҳо, таҳвилхонаҳо, гаражҳо ва ғ.) таъин шудаанд;

б) кори моторҳои барқӣ ва дигар ҷараёнқабулкунандаҳои таъиноти истеҳсолӣ (технологӣ);

в) равшанкунии биноҳои истеҳсолӣ ва ҳудуди онҳо (фермаҳо, цехҳо, устохонаҳо, анборҳо, таҳвилхонаҳо, гаражҳо, иҳотаҳои мошингузорӣ ва нигоҳубини ҳайвонот);

г) равшанкунии биноҳои ғайриистеҳсолие, ки бо истеҳсолот вобаста мебошанд (утоқи раёсат, идора ва ғ.).

Эзоҳ: Истифодаи дегҳои барқӣ (бойлерҳои барқӣ) ва навъҳои дигари гармкунандаҳои барқӣ, ки барои гарм кардани бино ва эҳтиёҷоти технологӣ истифода мешаванд, танҳо дар сурати мавҷуд будани акти «Тоҷикгосэнергонадзор» ва иҷозати Ширкати давлатии саҳомию ҳолдингии «Барқи Тоҷик» мумкин аст.

3.2.5.Тарифҳои қувваи барқи аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии истифодакунандагони кишоварзӣ додашаванда барои ҳисоббаробаркуниҳо дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаҳои барқии ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунанда муқаррар шудаанд.

Ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқ дар сурати берун аз ҳудуди тобеияти балансии шабакаҳои барқӣ насб кардани ҳисобкунакҳои барқӣ тибқи банди 1.7.15. анҷом дода мешавад.

3.2.6.Тарифҳо ба қувваи барқи дар эҳтиёҷоти истеҳсолии истифодакунандагони кишоварзӣ сарфшаванда дар мавриди ҳисобу китоби қувваи барқи дар эҳтиёҷоти коммуналию маишӣ ва дигар эҳтиёҷоти ғайристеҳсолии кишоварзӣ сарфшаванда, монанди: барои равшанкунӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрак ва хонаҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳою хоҷагиҳои ёрирасони наздиҳавлигӣ, қитъаҳои боғдорӣ, гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ, устохонаҳои косибоқи ғайрикооперативӣ, кӯчаҳо, клубҳо ва кохҳои фарҳанг, кинотеатрҳо, майдонҳои спортӣ, мактабҳо, боғчаҳои бачагона ва ширхоргоҳҳо, беморхонаҳо, бозорҳо, мағозаҳо, ошхонаҳо ва ғ., ки дар қишлоқҷойҳо, аз ҷумла дар ҳудуди колхозҳо, совхозҳо ва дигар корхонаҳои кишоварзӣ ҷойгиранд, ҷорӣ карда намешаванд.

Ҳисобу китоби қувваи барқӣ барои эҳтиёҷоти ғайриистеҳсолии истифодакунандагони кишоварзӣ сарфшаванда аз рӯи тарифи барои гурӯҳҳои дахлдор муқарраршуда анҷом дода мешавад.

3.2.7.Дар ҳолатҳое, ки қувваи барқ ба истифодакунандагони кишоварзӣ (совхозу колхозҳо ва ғ.) барои эҳтиёҷотӣ коммуналӣ, маишӣ аз рӯи ҳисобкунаки умумӣ дода мешавад, ҳисобу китоб барои қувваи барқи дар ҳудуди истифодакунандаи хоҷагии қишлоқ сарфшуда, аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ бо тарифи яклухти барои шаҳракҳо муқарраршуда сурат мегирад.

Истифодакунандаи кишоварзӣ дар ҳисобу китоби худ бо истифодакунандагони алоҳида (соҳибхонаҳо, иҷоранишинҳо) тариферо, ки барои қувваи барқи дар эҳтиёҷоти аҳолӣ сарфшаванда муқаррар гардидааст, истифода мекунад.

3.2.8.Ҳисобу китоби қувваи барқи ба муштариёни кишоварзӣ додашаванда аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ дар ҳар давраи ҳисоботӣ 1 бор дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқӣ дар ҳамин давра гузаронида мешавад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ бо салоҳдиди худ метавонад, ки ҳисоббаробаркуниро дар як давраи ҳисоботӣ 2 маротиба - як бор дар нимаи аввали ин давра ва бори дигар дар охир (ҷамъбастӣ) гузаронад. Ҳисобу китоби дуюм дар рӯзҳои аввали баъди давраи ҳисоббаробаркунӣ бо дарназардошти маблағи пештар пардохташуда анҷом дода мешавад.

3.2.9.Ташкилоти таъминкунандаи барқ бо мувофиқаи пардохткунанда метавонад, ки ҳисобу китобро аз рӯи пардохти нақшавӣ гузаронад. Зимнан ташкилоти таъминкунандаи барқ мӯҳлат ва андозаҳои пардохти нақшавии мушро, ки дар Шартномаи истифодаи қувваи барқ қайд мегирад, муайян мекунад.

Дар ҳолати дар мӯҳлати муайяншуда ворид нагардидани маблағ ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки маблағи дахлдорро бо роҳи беакцептӣ - бо пешниҳоди қаи пардохт ба бонк рӯёнад.

4.Истифодаи қувваи барқ аз тарафи истифодакунандагони харидафурӯш

4.1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

4.1.1.Ба истифодакунандагони харидафурӯш метавонанд шӯъбаҳои (идораҳо), ҳисоби хоҷагии манзилу коммуналии корхонаҳои саноатие мансуб бошанд, ки дар балан- уд трансформаторҳо, шабакаҳои барқии баландшиддат пастшиддати тақсимкунандаи қувваи барқи системаи энергетикӣ (ва блок-станцияҳо) ва таъминкунандаи қувваи барқи абонентҳои гуногунро бо шароити зерин доранд:

а) ҳамчун муштарии алоҳидаи системаи энергетикӣ ба ият даровардани шӯъбаи (идора) манзилу коммуналӣ;

б) бо муштариёни худ барои таъмини қувваи барқ бастани шартнома аз тарафи шӯъбаи (идора) манзилу коммуналӣ;

в) бо қувваи барқ таъмин карда шудани нуқтаҳои аҳолиниишин аз тарафи онҳо;

г) дар байни муштариёни шӯъбаи (идораи) манзилу коммуналӣ мавҷуд будани истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашудаи дигар вазорату идораҳо ё ташкилотҳои нақлиётӣ (трамвай, троллейбус), ки маҷмӯи умумии сарфаи барқи онҳо на кам аз ҳаҷми умумии қувваи истифодашавандаи шӯъбаи манзилу коммунали (идора)-ро ташкил медиҳад.

Агар маҷмӯи шартҳои зикршуда риоя карда нашаванд, ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо шуъбаи (идора) манзилу коммуналӣ тарифи барои шаҳракҳо муқарраршуда ҷорӣ карда мешавад.

4.1.2.Ба истифодакунандагони харидафурӯш инҳо дохил намешаванд;

а) нуқтаҳои таъминоти барқи роҳи оҳан, корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатие, ки қувваи барқро асосан барои эҳтиёҷоти худ мегиранд ва онро қисман ба воситаи шабакаҳои худ ба дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (ба муштариёни фаръи)-и бо системаи энергетикӣ муносибатҳои шартномавӣ надоршта медиҳанд;

б) шаҳракҳо (колхозӣ, совхозӣ, дачаҳо, ҳарбӣ, шаҳракҳои коргарнишин, рафоқатҳои боғдорон ва ғ.), инчунин ташкилотҳои истифодабарии манзил (идораҳои истифодабарии манзил, шӯъбаҳои манзилу коммуналӣ, идораи хонаҳо ва ғ.), ки ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ аз рӯи ҳисобкунаки умумӣ музд мепардозанд.

4.1.3.Муносибатҳои истифодакунандагони харидафурӯш бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва истифодакунандагони ба шабакаи онҳо пайвастшуда тавассути ҳамин Қоидаҳо муайян карда мешаванд.

4.1.4.Истифодакунандагони харидафурӯши қувваи барқ монанди муштариёни ташкилотҳои таъминкунандаи барқи Ширкати давлатии саҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» дар асоси ҳамин Қоидаҳо барои ҳолати техникӣ ва истифодаи дастгоҳҳои барқии худ дар назди онҳо масъулият доранд.

4.1.5.Ба муштариёни харидафурӯш додани иқтидори нав ё иловагӣ (пайваст намудани онҳо ба шабака) метавонад танҳо дар ҳудуди иқтидори трансформатории барои онҳо иҷозатдодашуда, аз рӯи тартиби дар параграфи 1.3 ҳамин Қоидаҳо муқараршуда анҷом дода шавад.

4.1.6.Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ дорад, ки ҳар кадом дастгоҳи барқиро, ки ба шабакаҳои муштариёни харидафурӯш пайваст шудааст, тафтиш кунад, ба муштариёни фаръӣ дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар мавриди истифодаи дастгоҳҳои барқӣ ва истифодаи қувваи барқ дастурҳо диҳад ва дар мавридҳои зарурӣ бо тартиби муқарраршуда чораҳои ҷазоро истифода намояд.

4.2.ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

4.2.1.Истифодакунандагони харидафурӯш ҳисобро барои тамоми қувваи барқи аз ташкилотҳои таъминкунандаи барқ харидашаванда аз рӯи тарифи ягонаи якставкагие, ки барои харидафурӯшони системаи энергетикии дахлдор муқаррар шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 4.2.2. ва 4.2.4. зикргардида баробар мекунанд.

4.2.2.Ташкилотҳои махсусгардонидашудаи ҳисоби хоҷагии вазоратҳо ва идораҳо (ба истиснои Концерни давлатии «Тоҷиккоммунсервис»), ки қувваи барқро барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхонаҳои вазорат (идораи) худ харида мефурӯшанд ва иқтидори пайвастшудаи корхонаҳои мазкур 1000 кВА ва аз он зиёдтар аст, аз рӯи тарифи дуставкагӣ бо истифодаи кам ва зиёдкунӣ барои ҷуброни иқтидори реактивӣ дар дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон (муштариёни фаръӣ) ҳисобро бо ташкилоти таъминкунандаи барқ баробар мекунанд.

Тариф барои харидафурӯшон дар ҳисобу китоб бо ташкилотҳои махсусгардонидашудаи мазкури ҳисоби хоҷагии вазоратҳо ва идораҳо танҳо ба ҳамон қисми қувваи барқе, ки онҳо ба нуқтаҳои аҳолинишин ва муштариён дигар вазорату идораҳо мефурӯшанд, истифода мешавад.

4.2.3. Истифодакунандагони харидафурӯш бо муштариёни худ ҳисобро барои қувваи барқ аз рӯи тарифи муқаррарнамудаи нархнома барои гурӯҳҳои дахлдори истифодакунандагон баробар мекунанд.

4.2.4.Истфодакунандагон харидафурӯш барои қувваи барқи дар дегҳои барқӣ, обгармкунакҳои барқӣ ва дигар асбобҳои гармкунандаи барқӣ, ки ба мақсадҳои гармкунӣ ва бо оби гарм таъмин намудан таъин шудаанд, ҳисобро чи бо ташкилоти таъминкунандаи барқ ва чӣ бо муштариёни фаръӣ аз рӯи тарифи муайянкардаи нархнома баробар мекунанд.

4.2.5.Агар ба шабакаи як истифодакунандаи харидафурӯш харидафурӯши дигар пайваст шуда бошад, ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳисобро танҳо бо харидафурӯши якум баробар мекунад. Харидафурӯши якум ҳисобро бо харидафурӯши дуюм аз рӯи ҳамон тарифи якставкагие, ки худаш мувофиқи он ҳисобро бо ташкилоти таъминкунандаи барқ баробар кардааст, баробар мекунад. Зимнан харидафурӯши якум ҳақ дорад, ки як қисми қувваи камшудаи шабакаро мутаносибан бо миқдори қувваи барқи ба харидафурӯши дуюм додашуда ба ҳисоби вай мансуб гардонад.

4.2.6.Ҳисобу китоби қувваи барқи ба истифодакунандагони харидафурӯши додашударо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар як давраи ҳисоббаробаркунӣ 2 бор: ҳисоби мобайнӣ барои қувваи дар нимаи аввали давраи мазкур истифодашуда ва ҷамъбастӣ - барои тамоми давраи ҳисоббаробаркунӣ анҷом медиҳад. Ҳисобу китоби ҷамъбастӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои асбобҳои баҳисобгирӣ, ба истиснои маблағи пардохти давраи мобайнӣ, дар рӯзҳои аввали баъди давраи ҳисоббаробаркунӣ гузаронида мешавад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо салоҳдиди худ дар як давраи ҳисоботӣ ҳисоббаробаркуниро барои қувваи барқи додашуда зиёда аз 2 маротиба анҷом диҳад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ бо мувофиқаи пардохткунанда метавонад, ки ҳисоббаробаркуниро аз рӯи тартиби нақшавии пардохт анҷом диҳад. Зимнан ташкилоти мазкур барои пардохткунанда мӯҳлат ва андозаҳои пардохти нақшавиро муайян мекунад, ки онҳо дар шартномаи истифодаи қувваи барқ қайд карда мешаванд.

Дар ҳолати аз пардохткунанда ба ҳисоби ташкилоти таъминкунандаи барқ дар мӯҳлати муайяншуда ворид нагардидани маблағ ташкилоти мазкур ҳақ дорад, ки маблағи ҳисобшударо бо пешниҳоди варақаи пардохт ба бонк ба таври беакцептӣ рӯёнад.

4.2.7.Шаҳракҳои коргарӣ, қишлоқҷойҳо, дачаҳо, нуқтаҳои истиқоматӣ, рафоқатҳои боғдорон ва ғайра, ташкилотҳои истифодабарии манзил, ки (истифодакунандагони харидафурӯши дорои бори омехта намебошанд) бо ташкилоти таъминкунандаи барқ аз рӯи ҳисобкунаки умумӣ қувваи барқӣ барои эҳтиёҷоти маишии аҳолӣ сарфшударо пардохт мекунанд (ғайр аз биноҳои истиқоматие, ки хӯрокро бо истифодаи қувваи барқ тайёр мекунанд ва барои онҳо тарифи пасткардашудаи истифодаи барқ муқаррар гардидааст), равшании кӯчаҳо ва рекламаро аз рӯи тарифи якставкагӣ, ки барои шаҳракҳо муқаррар шудааст, месупоранд.

Дар ҳисоббаробаркунӣ бо муштариёни фаръӣ барои қувваи барқе, ки ба мақсадҳои зикргардида сарф шудааст, шаҳракҳо тарифи барои аҳолӣ муқарраршударо истифода мекунанд.

Ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқ бо муштариёни фаръии дигар: истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони бо онҳо баробаркардашуда, корхонаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, объектҳои истеҳсолии кишоварзӣ, биноҳои истиқоматии бо манқалҳои барқӣ ҷиҳозонидашуда ва ғ. аз тарафи шаҳракҳо чӣ бо истифодакунандагон ва чӣ бо ташкилоти таъминкунандаи барқ аз рӯи тарифҳои инфиродии барои гурӯҳҳои дахлдори истифодакунандагон муқарраршуда анҷом дода мешавад. Зимнан агар муштариёни фаръии мазкур 30% ва аз он зиёд, миқдори барқи умумии барои шаҳрак ҷудошударо сарф карда бошанд, ташкилоти таъминкунандаи барқ барои шаҳрак ҳисоби тарифи қувваи сарфкардаи ин истифодакунандагонро кам мекунад.

Ҳуҷҷатҳои пардохти қувваи барқи ба шаҳракҳо додашуда мувофиқи тартиби барои харидафурӯшон муқаррашуда, пур карда мешаванд.

5. Истифодаи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ ва ташкилотҳои истифодабарии манзил

5.1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

5.1.1.Қувваи барқи аз тарафи аҳолии биноҳои истиқоматӣ, хонаҳо, хобгоҳҳо барои эхдиёҷоти гуногуни маишӣ сарфшуда, инчунин барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, қитъаҳои замин ва дачаҳое, ки дар истифодаи шахсӣ мебошанд, гаражҳои автомобильҳои шахсӣ, барои эҳтиёҷоти устохонаҳои шахсии рассомон, ҳайкалтарошон, косибони якка ва ғ. аз рӯи тарифи барои аҳолӣ муқарраршуда пардохта мешавад.

Қувваи барқе, қи барои равшан кардани ҳавлиҳо, зинаҳо, чароғҳои рақамдори хонаҳои истиқоматӣ, инчунин барои равшан кардани кӯчаҳо ва реклама истифода мешавад, низ аз рӯи ҳамин тариф пардохта мешавад.

5.1.2.Аз тарафи ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ дода шудани шартҳои техникӣ барои пайваст намудани биноҳои истиқоматӣ ва дигар истифодакунандагони маишӣ ба шабакаи барқӣ мутобиқи муқаррароти асосии дар параграфи 1.2. ҳамин Қоидаҳо зикргардида сурат мегирад.

5.1.3.Истифодаи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ (истифодакунандагони маишӣ) танҳо баъди гирифтани иҷозат аз ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мумкин аст.

Иҷозат барои истифодаи ҷараёнқабулкунандаҳои сефаза барои эҳтиёҷоти маишӣ, насби таҷҳизот ва асбобҳои маишии иқтидорашон зиёда аз 1,3 кВт бо тартиби муқаррарнамудаи ташкилоти таъминкунандаи барқ сурат мегирад.

5.1.4.Барои гирифтани иҷозати ба шабакаи барқ пайвастани биноҳои нави истиқоматӣ ташкилотҳои истифодабарии манзил (идораи истифодабарии манзил, шӯъбаҳои манзилу коммуналӣ, идораҳои хонаҳо ва ғ.), ки ин хонаҳоро ба баланси худ гирифтаанд, бояд ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ведомости ҳисобкунакҳои барқии дар бинои истиқоматӣ насбшуда (рақам, навъ, заводи истеҳсолкунанда, соли санҷиши давлатӣ, нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқӣ ва рақами хона)-ро пешниҳод намоянд.

Барои гирифтани иҷозати пайваст намудани симҳои барқии нав дар биноҳои истиқоматии пештар даристифодабуда ё дар хонаҳои шахсии шаҳрвандони алоҳида, инчунин симҳои барқӣ қитъаҳои боғпарварӣ, гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ ва ғ. истифодакунанда вазифадор аст, ки ба ташкилоти таъминкунандаи барқ аризаи дахлдор диҳад.

5.1.5.Ба истифода додани дастгоҳҳои барқӣ дар биноҳои истиқоматии нав сохташуда, инчунин дар биноҳои кӯҳнаи истиқоматӣ баъди таъмири асосӣ ва дигар дастгоҳҳои барқии маишӣ аз тарафи нозири Назорати давлатии барқ ичрзат дода мещавад.

Дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳо нозири Назорати давлатии барқ рӯйхати камбудиҳоро барои бартараф кардан тартиб медиҳад. Муоинаи такрории дастгоҳҳои барқӣ аз тарафи нозир танҳо бо даъвати хаттии ташкилоте, ки объекти истифодашавандаро ба баланси худ гирифтааст, анҷом дода мешавад.

Ба ҷараён пайваст намудани симҳои барқӣ дар муддати 5 рӯзи баъди муоина ва ба истифода иҷозат додан амалӣ мегардад.

Муоинаи симҳои барқ ва пайваст намудани онҳо ба ҷараён мутобиқи бароварди (калькуляция) тасдиқшудаи хароҷоти ташкилоти таъминкунандаи барқ анҷом дода мешавад.

5.1.6.Баъди ба истифода иҷозат додани дастгоҳҳои барқӣ ва симҳои барқи бинои истиқоматӣ ташкилоти истифодабарии манзил, ки ин бино дар тобеияти вай аст, бо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи истифодаи қувваи барқ шартнома мебандад.

Ҳамзамон бо ин ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ҳар як шахси масъул (соҳибхона) ҳисобномаи шахсӣ кушода, ба ҳар кадоми онҳо дафтарчаи махсуси ҳисоббаробаркунӣ бо варақаҳои пардохти маблағ барои истифодаи қувваи барқро (дар мавриди низоми худхизматрасонӣ) месупорад.

5.1.7. Масъулият барои риояи Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ, сар вақт пардохтани музди истифодаи қувваи барқ, ҳифозат ва сиҳати ҳисобкунаки барқии хона ба зиммаи шахсе, ки барои истифодаи барқ ҷавобгар аст, гузошта мешавад.

Ҳангоми насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар даромади зинаҳо масъулият барои ҳифозат ва сиҳати онҳо ба зиммаи ташкилоти истифодаи манзил, ки ҳамин бино дар тобеияти вай аст, газошта мешавад.

Дар ҳолати вайрон шудан ё дуздидани ҳисобкунакҳое, ки дар даромади зинапояҳо насб шудаанд, ташкилоти истифодаи манзил вазифадор аст, ки онро аз ҳисоби худ барқарор намояд.

5.1.8. Ба номи муштарии дигар гузаронидани ҳисобнОмаи шахсй ва ба ҷои дигар гузаронидани асбобҳои баҳисобгирй танҳо бо иҷозати ташкилоти таъминкунандаи барқ анҷом дода мешавад.

Ҳангоми кӯчидан ба хонае, ки пештар ба шабакаи барқ пайваст буд, соҳибхонаи нав вазифадор аст, ки дар муддати 5 рӯз ҳисобномаи шахсиро дар ташкилоти таъминкунандаи барқ ба номи худ гузаронад.

5.1.9.Ҳангоми аз хона рафтани муштарӣ ташкилоти истифодбарии манзил (идораи истифодабарии манзил, шӯъбаи манзилу коммуналӣ, идораи хонаҳо ва ғ.) вазифадор аст, ки аз ӯ тасдиқномаи ташкилоти таъминкунандаи барқро дар бораи то рӯзи рафтан баробар кардани ҳисоби қувваи барқи истифодашударо талаб намояд. Ташкилоти истифодабарии манзил барои қарзи муштариёни рафта ҷавобгарии моддӣ дорад.

5.1.10.Баъд аз рафтани муштарӣ ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва сиҳати ҳисобкунаки барҳӣ то омадани истиқоматкунандаи нав ба ӯҳдаи ташкилоти дахлдори истифодабарии манзил мёбошад.

5.1.11.Ташкилотҳои истифодабарии манзил ва ташкилотҳои дигаре, ки хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои дигарро ба қорхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилотҳо ба иҷора медиҳанд, ҳақ надоранд, ки бе иҷозати ташкилоти таъминкунандаи барқ ба шабакаи дохилии бино дастгоҳҳои барқии ба иҷоранишин тааллуқдоштаро пайваст намояд.

Иҷорагирҳо баъди гирифтани ордер барои ишғол кардани хона ё бо соҳиби бино (хона) бастани шартнома вазифадоранд, ки дар муддати се рӯз барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба истифодаи қувваи барқ дар бинои иҷорагирифташуда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ муроҷиат намоянд.

5.2. ИСТИФОДАБАРИИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚИИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ

5.2.1.Ҳудуди ҷавобгарӣ байни ташкилоти истифодабарии манзил ва ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ҳолати техникӣ ва истифодабарии дастгоҳҳои барқии хонаҳои истиқоматӣ аз рӯи тартиби дар параграфи 1.5. ҳамин Қоидаҳо зикргардида муайян карда мешавад.

5.2.2.Ҷавобгарӣ барои ҳолати техникӣ, техникаи бехатарӣ ва истифодабарии дастгоҳҳои барқии эҳтиёҷоти умумии бино (асбоби бакордароранда - тақсимкунанда, сими барқӣ барои равшан кардани зинаҳо, ҳавлиҳо, чароғҳои рақамдор, таҳхонаҳо ва болохонаҳо, бинои идораи хонаҳо, сими барқӣ ва муҳаррикҳои лифтҳо, насосҳо ва ғ.) ба ӯҳдаи ташкилоти истифодабарии манзил, ки бинои истиқоматӣ дар тобеияти вай аст, гузошта мешавад.

5.2.3. Ҷавобгарӣ барои ҳолати техникӣ ва истифодаи симҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ (асбобҳо, олот ва ғ.) дар хонаҳо, қитъаҳои ёрирасон, наздиҳавлигӣ ва боғдорӣ, дар гаражҳо ва объектҳои дигаре, ки дар истифодаи шахсии шаҳрвандони алоҳида (мебошанд, инчунин барои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи қувваи барқ ба ӯҳдаи истиқоматкунандагон мебошад, ки онҳо вазифадоранд донишҳо зарурии техникиро аз худ намоянд.

5.2.4.Таъмири симҳои барқии дохили бино ва дохили квартираҳоро ташкилоте ба уҳда дорад, ки бинои истиқоматии мазкур дар тобеияти вай аст.

5.3. НАСБ КАРДАН ВА ИСТИФОДАИ АСБОБҲОИ БАҲИСОБГИРИИ ҚУВВАИ БАРҚ

5.3.1.Насб кардан ва хизматраеонии ҳисобкунакҳои барқӣ дар биноҳои истиқоматии давлатӣ ва кооперативӣ, биноҳои истиқоматии шаҳрвандони алоҳида, ки моликияти шахсии онҳо мебошанд, бо тартиби дар параграфи 1.7. ҳамин Қоидаҳо зикршуда анҷом дода мешавад.

5.3.2.Дар хонаҳои истиқоматии коммуналие, ки дар онҳо якчанд оила зиндагӣ мекунанд, дар хонаҳои истиқоматии навъи меҳмонхона (ки дорои роҳрав мебошанд), инчунин дар биноҳои истиқоматие, ки ҳисобкунаки умумӣ доранд, шахсони манфиатдор метавонанд, ки аз ҳисоби худ барои ба ҳисоб гирифтани қувваи барқи истифодашаванда байни оилаҳои алоҳида ҳисобкунакҳои барқии назоратӣ насб кунанд.

Барои насб кардани ҳисобкунакҳои барқии назоратӣ иҷозати ташкилоти таъминкунанда талаб карда намешавад. Қабули корҳои насби ҳисобкунакҳои барқии назоратӣ аз тарафи ҳамон ташкилоти истифодабарии манзил гузаронида мешавад.

5.3.3.Барои нафақахӯрони шахсӣ, маъюбони гурӯҳҳои I, II, III-и Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шаҳрвандоне, ки мувофиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо доранд ва аъзои оилаҳои онҳо, ки якҷоя дар хонаҳои коммуналӣ ё биноҳои истиқоматии навъи меҳмонхонаҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҳисоби соҳибони фондҳои зикршуда бо мувофиқаи ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳисобкунакҳои барқии алоҳида насб карда мешаванд.

Пайваст намудани сим ба ҳисобкунакҳои мазкур тибқи дастури ташкилоти таъминкунандаи барқ аз ҳисоби соҳибони фонди истиқоматӣ анҷом дода мешавад.

5.3.4.Ҳисобкунакҳои барқӣ, чун қоида, бояд берун аз хона (дар даромадгоҳи хона, рохравҳои хонаҳои навъи меҳмонхонаҳо) насб карда шаванд.

5.3.5.Дар хонаҳои коммуналие, ки дар он якчанд оила зиндагӣ мекунад, сими барқ барои равшан кардани ҷойҳои умумӣ (роҳрав, ошхона, ҳаммом, ташноб ва ғ.) ба ҳисобкунаки барқӣ пайваст карда мешавад.

Гузаронидани симҳои мувозӣ (параллелӣ) ва шинондани нуқтаи иловагӣ барои равшанкунӣ манъ аст.

5.3.6.Гузаргоҳ ба назди ҳисобкунакҳои барқӣ бояд озод бошад. Онро бо чизҳои зиёдатӣ банд кардан мумкин нест. Дар ҳисобкунаки барқӣ ҷойгир кардани чизе иҷозат дода намешавад.

5.3.7.Ҳангоми дар биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ ҷойгир шудани ташкилотҳои гуногун ва корхонаҳо (ателье, устохонаҳо, мағозаҳо, анборҳо ва ғ.) ҳисобкунакҳои барқӣ бояд барои ҳар як истифодакунандае, ки аз ҷиҳати муносибатҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ алоҳида мебошад, аз ҳисоби истифодакунанда насб карда шаванд.

5.4.ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БАРОИ ҚУВВАИ БАРҚ БО ТАШКИЛОТҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ МАНЗИЛ

5.4.1.Ташкилотҳои истифодабарии манзил, кооперативҳои манзил ҳисобро барои барқи дар эҳтиёҷоти умумӣ истифодашуда бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ аз рӯи нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқии дар нуқтаи баҳисобгирӣ насбшуда дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқ мувофиқи тарифи барои гурӯҳи истифодакунандагон муайяншуда баробар мекунанд.

Дар ҳолатҳои берун аз ҳудуди тобеияти балансии шабака насб кардани ҳисобкунаки баркӣ, камшавии қувваи барқ мутобиқи банди 1.7.15. ҳамин Қоидаҳо муайян карда мешавад.

Қувваи барқе, ки ташкилоти истифодабарии манзил бо мақсадҳои техникӣ (кори лифтҳо, насосҳо ва ғ.) сарф мекунад, ҳангоми баҳисобгирии ҷудогона, аз рӯи тарифи гурӯҳи истифодакунандагон пардохта мешавад.

Дар ин ҳолат ҳангоми насби ҳисобкунакҳои барқӣ берун аз ҳудуди ҷудошавии шабакаи барқӣ як қисми қувваи барқи камшуда, аз ҳудуди ҷои ҷудошавӣ то ҷои насб шудани ҳисобкунак мутаносибан бо ҳиссаи барои корҳои техникӣ сарфшудаи барқ аз рӯи тарифи гурӯҳи истифодакунандагон пардохта мешавад.

5.4.2.Агар ташкилоти истифодабарии манзил муваққатан, то насб кардани ҳисобкунакҳо дар ҳар хона бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ аз, рӯи ҳисобкунаки умумӣ ҳисоби барқи дар ҳамаи корҳои маишӣ истифодашударо баробар карда бошад, дар мавриди вай тарифи барои шаҳракҳо муайяншуда истифода карда мешавад.

Ташкилоти истифодабарии манзил ҳангоми баробар кардани ҳисоб бо иҷоранишинони алоҳида тарифи барои аҳолӣ муқарраршударо истифода мекунад.

5.4.3.Ҳуҷҷатҳои пардохти қувваи барқи сарфкардаи ташкилоти истифодабарии манзил аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мувофиқи тартиб ва мӯҳлати дар шартнома зикршуда пур карда мешаванд.

5.5. ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БАРОИ ҚУВВАИ БАРҚ БО АҲОЛӢ (ИСТИФОДАКУНАНДАГОНИ МАИШӢ)

5.5.1.Истифодакунандагони маишӣ барои қувваи барқи дар эҳтиёҷоти шахсӣ - хонаҳо, хоҷагиҳои ёрирасон, дар қитъаҳои боғпарварӣ, дачаҳо, гаражҳои мошинҳои шахсӣ ва дигар объектҳои шахсӣ истифодакардаи худ аз рӯи тарифи ягонаи якставкагии барои аҳолӣ муқарраршуда мувофиқи иқтидори иҷозатдодашуда ва таъиноти ҷараёнқабулкунандаҳои дар рӯзгор истифодашаванда ва ҷои насб шудани ҳисобкунакҳои барқӣ музд мепардозанд.

Аз аҳолӣ рӯёндани ҳама гуна маблағҳои иловагӣ барои қувваи барқ, ки аз арзиши тарифи муқарраршуда зиёд бошад, манъ аст.

5.5.2.Имтиёзҳо барои истифодаи қувваи барқ мутобиқи асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба ташкилоти таъминкунандаи барқ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор муқаррар карда мешаванд.

5.5.3.Ҳангоми худхизматрасонии муштариён пур кардан ва пардохтани ҳуҷҷати пардохт дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи муштарӣ 1 бор дар мӯҳлати муқарраркардаи ташкилоти таъминкунандаи барқ, ки дар дафтарчаи ҳисоббаробаркунӣ зикр шудааст, анҷом дода мешавад.

Камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳои пардохт аз тарафи муштарӣ ҳангоми пур кардан ва пардохтан содиршуда аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ баробари ошкор гардиданашон дар мӯҳлати даъво ба назар гирифта мешаванд.

5.5.4.Дар ҳолатҳое, ки муштариёни маишӣ ба низоми худхизматрасонӣ гузаронда нашудаанд, сабти нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳо ва пур кардани варақаҳои пардохтро барои қувваи барқ назоратчиёни ташкилоти таъминкунандаи барқ, ки вазифадоранд ҳангоми омадан ба хонаҳо бо талаби истиқоматкунандагон шаҳодатномаи хизматиашонро пешниҳод намоянд, анҷом медиҳанд.

Ҳуҷҷатҳои пардохт ба муштарӣ ва дар сурати ҳосил набудани ӯ ба ҳар шахсе, ки бо ӯ дар як хона истиқомат дорад, супорида мешаванд.

Агар дар мавриди азназаргузаронии навбати хонае, ки дар он ҳисобкунак шинонда шудааст, маҳкам бошад, назоратчии ташкилоти таъминкунандаи барқ дар асоси маълумот дар бораи сарфи воқеии қувваи барқ дар давраи ҳисоботии гузашта ҳуҷҷатҳои пардохтро пур мекунад ва дар ва рақаи ҳисоби шахсӣ онро сабт менамояд.

Ҳангоми дар муддати ду давраи ҳисоботӣ бо айби муштарӣ сабти нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқӣ ғайриимкон бошад ва худи муштарӣ дар ин бора ба ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи миқдори истифодашудаи барқ хабар надиҳад, ташкилоти таъминкунанда метавонад, ки додани барқро ба ин хона қатъ намояд.

5.5.5.Ҳангоми бо иҷозати ташкилоти таъминкунандаи барқ муваққатан бе ҳисобкунак истифода кардани барқ баробар кардани ҳисоб барои қувваи барқи аз тарафи муштарии маишӣ истифодашуда бояд аз рӯи иқтидори миёнаи дар шартнома муайяншуда анҷом дода шавад.

5.5.6.Агар дар хонаи коммуналӣ якчанд оила зиндагӣ дошта бошад, тақсимоти қувваи барқи дар давраи ҳисоботӣ истифодашуда дар байни истиқоматкунандагон аз рӯи нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки назоратӣ гузаронда мешавад ва дар сурати набудани ин гуна ҳисобкунакҳо аз рӯи иқтидори ҷараёнқабулкунакҳои ҳар хона ва миқдори соатҳои истифодаи он ҳисоб карда мешавад.

Миқдори қувваи барқи дар ҷойҳои истифодаи умумӣ сарфшаванда дар байни оилаҳои алоҳида мувофиқи истиқоматкунандагони воқеӣ тақсим карда мешавад.

Назорати кори дурусти ҳисобкунакҳои барқии назоратӣ, сабти нишондиҳандаҳои онҳо ва барои истифодаи қувваи барқ байни якдигар баробар кардани ҳисоб вазифаи худи истиқоматкунандагон мебошад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ дар байни шаҳрвандоне, ки қувваи барқро ба воситаи ҳисобкунаки умумӣ ё ҳисобкунаки назоратӣ истифода мебаранд, ҳеҷ гуна ҳисобу китоб намегузаронад.

5.5.7.Ҳуҷҷатҳои пардохт барои қувваи барқ бояд дар муддати 5 рӯз аз рӯзи супорида шудани онҳо ё Ҳангоми худхизматрасонӣ - аз рӯзи дар дафтарчаи ҳисоббаробаркунӣ зикршуда пардохта шаванд.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо тартиби муқарраршуда бевосита музди қувваи барқро аз аҳолӣ ҷамъ карда гирад.

5.5.8. Дар сурати дар мӯҳлати муайяншуда напардохтани ҳуҷҷатҳои пардохт ба ҳар рӯзи аз мӯҳлат гузашта ба андозаи 0,1 фоиз маблағе, ки бояд пардохта шавад, пеня муқаррар карда мешавад.

Агар дар муддати 2 ҳафта (14 рӯз) музди истифодаи барқ аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт супорида нашавад, ташкилоти таъминкунандаи барқ метавонад, ки барқи муштариро аз шабака ҷудо кунад. Барқароркунии додани барқ аз рӯи навбат ва баъд аз супоридани қарз мувофиқи баровард сурат мегирад.

5.5.9.Ҳангоми пайдо шудани шубҳа дар бобати кори дурусти ҳисобкунакҳои барқӣ ё маблағи ҳуҷҷатҳои пардохт муштарӣ ба ташкилоти таъминкунандаи барқ аз рӯи тартиби дар банди 1.8.11. муқарраршуда (бо зикри рақами муштарӣ) ариза медиҳад.

Агар муқаррар гардад, қи ҳисобкунак дар доираи инҳирофоти ҷоиз кор мекунад, муштарӣ хароҷоти вобаста бо санҷиш, таъмин ва иваз кардани ҳисобкунакро мепардозад.

5.5.10.Ҳангоми аз тарафи яке аз истиқоматкунандагон дар вақти ҳисобӣ кардан аз рӯи ҳисобкунаки умумӣ супорида нашудани арзиши барқи истифодашуда ташкилоти истифодабарии манзил баробари расидани аризаи хаттӣ доир ба ин масъала метавонад, ки сими барқи ин истиқоматкунандаро аз шабака ҷудо намояд, ки дар ин бобат акт тартиб дода, як нусхаи он ба истиқоматкунандаи мазкур дода мешавад.

Баъд аз он ки истиқоматкунанда маблағи заруриро месупорад, ташкилоти истифодабарии манзил барқӣ ӯро барқарор мекунад.

Масъалаҳои баҳсталаби байни истиқоматкунандагон дар хусуси баробар кардани ҳисоби байниҳамдигарӣ барои истифодаи барқ аз тарафи ташкилоти истифодабарии манзил, суди рафиқона ва суди халқӣ баррасӣ карда мешаванд.

5.5.11.Ҳангоми мавҷуд набудани ҳисобкунаки барқӣ, тағир додани нақшаи пайвастаи ҳисобкунак, вайрон шудани он, канда шудани тамға, бо роҳи сунъӣ нигоҳ доштани диски он ва дигар нуқсҳое, ки бо мақсади кам кардани нишондиҳандаи истифодаи барқ анҷом дода шудаанд, ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки бо муштарӣ аз нав аз рӯи санҷиши охирин, вале на зиёда аз мӯҳлати даъво, ҳисобро барои истифодаи барқ баробар кунад.

Агар муштарии маишӣ бо мақсади дуздии қувваи барқ сими пинҳонӣ кашида бошад ё асбоби кам карда нишон додани ҳисобкунакро истифода карда бошад ва намояндаи ташкилоти таъминкунандаи барқ дар санҷиши пештара онро ошкор накарда бошад, ташкилоти мазкур бо муштарӣ дар бораи истифодаи барқ аз нав, аз рӯзи варақаи шахсии нав кушодан, вале на зиёда аз мӯҳлати даъво, ҳисобро баробар мекунад.

Аз нав ҳисоб кардан аз рӯи иқтидори ҷараёнқабулкунандаҳо ва миқдори соатҳои истифодаи онҳо аз ҳисоби 24 соат дар шабонарӯз гузаронида мешавад.

5.5.12.Камбудиҳои ҳангоми истифодаи барқ содиркардаи муштарӣ бо ду нусха акти дутарафа (намояндаи ташкилоти таъминкунанда ва муштарӣ) ба расмият дароварда шуда, як нусхаи он ба муштарӣ супорида мешавад.

Акт бе имзои абонент ҳам, агар ӯ ба акт имзо карданро рад карда бошад, дорои эътибор дониста мешавад.

5.5.13. Ташкилоти таъминкунандаи барқ дар асоси акти тартибдодашуда миқдори ба ҳисоб гирифтанашудаи қувваи барқро муайян намуда, ба муштарӣ ба андозаи 2 баробари тариф ҳуҷчати пардохти иловагӣ медиҳад.

Ариза додани муштарӣ, ки дар он оид ба қарори ташкилоти таъминкунандаи барқ норозигӣ баён шудааст, муштариро аз пардохтани ҳуҷҷати пешниҳодщуда дар мӯҳлати муайяншуда озод намекунад.

Дар сурати напардохтани ҳуҷҷати пардохти иловагӣ дар муддати 10 рӯз барқи муштарӣ аз шабака қатъ карда мешавад ва ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи ба таври маҷбурӣ рӯёндани маблағи зарурӣ ба суд даъво пешниҳод мекунад.

Дар ҳолатҳои дахлдор мақомоти назорати давлатии барқ маводро ба мақомоти прокуратура пешниҳод менамоянд.

5.5.14.Ҳамаи масъалаҳои баҳсталаби байни ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунандагони маишӣ, ки бо қарзи истифодаи барқ ва ҷавобгарӣ барои гум шудани ҳисобкунакҳои барқӣ вобастаанд, аз ҷониби судҳои халқӣ баррасӣ карда мешаванд.

Даъво оид ба қарз аз тарафи истифодакунандаи воқеии қувваи барқ пешниҳод қарда мешавад.

6.Истифодаи қувваи барқ аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва дигар истифодакунандагони ғайриистеҳсолӣ

6.1.Ҳамчун муштариёни ташкилоти таъминкунандаи барқ ба расмият даровардани ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар истифодакунандагони ғайриистеҳсолӣ бо роҳи бастани шартнома барои истифодаи қувваи барқ мутобиқи шартномаи намунавӣ анҷом дода мешавад.

Баробар кардани ҳисоб бо муштариёни зикршуда аз рӯи ҳисобкунакҳои барқии дар нуқтаҳои баҳисобгирӣ насбшуда дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқ аз рӯи тарифи барои онҳо тасдиқшуда гузаронида мешавад.

Дар ҳолати берун аз ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқ насб кардани ҳисобкунакҳои барқӣ ҳисобу китоб мутобиқи банди 1.7.15. гузаронида мешавад.

Тартиби пешниҳод намудан ва пардохтани ҳуҷҷатҳои пардохт дар параграфи 1.8. ҳамин Қоидаҳо баён шудааст.

6.2.Ҳуҷҷатҳои пардохтро барои қувваи барқи аз тарафи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар истифодакунандагони ғайриистеҳсолӣ истифодашаванда ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дар мӯҳлати дар шартнома зикршуда пур мекунад.

6.3.Истифодакунандагони ғайриистеҳсолӣ, ки маҷмӯи маблағи пардохташон дар давраи ҳисоботӣ 500 рубл ва аз ин камтар аст, метавонанд, ки онро ба воситаи почта гузаронанд ё онро ба кассаи ташкилоти таъминкунандаи барқ супоранд.

6.4.Дар сурати аз тарафи истифодакунандагони ғайриистеҳсолӣ муваққатан ба ҳисоб гирифта нашудани қувваи барқи истифодашуда ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳисобу китобро аз рӯи иқтидори пайвастшудаи трансформаторҳо (ҷараёнқабулкунандаҳо) барои давраи то насб кардани асбобҳои баҳисобгирӣ анҷом медиҳад.

7.Шартҳои махсус барои инъикос намудан дар шартнома

7.1.Дар вақти муайян кардани дараҷаи эътимоднокии бо барқ таъмин кардани муштарӣ дар шартнома аз рӯи нақшаи воқеии таъминоти берунии корхонаҳо, ташкилотҳо дараҷанокии таъминот бо қувваи барқ, сарфи назар аз хислати бори истифодакунанда, нишон дода мешавад.

7.2.Ҳангоми аз кор баромадани манбаи эҳтиётии таъминоти барқи муштарӣ (хатти кабелӣ, хатти ҳавоии интиқоли барқ), ки дар баланси он қарор доранд ва дар муддати 3 рӯз барқарор карда нашудаанд, ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ дорад, ки дар шартнома дараҷанокии истифодакунандаро аз рӯи нақшаи воқеии таъминоти барқ то пурра барқарор намудани манбаи эҳтиётии таъминот тағьир диҳад.

7.3.Барои нигоҳ доштани фаъолияти системаи энергетикӣ ва устувории таъминоти истифодакунандагон бо қувваи барқ дар шароити камбуди қувва системаи энергетикӣ дар асоси маводи дастурии амалкунанда ҷадвалҳои кам кардани истифодаи қувваи барқ ва иқтидорро таҳия карда, ҳамасола онро то 15 сентябрь барои иҷро ба маълумоти истифодакунандагон мерасонад.

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 1998 № 84
тасдиқ шудааст

 ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 100)

I.Қисми умумӣ

1.1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1.1.Ҳамин «Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 1996 № 465 интишор ёфтаанд.

Қоидаҳои мазкур ҳам барои ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ ва ҳам барои истифодабарандагони он, сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияти онҳо, ҳатмӣ мебошанд.

1.1.2.Истифодаи қувваи барқ танҳо дар асоси шартномаи байни ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва истифодабаранда (муштарӣ) басташуда иҷозат дода мешавад, ки дастгоҳҳои барқии он бевосита ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ пайваст карда шудаанд.

Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ дорад дар ҳолатҳои алоҳида ба муштариёни фаръие, ки ба шабакаҳои барқии муштарии асосӣ пайваст карда шудаанд, шартномаи мустақими молиявӣ бандад.

Ба шартнома акт* дар бораи аз ҳамдигар ҷудо кардани баланси шабакаҳои барқӣ ва масъулияти истифодабарии тарафайн замима мегардад.

Шартномаҳои истифодабарии қувваи барқ мутобиқи шартномаҳои намунавие, ки ба ҳамин Қоидаҳо замима мегарданд, баста мешаванд.

______________

* Истилоҳҳои асосие, ки дар Қоидаҳои мазкур истифода мешаванд, дар охири китоб дода шудаанд.

Эзоҳ: 1. Ин Қоидаҳо дар мавриди шартҳои ҳисоб баробаркунӣ бо истгоҳҳои барқии вазоратҳо ва идораҳо (онҳое, ки блокстанция нестанд) татбиқ намешаванд.

2.Тартиби ҳамчун муштарии ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ ба расмият даровардани аҳолӣ дар фасли 5 ҳамин Қоидаҳо баён шудааст.

1.1.3.Муштариёни фаръӣ барои истифодабарии қувваи барқ бо муштариён шартнома мебанданд.

Дар шартномаи байни муштарӣ ва ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ё дар замима ба шартнома маълумот дар бораи муштариёни фаръии ба шабакаи барқи муштарӣ пайвасташуда (номгӯй, иқтидор, истифодабарии барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ, тариф ва дигар маълумот зикр карда мешаванд.

1.1.4.Аз тарафи муштарӣ барои истифода нисбат ба меъёри муқарраршуда ё иҷозатдодашуда, ки дар шартнома нишон дода шудааст, зиёд кардани иқтидор, ба истифода додани дастгоҳҳои нави барқӣ, инчунин пайваст намудани муштариёни нав танҳо бо иҷозати ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ баъди ба шартномаи истифодаи қувваи барқ ворид намудани тағьироту иловаҳои дахлдор амалӣ мегардад.

Муштарӣ ба шабакаҳои барқи ба ӯ тааллуцдошта дастгоҳи барқиро дар ҳудуди иқтидори дар шартнома нишон додашуда танҳо баъди гирифтани иҷозати иловагӣ аз ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст карда метавонад.

1.1.5.Ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ доранд, ки бо корхонаю ташкилотҳои ҳама гуна шакли моликият, танҳо дар сурати мавҷуд будани меъёрҳои тасдиқшудаи сарфи қувваи барқ барои воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда шартнома банданд.

1.1.6.ШДСҲ «Барқи Тоҷик» ҳақ дорад, ки дар асоси шартномаҳо бо системаҳои энергетикии дигар давлатҳо қувваи барқро содир ё ворид намояд. Истифодакунандагони қувваи барқ ҳақ доранд, ки бо мувофиқаи ШДСҲ «Барқи Тоҷик» қувваи барқро аз дигар давлатҳо ворид намоянд.

1.2. ШАРТҲОИ ТЕХНИКӢ ДАР БОРАИ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚИИ ИСТИФОДАКУНАНДАГОН

1.2.1. Барои пайваст намудани трансформаторҳои нав ё иқтидори иловагии трансформаторҳо ё муҳаррикҳои баландшиддат, инчунин пайваст кардани дастгоҳҳои пастшиддати нав ё нисбат ба меъёри иҷозатдодашуда зиёд кардани иқтидори онҳо, ки ба трансформаторҳои шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунанда пайваст карда мешаванд, ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ иҷозат медиҳад.

1.2.2. Ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ баъди гирифтани дархост аз муассисаи фармоишгар (иморатсоз) ё бо супориши вай аз ташкилоти генералии лоиҳакашӣ дар муддати ду ҳафта барои бо қувваи барқ таъмин намудани муассисаҳо, биноҳо, иморатҳои сохташаванда, навбатҳои онҳо ё бахшҳои алоҳидаи корхонаҳо, ки барои дар майдонҳои гуногун ҷойгир намудани онҳо, вариантҳои муқоисавии техникию иқтисодӣ ё ҳисобҳои техникию иқтисодии васеъ кардан ё азнавсозӣ иҷро карда мешаванд, шартҳои пешакӣ медиҳад.

Дар шартҳои пешакии ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст намудани объект инҳо нишон дода мешаванд:

а) нуқтаҳои пайвастшавӣ (станцияи ёрирасон, истгоҳи барқ ё хатти интиқоли барқ, шиддате, ки мувофиқи он бояд хатҳои ҳавоӣ ё кабелӣ кашида шаванд), дараҷаи дарназардошташавандаи шиддат дар нуқтаҳои пайвастшавӣ, дар ҳолатҳо ҷудогона зарурати омӯхтани варианти сохтмони МБГ дар асоси истифодаи гармӣ ё таҳияи вариантҳои нақшаи шабакаи истеъмолкунандаи қувва нишон дода мешавад;

б) бо сабаби пайдо шудани истифодакунандаи нави қувваи барқ талаботи асоснок оид ба пурқувват намудани шабакаҳои мавҷуда (зиёд кардани бурриши симҳо, иваз ва ё зиёд намудани иқтидори трансформаторҳо, сохтмони бахшҳои эҳтиётй ва ғ.).

1.2.3. Мувофиқаи лоиҳаҳои дарназардошташавандаи бо барқ таъмин намудани муассисаҳо, биноҳо, иморатҳо, навбатҳои онҳо, бахшҳои алоҳидаи корхонаҳо ё объектҳои васеъшаванда ва аз нав сохташавандаи таҳти истифода қарордошта, ки нақшаи берунии бо қувваи барқ таъмин намудани истифодакунанда тағьиротро талаб мекунад, ҳангоми интихоби майдон барои сохтмон тибқи «Дастуруламал дар бораи таркиб, тартиби таҳия, мувофиқа ва тасдиқи лоиҳаҳо ва сметаҳо ҷиҳати сохтмони корхонаҳо, биноҳо ва иморатҳо» аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.2.4. Шартҳои техникии ба шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ пайваст намудани муассисаҳо, биноҳо, иморатҳо, навбатҳои онҳо ё бахшҳои ҷудогонаи онҳо, ки мутобиқи лоиҳаҳои аз рӯи тартиби зикршудаи мувофиқа гардида таҳия щудаанд, аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ дар муддати як моҳи баъди бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудани акт дар бораи интихоби майдони сохтмон ва барои объектҳои сохтмони истиқоматии шаҳрвандон бошад, дар муддати як моҳи баъди қабули қарори ҳукуматҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо оид ба ҷудо кардани қитъаи замин ба истифодакунандаи фарморшгар дода мешаванд.

1.2.5.Ҳангоми азнавсозӣ ё тағьир ёфтани дараҷанокии дастгоҳҳои барқӣ (аз рӯи эътимоднокии барқрасонӣ), ки зиёд намудани иқтидори истеъмолиро талаб намекунад, вале тағьири нақшаи берунии бо барқ таъмин намудани истифодакунандаро пеш мегузорад, истифодакунанда вазифадор аст, ки барои ин аз ташкилоти таъминкунандаи барқ шартҳои техникӣ гирад.

1.2.6.Истифодакунанда вазифадор аст, ки бо талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ бо дарназардошти имкониятҳои техникии аз тарафи ташкилоти мазкур муқарраршуда дастгоҳҳои барқии дигар истифодакунандагонро ба шабакаҳои худ пайваст намояд.

1.2.7.Истифодакунандагони дастгоҳҳои барқие, ки аз шабакаҳои муштариёни яклухтфурӯш харидафурӯш ё муштариёни ташкилоти таъминкунандаи барқ (истифодакунандагони асосӣ) барқ мегиранд, шартҳои техникиро баъди мувофиқаи ҳатмӣ бо ташкилоти таъминкунандаи барқ аз муштариёни зикршуда мегиранд.

Агар бо сабаби зиёд шудани ҳаҷми масраф зарурати таъғир додани нақшаи берунии таъмини қувваи барқи истифодакунандаи харидафурӯш ё муштарӣ ё зиёд кардани иқтидори трансформаторҳо ва муҳаррикҳои баландшиддат, ки дар шартнома бо ташкилоти таъминкунандаи барқ зикр шудааст, ба миён ояд, истифодакунандаи харидафурӯш ё муштарӣ барои ин кор шартҳои техникиро аз ташкилоти таъминкунандаи барқ мегирад.

1.2.8. Дар шартҳои техникии ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст намудани объект инҳо нишон дода мешаванд:

а) нуқтаҳои пайвастшавӣ (станцияи ёрирасон, истгоҳи барқӣ ё хатти интиқоли барқ), шиддате, ки мувофиқи он бояд хатҳои ҳавоӣ ё кабелӣ кашида шаванд, дараҷаи дарназардошташавандаи шиддат дар нуқтаҳои пайвандшавӣ; дар ҳолатҳои ҷудогона зарурати омӯхтани варианти сохтмони МБГ дар асоси истифодаи гармӣ ё таҳияи вариантҳои нақшаи шабакаи истеъмолкунандаи қувва;

б) бо сабаби пайдо шудани истифодакунандаи нави қувваи барқ талаботи асоснок оид ба пурқувват намудани шабакаҳои мавҷуда (зиёд кардани бурриши симҳо, иваз ва ё зиёд намудани иқтидори трансформаторҳо, сохтмони бахшҳои эҳтиётӣ ва ғайра);

в) бузургии ҳисобии ҷараёнҳои расиши кӯтоҳ, талабот оид ба муҳофизати реле, автоматика, алоқа, оиқ (изоляция) ва муҳофизат аз шиддати барзиёд;

г) талабот оид ба ҷуброни иқтидори реактивӣ;

д) талабот дар бораи баҳисобгирии қувваи барқ;

е) талаботи махсус оид ба насби дастгоҳҳои собиткунанда, олот ва асбоби назорати сифати қувваи барқ дар қабулкунаки он мувофиқи ГОСТ;

ж) талабот оид ба танзими ҷадвали шабонарӯзии масрафи истифодакунанда;

з) тавсияҳо ва иҷозати «Тоҷикгосэнергонадзор» оид ба истифодаи лоиҳаҳои намунавӣ;

и) талаботи махсус ба дастгоҳҳои барқии истифодакунандагоне, ки ба онҳо хатҳои таъминотии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст мешаванд (зарурати захираи таъминотӣ, муҳофизатӣ, автоматӣ ҳангоми ба кор даровардан, имконпазирии кори ҳамзамони хатҳои таъминот, бо мақсади нигоҳ доштани таъминоти қабулкунакҳои қувваи барқ, ҳангоми пайдо шудани камбуди иқтидор дар системаи энергетикӣ ҷудо намудани ҳаҷми зарурӣ дар хатҳои алоҳидаи захиравии таъминот ва ғ.);

к) талабот оид ба таҳияи лоиҳаи корхона, бино, иншоот (лоиҳаи корӣ) дар бобати ташкили истифодабарии дастгоҳҳои барқӣ;

л) рӯйхати муштариёни фаръие, ки ба шабакаи истифодакунанда пайваст карда мешаванд, бо зикри маълумоти асосии дурнамо доир ба бори онҳо ва истифодаи қувваи барқ;

м) талаботи иловагӣ ба дастгоҳҳои барқии мутобиқ бо асноди директивӣ.

1.2.9.Иҷрои шартҳои техникие, ки ташкилотҳои таъминкунандаи барқ додаанд, барои истифодакунандагон фармоишгарҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашие, ки ба онҳо таҳияи лоиҳаи барқрасонӣ супорида мешавад, ҳатмӣ аст.

Мӯҳлати амали шартҳои техникӣ ҳангоми интихоби майдони сохтмон ё барои лоиҳаи азнавсозӣ тайёр намудани бино, сохтмон бе азхудкунии ҳудуди иловагӣ ва объектҳои сохтмони истиқоматии шаҳрвандӣ муқаррар карда ва дар шартҳои техникӣ нишон дода мешавад. Мӯҳлати зикршуда бояд аз вақти барои лоиҳакашӣ ва сохтмони корхона, бино, иншоот, навбатҳои он ё бахшҳои алоҳида зарур, ки дар асоси меъёрҳои ҷории давомнокии сохтмон муайян шудааст, кам набошад.

1.2.10.Лоиҳаи (лоиҳаҳои корӣ) корхона, бино, иншоот, навбатҳои онҳо ё бахшҳои алоҳида, ки дар асоси қарорҳои лоиҳавии таҳияшуда ҳангоми интихоби майдони сохтмон ё ба лоиҳакашӣ тайёр намудани бино, шартҳои техникӣ барои ба шабакаҳои ташкилотҳои таъминкунандаи барқ ва «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» (ки бояд аз тарафи сармуҳандиси лоиҳа бо қайди дахлдор тасдиқ шуда бошад), мувофиқа карда шудаанд, бояд дар масъалаи таъминоти дохилии Қувваи барқ бо «Тоҷикгосэнергонадзор» ба мувофиқа расонида шаванд.

Дар ҳолатҳои ҷудогона, дар сурате, ки ҳангоми лоиҳакашии корхона, бино, иншоот, навбатҳои он ё бахшҳои алоҳида зарурати қисман аз нишондодҳои қарорҳои лоиҳавии зикргардида ва шартҳои техникии мувофиқашуда инҳироф (берун рафтан) ба миён меояд, ин инҳирофот бояд пешакӣ аз тарафи ташкилотҳои лоиҳакашӣ бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ, ки пештар қарорҳои лоиҳавиро мувофиқ дониста, шартҳои техникиро додааст, ба мувофиқа расонида шаванд.

Нақшаҳои кориеро, ки дар мутобиқати пурра бо лоиҳа (лоиҳаи корӣ) таҳия шудаанд, ба мувофиқа расонидан лозим нест.

1.2.11.Фармоишгар (истифодакунанда) бо иштироки ташкилоти лоиҳакашӣ то оғози корҳои сохтмон дар объект, қисматҳои дахлдори лоиҳа (лоиҳаи кори)-и корхона, бино, сохтмон, навбатҳои он ё бахшҳои ҷудогона ва нақшаҳои кориро ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пешниҳод мекунад.

Ин ташкилот дар муддати 10 рӯз мутобиқати қарорҳои лоиҳавии қабулшударо бо шартҳои техникӣ ва «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» месанҷад ва барои ба шабакаи барқи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пайваст намудани объект иҷозат медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо, вақте ки зарурати санҷиши иловагӣ ба миён меояд, мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии зикршуда то 1 моҳ дароз карда мешавад.

Дар ҳолате, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ инҳирофот аз талаботи шартҳои техникӣ, ё асноди ҷории меъёрӣ ошкор мегарданд, ба фармоишгар дар бораи пайваст кардани объект ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ бо зикри далелҳо мактуб бо ҷавоби рад фиристода мешавад.

Фармоишгар (истифодакунанда), ки барои ба шабакаи истифодакунандаи харидафурӯш ва ё муштарӣ пайвастан шартҳои техникӣ гирифтааст, ҳуҷҷатҳои таҳияшудаи лоиҳавии пайваст намудани корхона, бино, иншоотро ба истифодакунандаи харидафурӯш ё муштарӣ пешниҳод менамояд.

1.2.12.Шинондани дастгоҳҳои барқии нав, васеъ кардан ва таҷдиди дастгоҳҳои барқии амалкунандаи истеъмолкунандагон бо қувва ва маблағи худи истифодакунандагон сурат мегирад.

1.2.13.Дар сурате, ки агар ба таркиби иқтидори умумии бо шартҳои техникӣ иҷозатдодашуда дастгоҳҳои барқии гармкунанда ва термикӣ (сарфи назар аз таъинот) дохил бошанд, он гоҳ ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳангоми мавҷуд будани хулосаи «Тоҷикгосэнергонадзор» барои истифодаи дастгоҳҳои термикӣ ба шабака пайваст намудани онҳоро ба таври инфирода баррасӣ мекунад.

1.3.ИҶОЗАТ БА ИСТИФОДАИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚИИ МУШТАРИЁН

1.3.1.Ҳамаи дастгоҳҳои барқии ба шабака пайвастшаванда ва таҷдидшавандаи истифодакунандагон бояд мутобиқи «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ», меъёрҳои сохтмон ва асноди дигари меъёрӣ иҷро шуда, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бо тартиби муқарраргардида мувофиқшуда, инчунин ҳуҷҷатҳои қабулу супоридани техникӣ дошта бошанд.

1.3.2.Дастгоҳҳои барқӣ, қабл аз ба истифода додан бояд аз озмоиши қабулу супоридан гузаронида шаванд ва истифодакунанда онҳоро аз ташкилоти васлкунанда бо акти мутобиқи қоидаҳои ҷорӣ тартибдодашуда қабул намояд.

Баъд аз ин истифодакунанда вазифадор аст, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва қабулу супоридани техникиро дар ҳаҷми зарурӣ ва дастгоҳҳоро ба нозири Назорати давлатии барқ ҷиҳати муоина ва додани иҷозат барои истифода пешниҳод намояд.

Дастгоҳҳои барқии таҷдидшуда низ пеш аз он, ки ба истифода дода мешаванд, бояд аз муоинаи нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» гузаронида шаванд.

1.3.3.Тартиби ба истифода иҷозат додани дастгоҳҳои барқӣ ба дастгоҳҳои нав насбшуда ва таҷдидшудаи муштариёни фаръӣ, аз ҷумла барои ба шабакаи истифодакунандагони харидафурӯш пайваст намудани онҳо татбиқ мегардад.

1.3.4. Ба истифода иҷозат додани дастгоҳҳои барқӣ ҳамон вақт имконпазир аст, ки истифодакунанда коргари техникии барқ ва шахсе, ки масъули хоҷагии барқ таъин шудааст, дошта бошад.

1.3.5.Агар дастгоҳҳои барқии нав насбшудаи истифодакунанда (станцияҳои ёрирасон, шабакаҳо) транзитӣ бошанд ё ба тарзи собит ба хатти интиқоли барқи 35 кв ва зиёда аз он пайваст шуда, ба баланс ва хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дода шуда бошанд, қабул ва барои истифода иҷозат додани онро корхонаи дахлдори системаи энергетикӣ ва «Тоҷикгосэнергонадзор» анҷом медиҳанд.

1.3.6.Ба дастгоҳҳои барқии нав дар сурати мавҷуд будани иҷозати (наряд) «Тоҷикгосэнергонадзор» барои истифода баъди имзои шартнома оид ба истифодаи қувваи барқ ва санҷишу насби асбобҳои баҳисобгирӣ шиддат дода мешавад.

1.3.7.Муоинаи техникӣ ва барои истифодаи дастгоҳҳои барқӣ иҷозат додан, ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва «Тоҷикгосэнергонадзор»"-ро дар мавриди ба истифода додан муътадил кор накардани онҳо масъул намесозад.

1.3.8.Дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо дар насби дастгоҳҳои барқӣ, инҳирофот аз шартҳои техникии барои пайвастан додашуда, «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» СНиП ва дигар асноди меъёрӣ ё дар мавриди набудани коргари хизматрасони дастгоҳҳои мазкур бо бар'тараф намудани камбудиҳои ҷойдошта барои истифодаи онҳо иҷозат додан манъ аст.

1.3.9.Дастгоҳҳои барқие, ки кори онҳо хислати мавсимӣ дорад, ҳар сол пеш аз ба кор даровардан бояд аз муоинаи нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» гузаронида шаванд. Дар ин ҳолат бояд ба нозир протоколи озмоиш тафтиши дастгоҳ пешниҳод карда шавад.

Ба дастгоҳҳои барқии хислати кори мавсимигашта баъди аз санҷиш гузаронидани онҳо ва додани иҷозат барои истифода шиддат дода мешавад.

1.4.ШАРТҲОИ АСОСӢ ВА НИЗОМИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.4.1.Ташкилоти таъминкунандаи барқ, ба ҳамаи истифодакунандагон мутобиқи ҳаҷми истифодаи иқтидор ва қувва, ки дар шартнома оид ба расонидаии қувваи барқ муайян карда шудааст, қувваи барқ медиҳад.

Дар ҳолати ба миён омадани камбуди қувва ва иқтидор дар системаи энергетикӣ ташкилоти таъминкунандаи барқ бо дарназардошти захираҳои мавҷудаи қувваи барқ ва тақсимоти он ба семоҳаҳо ва ҳар моҳ ҳаҷми қувваи истифодашаванда ва иқтидорро ба шартнома дохил мекунад.

1.4.2.Ҳангоми дар ихтиёри муштарӣ мавҷуд будани истгоҳи барқии худӣ (блокстанция) барои ӯ нақшаи умумии истифодаи қувва бо ҷудо намудани таҳвили қувваи барқ аз шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ ва қувваи истеҳсолкардаи блокстанцияи худӣ, муқаррар карда мешавад.

1.4.3.Ҳамаи истифодакунандагон вазифадоранд, ки нақшаҳои муқаррарнамуда ва низоми истифодаи қувваи барқро риоя намоянд, истифодаи оқилона ва пурсамари онро таъмин кунанд, ба тороҷ ва бемавқеъ сарфшавии он роҳ надиҳанд.

1.4.4. Истифодакунандагони саноатӣ ва истифодакунандагони ба онҳо баробарҳуқуқи кишоварзӣ вазифадоранд, ки:

а) меъёрҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ асоснок ва пешқадами ба ҳар воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда, кор (корҳои умумиистеҳсолӣ ва технологӣ, инфиродӣ ва гурӯҳӣ, солона, семоҳа ва моҳона) сарф шудани қувваи барқро таҳия намоянд ва ҳангоми такмил (тағьир) додани технология, ташкили истеҳсолот ва ҷорӣ намудани техникаи нав онҳоро аз нав дида бароянд.

Меъёри сарфи қувваи барқ барои як воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда аз тарафи вазоратҳо ва кумитаҳои дахлдор тасдиқ ва бо «Тоҷикгосэнергонадзор» мувофиқа карда мешавад;

б) барои ҳар корхона дар маҷмӯъ, инчунин барои агрегатҳо, сехҳо ва гурӯҳҳои истифодакунандагон, ки қувваи зиёд сарф мекунанд, балансҳои истифодаи қувваи барқро тартиб диҳанд ва дар асоси он самаранокии истифодаи қувваи барқро дар равандҳои истеҳсолот таҳлил намоянд, сарфаи бефоида ва кам шудани қувваи барқро ошкор карда, барои кам ва бартараф намудани онҳо тадбирҳо аидешанд;

в) бо мақсади муайян намудани талабот ба қувваи барқ дар давраи ба нақша гирифташаванда афзоиши иқтидори ҳосилшавандаи ташкилоти таъминкунандаи барқ, зарурати баланд бардоштани қобилияти таъминотии шабакаҳои барқӣ, такмили нақшаи барқрасонӣ барои як сол ва дурнамои минбаъда (бо дарназардошти хаҷми ба нақша гирифташавандаи истеҳсоли маҳсулот, навъҳои кор ва меъёрҳои сарфи қувваи барқ ва ба эътибор гирифтани вазифаҳои самти қувваи барқ ва ба эътибор гирифтани вазифаҳо оид ба кам кардани онҳо ва чорабиниҳо доир ба сарфаи қувваи барқ) баланси истифодаи қувваи барқро тартиб диҳанд;

г) меъёрҳои тасдиқшудаи сарфи қувваи барқро барои ҳар воҳиди маҳсулот риоя кунанд ва иҷрои вазифаҳои муқаррашударо доир ба кам кардани онҳо таъмин намоянд;

д) нақшаи солона ва дурнамои (минбаъда) чорабиниҳои ташкилию техникии сарфа кардани қувваи барқро таҳия намоянд ва амалӣ гардонанд;

е) якҷоя бо ташкилоти таъминкунандаи барқ ва «Тоҷикгосэнергонадзор» чорабиниҳои танзимкунандаро оид ба кам кардани бор дар соатҳои сарфи ҳадди аксари шабонарӯзии бори системаи энергетикӣ таҳия ва амалӣ намоянд;

ж) ҳангоми қатъи садамавии системаи энергетикӣ талаботи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқро оид ба кам кардани бор (қатъ кардан) ё мутобиқи ҷадвалҳои тасдиқшудаи кам ва қатъ кардани барқи истифодакунандагон ҳангоми нарасидани иқтидори барқ дар системаи энергетикӣ ё системаи мутамаркази энергетикӣ бечунучаро иҷро намоянд;

ж) лимитҳои муқаррарнамудаи ташкилоти таъминкунандаи барқро оид ба ҳаҷми иқтидор дар соатҳои сарфи ҳадди аксари системаи энергетикӣ, андозаҳои қобили қабули иқтидори реактивӣ, ки аз шабакаи ташкилоти таъминкунандаи барқ истифода карда мешаванд ва низоми кори дастгоҳҳои ҷубронкунандаро риоя намоянд;

з) мутобиқи шартнома бо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқӣ нишондиҳандаҳои сифатии қувваи барқро, ки дар кори қабулкунандаҳои барқии муштарӣ зикр шудаанд, нигоҳ доранд.

1.4.5. Ҳангоми вайрон кардани нақшаҳо ва низоми муқарраршудаи истифодаи қувваи барқ дар мавриди истифодакунандагон чораҳои таъсиррасонӣ (ҷарима) истифода мешаванд:

а) барои исрофкории қувваи барқ дар мавриди ашхоси гунаҳкор метавонанд чораҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида андещида шаванд;

б) дар ҳолати вайрон кардани тартиби муқарраршудаи истифодаи қувваи барқ вайронкунандагони тартиб бо пешниҳоди ташкилоти таъминкунандаи барқ ба навбати аввали қатъкунӣ аз рӯи ҷадвали садамавии тасдиқшуда гузаронида мешаванд. Ҳангоми мунтазам вайрон кардани тартиб барқ фавран қатъ карда, вайронкунандаи тартиб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад;

в) ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои аз меъёри шабонарӯзӣ зиёд истифода бурдани қувва мутобиқи б. 1.9.6. ҳамин Қоидаҳо додани барқро ба истифодакунанда маҷбуран маҳдуд намояд;

г) ҳангоми аз ҳаҷми шартномавӣ зиёд истифода намудани қувва, истифодакунанда арзиши 10-каратаи онро мутобиқи б. 1.8.2. месупорад. Пардохт барои аз меъёри дар шартнома нишон додашуда зиёд истифода бурдан ба муштарӣ ҳуқуқи истифодаи барзиёди қувваро дар оянда намедиҳад;

д) дар ҳолатҳои бо айби истифодакунанда паст шудани сифати қувваи барқ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаҳои барқӣ истифодакунанда ба ҳаҷми 25 фоизи арзиши қувваи барқӣ бо сифати паст додашуда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ҷарима месупорад.

1.5.ИСТИФОДАИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚӢ АЗ ТАРАФИ МУШТАРИЁН

1.5.1.Ҳудуди ҷавобгарии байни истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ҳолат ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқӣ бо тобеияти баланси онҳо муайян карда шуда, дар акти аз ҳам ҷудо кардани тобеияти балансии шабакаҳои барқӣ ва ҷавобгарии тарафайн барои истифодабарӣ, ки ба шартнома замима мегардад, қайд карда мешавад.

1.5.2.Ҳудуди ҷавобгарӣ барои ҳолат ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқии шиддаташон 1000 В ва зиёда аз он чунин муқаррар карда мешавад:

а) дар пайвасткунандаи оиқи гузарандаи хатти ҳавоӣ аз қисмати берунии олоти тақсимкунандаи пӯшида ва дар баромади симҳо аз сиққонаки кашандаи шаддаи оиқҳои олоти тақсимкунандаи кушода;

б) дар нӯги воридаи кабелӣ ё ҳавоии таъминотӣ ё хатҳои берунраванда.

Зимнан ҷавобгарӣ барои ҳолати дар зербандҳои «а» ва «б» зикршудаи пайвастшавӣ ба зиммаи ташкилоте, ки станцияи ёрирасонро истифода мекунад, гузошта мешавад.

Ҳудуди ҷавобгарӣ барои ҳолат ва хизматрасонии хаттӣ интиқоли барқи шиддаташ 1000 В ва зиёда аз он, ки кафшер (мустақим ё ба воситаи ҷудокунанда) дорад ва ба ташкилотҳои гуногун мутааллиқ аст, дар пояи хатти асосӣ, ҷое ки кафшер шудааст, муқаррар карда мешавад. Ҷавобгарӣ барои ҳолати сиққонакҳое, ки кафшерҳоро пайваст мекунанд ба дӯши ташкилоте мебошад, ки хатти асосӣ дар ихтиёри он аст.

Эзоҳ: Муқаррар кардани ҳудуди дигари масъулияти асосноке, ки мувофиқи хусусиятҳои истифодаи дастгоҳҳои барқӣ ё олоти алоқа ба миён меояд, имкон дорад.

1.5.3. Ҳудуди ҷавобгарӣ байни истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи барқ барои ҳолат ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқии шиддаташон то 1000 В чунин муқаррар карда мешавад:

а) ҳангоми мавҷуд будани шохаҳои ҳавоӣ - дар оиқҳои аввалин, ки дар болои бино ё пояи интиқоли барқ насб карда шудаанд;

б) ҳангоми интиқоли заминии барқ тавассути кабел дар нӯги кабели таъминотӣ дар даромадгоҳи он ба бино.

Ҷавобгариро барои ҳолати пайвастшавӣ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқӣ дар хонаҳое, ки ба идораҳои истиқоматӣ, муассисаҳо ва дигар истифодакунандагони ғайриистеҳсолӣ тааллуқ доранд, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба ӯҳда дорад.

Дар сурати мутобиқати ҳудуди тобеияти балансии дар банди мазкур зикршуда онҳо метавонанд, ки бевосита дар шартнома муайян карда шаванд.

1.5.4. Истифодакунанда барои ҳолати техникӣ, техникаи бехатарӣ ва истифодаи дастгоҳҳои барқии дар ихтиёраш буда барои истифодаи оқилонаи қувваи барқ, иҷрои нақшаҳо ва низоми муқарраршудаи истифодаи барқ, таъмини сифати қувваи барқ ва риояи интизоми оперативӣ мутобиқи қоидаҳои амалкунанда, инчунин барои сапти вақт иҷро намудани дастурҳои намояндагони мақомоти назорати энергетикӣ ҷавобгар аст.

1.5 5. Дар сурати мавҷуд будани шароити хоси истеҳсолот ва истифодаи дастгоҳҳои барқи (зеризаминӣ, истеҳсолоти тарканда, кашиши баркӣ)-е ки дар «Қоидаҳои истифодаи техникии дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон» ва «Қоидаҳои техникии бехатарӣ ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон» зикр нашудаанд, истифодакунандагон вазифадоранд, ки оид ба истифода ва хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқии мазкур дастуруламалҳои махсус дошта бошанд.

1.5.6.Бо мақсади истифодаи эътимоднок, сарфакорона ва бехатари дастгоҳҳои барқӣ истифодакунанда вазифадор аст ки:

а) санҷиши ҳолат, озмоиши эҳтиётӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқӣ ва воситаҳои муҳофизатии ба вай тааллуқ дошта, инчунин таъмири бинои ҷойгиршавии таҷҳизоти тақсимкунанда ва трансформаторҳоро дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи меъёр ва қоидаҳои амалкунанда анҷом диҳад;

б) нақшаи таъминоти барқро бо ҷудо кардани бори масъул дар хатҳои захиравии таъминоти берунӣ, ки интиқоли қувваи барқро барои пурра кардани брони технологӣ ва садамавӣ ҳангоми кам кардани бори садамавӣ дар системаи энергетикӣ таъмин мекунанд, такмил диҳад;

в) риоя намудани супоришҳои ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқро оид ба мушаххасот ва дастурҳо дар мавриди муҳофизати реле ва автоматика инчунин дастурҳо оид ба автоматҳо ва асбобҳои муҳофиз риоя кунад; насби автоматҳои баҳаракатандозии захира (АБЗ)-ро бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мувофиқа намояд;

г) бо талаби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ нишондиҳандаҳои сифати қувваи барқро, ки бо кори дастгоҳҳои барқии истифодакунанда муайян карда мешаванд ба таври доимӣ, давра ба давра ё гоҳ-гоҳ назорат намояд; оид ба беҳбуди сифати қувваи барқ дар шабакаҳои барқии худ чорабаниҳо гузаронад;

д) мутобиқи талаботи бобҳои 1-5 «Қоидаҳои сохтори дастгоҳи барқӣ» баҳисобгирии қувваи барқ ва иқтидори онро таъмин гардонад;

е) хизматрасонии дастгоҳҳои барқиро аз тарафи коргари дорои тахассуси зарурӣ таъмин намояд; коргари хизматрасони дастгоҳҳои барқиро таълим ва дастур диҳад ва ӯро бо ҷои кори муҷаҳҳаз, воситаҳои ҳифозатӣ ва асбобҳо, мавод ва дастурамалҳои зарурӣ таъмин гардонад;

ж) тадбирҳои зидди садама, сӯхтор ва оид ба техникаи бехатариро амалӣ гардонад;

з) бо мақсади назорат аз болои низоми истифодаи барқ, истифодаи сарфакорона ва оқилонаи он, назорат намудани ҳолати техникии хоҷагии барқ, дар ҳар лаҳзаи шабонаруз ба намояндагони мақомоти назорати давлатии барқ додани имконияти дохилшавиро ба ҳама гуна нуқтаҳои барқӣ аз рӯи шаҳодатномаи хизматии онҳо таъмин намояд;

и) дастурҳои намояндагони назорати давлатии барқро дар бораи бартараф кардани камбудиҳои дар сохтмон, истифодабарӣ ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқӣ ва истифодаи қувваи барқ ҷойдошта дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро намояд.

1.5.7.Истифодакунанда вазифодар аст, ки:

а) дар бораи ҳамаи камбудиҳои нақшаи баҳисобгирӣ ва ғайри қобили кор будани асбобоҳои ҳисобкунӣ;

б) дар бораи садамаҳои вобаста бо қатъи хатҳои таъминотӣ, вайрон шудани таҷҳизоти асосӣ, зарар дидани одамон ва ҳайвонот аз ҷараёни барқ, инчунин дар бораи сӯхторҳое, ки бо сабаби вайрон будани дастгоҳҳои барқӣ ба амал омадаанд;

в) доир ба ҳама гуна вайрониҳои таҷҳизоте, ки ба ташкилоти таъминкунандаи барқ тааллуқ доранд ва дар бино ё ҳудуди истифодакунанда ҷойгиранд, фавран ба ташкилоти таъминкунандаи барқ хабар диҳад.

1.5.8.Ба таъмир гузоштани хатти интиқоли қувваи барқ, нуқтаҳои тақсимкунанда ва истгоҳҳои трансформатории муштарие, ки тавассути он ба таври транзитӣ ба дигар истифодакунандагони ташкилоти таъминкунандаи барқ қувва дода мешавад, инчунин баъди таъмир ба кор даровардани таҷҳизоти зикршуда бо иҷозати ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.5.9. Истифодакунанда ва ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ вазифадоранд, ки тибқи «Қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқӣ» ҳифзи дастгоҳҳои барқии дар ҳудуди онҳо қарордошта, ба онҳо озодона дастрасӣ доштан ва даромадан, дар минтақаҳои муҳофизатии хатҳои кабелӣ ва ҳавоии интиқоли барқ манъ кардани ҳама гуна сохтмон, нигоҳ доштани масолеҳ, анҷом додани корҳои заминканӣ ва сохтмонро бе иҷозати ташкилоте, ки хатҳои кабелӣ ва ҳавоӣ ба он тааллуқ дорад, таъмин намоянд.

1.5.10 Истифодакунанда вазифадор аст, ки дохил шудани коргарони ташкилоти таъминкунандаи барқро барои дар қисми транзистии истгоҳҳои ёрирасон анҷом додани корҳои тағьирдиҳии иқтидор ва корҳо оид ба сохтмон ва таъмири шабакаҳои барқии ташкилоти таъминкунандаи барқии дар ҳудуди он ҷойгир шудаанд, таъмин намояд. Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки баъди ба анҷом расонидани корҳо аз ҳисоби худ ҳудуд ва биноеро, ки дар он ҷойҳо корҳоро анҷом додааст, ба таври зарурӣ ба тартиб дарорад.

1.5.11. Истифодакунанда вазифадор аст, ки барои сохтмон ва ба кор андохтани истгоҳҳои барқии идоравӣ аз ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ иҷозат гирад, назоратро аз болои онҳо ва кори мӯътадили онҳо таъмин намояд.

1.5.12. Истифодакунандагони қувваи барқ вазифадоранд, ки:

а) мувофиқи намунаҳои тасдиқшуда ва дар мӯҳлатҳои мутобиқи низомномаҳои амалкунанда муқарраргардида оид ба тартиби пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи сарфи қувваи барқ, иҷрои меъёрҳои сарфи қувваи барқ ва дигар нишондиҳандаҳо ба ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳисобот пешниҳод намоянд;

б) бо талаби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ 24 соати рӯзи охири ҳар давраи ҳисоботиро ба қайд гирифта, мутобиқи ҷадвали муқарраршуда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқ (системаи баҳисобгирӣ), ки миқдори барқи аз шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ гирифташуда, барқи ба муштариёни фаръӣ додашуда ва барқи дар блокстанцияҳои худӣ истеҳсолшударо ба ҳисоб мегиранд, маълумот диҳанд;

в) ҳар сол на камтар аз 2 маротиба ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ҷадвали истифодаи фаъоли қувва ва иқтидори реактивиро дар рӯзҳои кории хоси зимистон ва тобистон пешниҳод намоянд;

г) ба ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дар бораи истифодаи барқ дар соли оянда дархост пешниҳод намоянд;

д) бо талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ маълумоти зеринро ба ҳисоб гирифта, маълумот диҳанд:

сарфи қувваи фаъол дар ҳар шабонарӯз ва ҳар моҳ;

сарфи ҳар шабонарӯзии иқтидори реактивӣ дар давраҳои бори ҳадди аксар ва ҳадди ақали системаи энергетикӣ;

сарфи қувваи фаъол (иқтидор) дар ҳар 30 дақиқа ҳангоми интиқоли бори ҳадди аксари системаи энергетикӣ.

Эзоҳ: Ба қайд гирифтани сарфи шабонарӯзии қувваи барқ ва бори воқеӣ (фаъол ва реактивӣ) аз тарафи истифодакунанда дар китоби рақам гузошташуда ва сӯрох карда, ресмон гузаронидашуда сурат мегирад.

1.6.НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАРК АЗ БОЛОИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚИИ ИСТИФОДАКУНАНДАГОН

1.6.1.Вазорати давлатӣ аз болои дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон, сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи Назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон (мухтасар - «Тоҷикэнергонадзор») амалӣ мегардад.

1.6.2.«Тоҷикгосэнергонадзор» дар асоси «Низомномаи Назорати давлатии барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 1996 таҳти № 465 тасдиқ шудааст, амал мекунад.

Назорати энергетикӣ аз болои дастгоҳҳои барқие, ки аз рӯи қоидаҳои махсуси бо Ширкати давлатии саҳҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» мувофиқашуда ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида истифода бурда мешаванд, аз ҷониби вазоратҳо ва идораҳои дахлдор ба амал бароварда мешавад.

1.6.3.Ба амал баровардани назорати давлатии барқ вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои кишоварзӣ ва истиқоматию коммуналиро аз ӯҳдадорӣ дар мавриди назорати ҳолати техникӣ ва истифодаи дастгоҳҳои барқии ташкилоту корхонаҳои тобеи онҳо озод намекунад ва масъулияти худи истифодакунандагонро дар бобати риояи «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ», «Қоидаҳои истифодабарии техникии дастгоҳҳои барқӣ аз тарафи истифодакунандагон», «Қоидаҳои техникаи бехатарӣ» ҳангоми истифода бурданӣ дастгоҳҳои барқӣ», «Қоидаҳои қстифодаи қувваи барқ» ва дигар асноди директивӣ аз байн намебарад.

17.НАСБ ВА ИСТИФОДАИ АСБОБҲОИ БАҲИСОБГИРИИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.7.1.Дастгоҳҳои барқии истифодакунандагон бояд бо мақсади баробар кардани ҳисоб бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ бо асбобҳои зарурӣ таъмин бошанд.

1.7.2.Ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ, инчунин ба шабакаҳои муштарӣ истифодакунандаи харидафурӯш ва муштариёни фаръӣ пайваст намудани дастгоҳҳои барқие, ки асбобҳои баҳисобгирии қувваи барқро надоранд, манъ аст.

1.7.3. Ҳангоми ба якчанд истифодакунандагони гӯрӯҳҳои гуногуни тарифбандишаванда аз як нуқтаи таъминот додани қувваи барқ бояд барои ҳар гурӯҳи тарифбандишаванда асбобҳои баҳисобгирӣ насб карда шаванд.

Ғайр аз ин барои баҳисобгирии назоратии қувваи барқ (назорат аз болои иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи сарфи қувваи барқ) дар сехҳои алоҳида, агрегатҳое, ки барқро зиёд масраф мекунанд, дар хатҳои технологӣ, биноҳо, объектҳои алоҳидаи кишоварзӣ ва хоҷагии коммуналию маишӣ ва дигар объектҳои асбобҳои баҳисобгирӣ насб карда мешаванд.

1.7.4. Асбобҳои баҳисобгирӣ (аз ҷумла ҳисобкунакҳои барқии қувваи фаъол, иқтидори реактивӣ, инчунин олоти ҷамъбасткунанда ва системаҳои автоматии баҳисобгирӣ) мутобиқи «Қоидаҳои сохтори дастгоҳҳои барқӣ» насб карда мешаванд ва бояд ҷавобгӯи талаботи ГОСТ бошанд.

1.7.5. Дар биноҳои истиқоматӣ барои ҳар хона ҷиҳати баробар кардани ҳисоби аҳолӣ ҳисобкунакҳои барқӣ насб карда мешаванд.

Ғайр аз ин, ки дар ҳар хона ҳисобкунаки барқӣ насб карда мешавад, ҳамчунин барои ҳисобу китоби идораҳои истифодаи манзил барои барқи дар корҳои умумӣ (равшан кардани зинаҳои баромад, кори лифтҳо, насосҳо ва ғ.) истифодашуда низ ҳисобкунаки барқӣ гузошта мешавад.

1.7.6.Ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҷумла ҳисобкунакҳои электронӣ, инчунин дигар воситаҳои баҳисобгирии барқ ва иқтидор (дастгоҳҳои ҷамъбасткунанда, системаҳои автоматии баҳисобгирӣ ва назорат ва ғ.), ки барои бо ташкилоти таъминкунандаи барқ баробар кардани ҳисоби корхонаҳо, совхозҳо, ташкилотҳои истифодаи манзил (идораҳои истифодаи манзил, шӯъбаҳои манзилу коммуналӣ, идораи хонаҳо ва ғ.) ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ пешбинӣ шудаанд, аз тарафи истифодакунандагон харида ва насб шуда, ба таври ройгон ба баланси ташкилоти таъминкунандаи барқ дода мешаванд.

Ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва ҳолати техникии трансформаторҳои андозагирӣ ва занҷирҳои дӯюм (иловагӣ), аз ҷумла хатҳои алоқаи системаи автоматиконидае, ки асбобҳои баҳисобгириро бо барқ таъмин мекунанд, ташкилоте ба ӯҳда дорад, ки дастгоҳҳои барқӣ дар баланси он қарор доранд.

1.7.7.Ҳисобкунакҳои барқии дар хонаҳо буда (ғайр аз хонаҳое, ки дар моликияти шахсии шаҳрвандон қарор доранд), ки барои баробар кардани ҳисоби аҳолӣ бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ пешбинӣ шудаанд, бояд дар баланс ва хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи барқ бошанд.

Зимнан ҳисобкунакҳои барқӣ (ҳисобкунакҳои хонаҳо ва барои ба ҳисоб гирифтани сарфи умумии қувваи барқ дар бино) бо тартиби зер харида, насб карда мешаванд ва ба таври ройгон ба баланси ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ дода мешаванд:

а) барои биноҳои нав сохташуда - аз тарафи ташкилотҳои сохтмон;

б) ҳангоми ба қисмҳо ҷудо кардани баҳисобгирии қувваи барқ аз тарафи ташкилотҳое, ки тақсимоти баҳисобгириро анҷом медиҳанд.

Агар дар биноҳои истиқоматии зикршуда ҳисобкунакҳои барқии ба шахсони алоҳида тааллуқдошта мавҷуд бошанд, хизматрасонии ин гуна ҳисобкунакҳо аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ бо тартиби дар банди 1.7.8. пешбинишуда анҷом дода мешавад.

1.7.8.Ҳисобкунакҳои барқии барои баробар кардани ҳисоби барқи истифодакардаи колхозҳо, ташкилотҳои кооперативӣ, тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои шахсӣ зиндагӣ мекунанд, пешбинишударо муштариён мехаранд ва насб мекунанд ва бо ризоияти онҳо бегона карда, ба хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ қабул карда мешаванд.

1.7.9.Пайваст кардани ҳисобкунакҳои барқӣ дар объектҳои нав ба истифода додашаванда, инчунин аз рӯи нақша иваз кардани ҳисобкунакҳое, ки дар баланс ва хизматрасонии ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ қарор доранд, дар мӯҳлатҳои мақаррарнамудаи Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи Тоҷикистон аз тарафи кормандони ташкилоти таъминкунандаи барқ аз ҳисоби ин ташкилот иҷро қарда мешавад.

1.7.10. Дар сурати вайрон шудани нақшаи баҳисобгирӣ ва хароб шудани ҳисобкунакҳои барқӣ бо айби истифодакунанда таъмир, иваз кардан ва санҷиши давлатии онҳо аз ҳисоби ӯ амалӣ мегардад.

1.7.11.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад аз истифодакунанда талаб кунад, ки ба ҷои ҳисобкунаки бо айби ӯ вайрон ва гумшуда ҳисобкунаки нав (короям) пешниҳод намояд.

1.7.12.Ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва сиҳат нигоҳ доштани ҳисобкунак ба зиммаи ташкилоте гузошта мешавад, ки ҳисобкунак дар бинои он, сарфи назар аз тобеияти идории он, гузошта шудааст.

Дар хонаҳои истиқоматӣ ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва сиҳати ҳисобкунакҳои барқии хонаҳо, ҳисобкунакҳои барқии дар даромади зинаҳо гузошташуда ва ҳисобкунакҳои баҳисобгирандаи сарфи қувваи барқ барои эҳтиёҷоти умумии бино ба ӯҳдаи идораи истифодаи манзил ё муассисае, ки бино дар ихтиёри он аст, гузошта мешавад. Дар ҳолате, ки бо мақсади дуздида истифода кардани қувваи барқ ҳисобкунаки дар даромади хонаҳо гузошташуда вайрон карда мешавад, ҷавобгарӣ ба зиммаи соҳибхона гузошта мешавад.

Ҷавобгарӣ барои ҳифозат ва сиҳати ҳисобкунаки барқии дар хона насбшуда ва тамғаи он ба зиммаи соҳибҳо на гузошта мешавад.

1.7.13.Асбобҳои назоратии баҳисобгирии қувваи барқ аз тарафи истифодакунанда истифода бурда ва хизматрасонӣ мешаванд.

1.7.14. Ба ҳисоб гирифтани қувваи барқи фаъол ва иқтидори реактивӣ ҷиҳати баробар кардани ҳисоби байни ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ва истифодакунанда дар нуқтаи баҳисобгирӣ дар ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқии ташкилоти таъминкунандаи қувва ва истифодакунанда гузаронида мешавад.

1.7.15.Дар ҳолати берун аз ҳудуди тобеияти балансии шабакаи барқӣ кам шудани қувваи барқ аз ҳудуди шабака то ҷои насб шудани ҳисобкунаки барқӣ ба ташкилоте (системаи энергетикӣ ё истифодакунанда) мансуб мегардад, ки қитъаи зикршуда дар баланси он аст.

Кам шудани қувваи барқ бояд дар нақшаи додани қувваи барқ, ки барои истифодакунандагон муқаррар мегардад, ба назар гирифта шавад.

Фоизи камшавии қувваи барқ дар шабакаҳо дар қитъаи аз ҷои насби ҳисобкунак то ҳудуди тақсимшавии шабака бо роҳи ҳисоб кардан аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ якҷоя бо истифодакунанда муайян карда шуда, дар шартнома оид ба истифодаи қувваи барқ зикр карда мешавад.

Кам шудани қувва дар шабакаҳо ба истифодабарии қувваи барқ барои эҳтиёҷоти маишии аҳолӣ тааллуқ надорад.

Баробар кардани ҳисоб бо аҳолӣ аз рӯйи тарифи муқарраршуда дар асоси нишондиҳандаи ҳисобкунакҳои барқӣ, сарфи назар аз ҷои насби онҳо, сурат мегирад.

Эзоҳ: Кам шудани қувваи барқ дар шабакаи муштарӣ, ки бо додани қувваи барқ ба муштариёни фаръи вобаста аст, ба ҳисоби муштариёни фаръӣ мутаносибан бо ҳиссаи истифодабарии онҳо мансуб мегардад.

1.7.16.Ҳангоми интиқоли транзитии қувваи барқ ба шабакаи барқи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ аз системаи энергетикӣ тавассути шабакаи истифодакунанда як қисми камшавии қувваи барқ дар шабакаҳои истифодакунанда мувофиқи таносуби миқдори қувваи барқе, ки истифодакунанда ба шабакаи истифодакунанда расонидааст, ба камшавӣ дар шабакаҳои системаи энергетикӣ мансуб мегардад.

1.7.17.Дар хилофи болоии қуттии ҳисобкунакҳои барқӣ бояд тамғаи маркази давлатии стандартизасия ва метрологияи Тоҷикистон ва дар сарпӯшаки колодкаҳои сиққонаки онҳо тамғаи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мавҷуд бошанд.

Санҷишҳои давлатии даврии асбобҳои баҳисобгирӣ бояд дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Маркази давлатии стандартизасия ва метрологияи Тоҷикистон гузаронда шаванд.

1.7.18.Ҳаракатовари ҷудокунандаҳои трансформаторҳои шиддат ва дариҷаҳои бахшҳои трансформаторҳои ҷараён, ки ба асбобҳои баҳисобгирӣ барқ медиҳанд, инчунин гироҳои сими асбобҳои баҳисобгирӣ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ тамға гузошта мешаванд.

1.7.19.Ба ҷои дигар гузаронидан ва иваз кардани трансформаторҳои ченкунандае, ки асбобҳои баҳисобгириро бо барқ таъмин мекунанд, танҳо ба ризоияти ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.7.20.Муштарӣ вазифадор аст, ки пеш аз гузаронидани ҳар гуна кори вобаста ба тағьир додан ё вайрон кардани нақшаи баҳисобгирии қувваи барқ ташкилоти таъминкунандаи барқро хабардор намояд.

Дар давраи гузаронидани таъмир баҳисобгирии қувваи барқ метавонад аз рӯи нақшаҳои муваққатии бо ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ мувофиқашуда анҷом дода шавад.

1.8. ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.8.1.Ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқи истифодашудае, ки чи аз шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи барқ ва блокстанцияҳо, чи тавассути шабакаи харидафурӯшон ё муштариён дода мешавад, мувофиқи тарифҳои нархномаи амалкунанда анҷом дода мешавад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ дар давраи камбудӣ қувваи барқ ва харидани он аз хатҳои интиқоли байни давлатӣ бо мувофиқаи истифодакунандагон метавонад арзиши қувваи барқ ва иқтидорро аз рӯи тарифҳои шартномавӣ ситонад. Андози тарифҳои шартномавӣ бо дарназардошти арзиши қувваи барқи харидашаванда ва хароҷоти ташкилоти таъминкунандаи барқ барои интиқоли он муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани маҳсулот истифодакунанда арзиши барқро ба ташкилоти таъминкунандаи барқ мутаносибан ба маҳсулоти содиршаванда бо арзи хориҷӣ (дар асоси созишномаи алоҳида ба шартномаи пешниҳодшаванда) мепардозад.

Корхонаҳое, ки дар заминаи моликияти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналхалқӣ, ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ бунёд ёфтаанд, ҳамчунин корхонаҳои муштараке, ки дар фонди оинномавии онҳо инвестицияи хориҷӣ 10 фоиз ва аз он зиёдтар мебошад, агар дар шартнома (созишнома)-и байналхалқӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, барои барқ ва иқтидори истифодакардаашон дар сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ маблағ месупоранд.

1.8.2.Ҳангоми зиёд кардани андозаҳо истифодакунанда ба ташкилоти таъминкунандаи барқ арзиши 10 каратаи ҳаҷми аз миқдори барои давраи муайян дар шартнома муқарраршуда зиёд истифоданамудаашро мепардозад.

Агар истифодакунанда истгоҳи барқии худӣ (блостанция) дошта бошад, арзиши баландкардашудаи 10 карата ба тариф танҳо барои аз меъёри барои як моҳ муқаррар намудаи ташкилоти таъминкунандаи барқ зиёд истифодашуда пардохта мешавад.

Нисбат ба истифодакунандае, ки нақшаи истифодаи қувваи барқи аз ҷониби ташкилоти таъминкунанда муқарраршударо ба андозаи барқи дар блокстанцияи худӣ истеҳсолнашуда бинобар ҷадвали танзими бори муайяннамудаи ташкилоти таъминкунанда зиёд кардааст, музди 10-карата истифода намегардад.

Ҳангоми аз меъёри муқарраршуда зиёд истифода кардани қувваи барқ барои миқдори зиёд истифодашуда музди 5-карата ситонида мешавад.

1.8.3.Ҳисоббаробаркунӣ барои истифодаи қувваи барқ аз рӯи тарифҳои гурӯҳҳои дахлдори истифодакунандагон дар асоси нишондиҳандаҳои асбобҳои баҳисобгирӣ барои давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки якчанд истифодакунандаи гурӯҳҳои гуногуни тарифбандашаванда ҳангоми муваққатан набудани баҳисобгирии алоҳидаи қувваи барқ аз як манбаъ бо барқ таъмин мегарданд, ҳисоббаробаркунӣ бо онҳо аз рӯи тарифҳои дахлдори инфиродӣ дар асоси шартнома ё акти тартибдодаи намояндагони ташкилоти таъминкунандаи барқ ва истифодакунанда, ки дар он ҳиссаи иштироки ҳар кадом гурӯҳи тарифбандишаванда дар истифодаи умумии қувваи барқ муайян карда мешавад, амалӣ мегардад.

Дар ҳолати нодуруст ба ин ё он гурӯҳи тарифбандишаванда гузарондани истифодакунанда, тамоми давраи таъминот бо қувваи барқ аз нав, вале дар ҳудуди мӯҳлати даъво, ҳисоб карда мешавад.

Давраи аз рӯи тарифҳои дахлдор ба таври инфиродӣ баробар кардани ҳисоббаробаркунӣ бояд барқарор (муқаррар) карда шавад.

1.8.4. Дар ҳолати аз тарафи истифодакунанда хабар дода нашудани нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқӣ ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувваи барқ барои давраи пешгузашта анҷом дода мешад.

Зимнан давраи ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувваи барқ набояд аз як давраи ҳисобӣ зиёд бошад, ки баъди анҷоми он сарфи қувваи барқ бояд аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ мувофиқи иқтидори (бори воқеии ҳадди аксар) дар шартнома иҷозат додашуда ё аз рӯи иқтидори муқарраршудаи қабулкунакҳои ҷараён ва миқдори соатҳои кории истифодакунанда то хабар додани нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ бидуни азнавҳисобкунии минбаъда муайян карда шавад.

1.8.5. Муштариён ҳисоббаробаркуниро барои истифодаи барқ чи бо системаи энергетикӣ ва чи бо муштариёни фаръӣ аз рӯи тарифҳо ва нархномаи барои гурӯҳи дахлдори истифодакунандагон муқарраршуда, ки муштариёни фаръӣ ба он гурӯҳ мансубанд, анҷом медиҳанд.

1.8.6.Ташкилоти таъминкунандаи барқ аз рӯи шартнома бо истифодакунанда метавонад, ки (дар асоси созишномаи алоҳида, ки ба шартнома замима мегардад) ба ҷои як қисми арзиши барқи истифодашуда аз истифодакунанда маҳсулоти тайёркардаи ӯро гирад.

1.8.7. Ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи барқи истифодашуда аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохте, ки аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ дода мешаванд, ё дар сурати худ хизматрасонӣ - аз тарафи муштариён бо тартиби барои ин категорияи муштариён муқарраршуда (ба фаслҳои дахлдори ҳамин Қоидаҳо нигаред) анҷом дода мешавад. Агар муштарӣ инчунин муштариёни фаръӣ дошта бошад, барои тамоми Қувваи барқи сарфкардаи муштарӣ ва муштариёни фаръӣ як ҳуҷҷати пардохт дода мешавад.

1.8.8. Аз пардохткунандагон (пардохтчиёни муттаҳидшуда)-е, ки дар бонкҳо суратҳисоб доранд, арзиши барқи ба онҳо додашуда бо роҳи аз суратҳисоби онҳо бе акцепт баровардани маблағи зарурӣ ситонида мешавад. Ин кор баъд аз як рӯзи ба бонк ворид гаштани ҳуҷҷати пардохти музди истифодаи барқ анҷом дода мешавад.

Ҳуҷҷатҳои пардохт, ки аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ барои сарфи аз лимит барзиёди иқтидор ва қувваи барқ ва барои сарфи барзиёди меъёрҳои қиёсии истифодаи қувваи барқ пешниҳод шудаанд, бе акцепти пардохткунанда пардохта мешаванд.

1.8.9. Дар ҳолати напардохтани маблағҳое, ки дар асноди пардохти ба бонк пешниҳодшуда зикр шудаанд, дар рӯзи оянда бо кадом сабабе, ки набошад, аз ҷумла бо сабаби набудани маблағ, ба суратҳисоби пардохткунанда ба маблағе, ки дар асноди пешниҳодгардида зикр шудааст, барои ҳар шабонарӯзи то рӯзи пардохти қарз 0,5 фоиз пеня баста мешавад.

Эзоҳ: 1. Қарзи истифодакунанда барои қувваи барқи дар давраи гузашта истифодашуда (аз ҷумла, бо сабаби набудани маблағ дар суратҳисоби истифодакунанда) аз рӯи тарифи дар рӯзи супоридани қарз амалкунанда аз нав ҳисоб карда мешавад.

2.Ҳисоб кардани пеня аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи барқ сурат мегирад.

3.Тартиби аз аҳолӣ рӯёнидани музд барои қувваи барқ ва ҳангоми гузаштани мӯҳлати пардохт ҳисоб кардани пеня дар фасли 5 ҳамин Қоидаҳо баён шудааст.

1.8.10. Сарфи назар аз ҳуқуқи рӯёнидани пеня ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки баъд аз огоҳ кардани истифодакунанда то вақти супоридани қарз барқи ӯро қатъ намояд.

1.811. Пардохткунанда вазифадор аст, ки ҳангоми дар ҳуҷҷати пардохт ошкор гардидани ғалат ё нодуруст овардани нишондиҳандаи ҳисобкунак ба ташкилоти таъминкунандаи барқ арз кунад.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ бояд дар мӯҳлати на камтар аз 10 шабонарӯз ҳисобро ва дар мавриди зарурат ҳисобкунакҳоро санҷад ва аз натиҷа ба пардохткунанда хабар диҳад.

Додани ариза дар бораи санҷиши ҳисобкунак ё ғалати дар ҳуҷҷатҳо ҷойдошта пардохткунандаро аз ӯхдадории дар мӯҳлати муқарраршуда супоридани маблағи ҳуҷҷати пардохт озод намекунад.

Дар мавриди ошкор гардидани ғалат дар баҳисобгирии қувваи барқ ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки барои давраи охири ҳисобӣ ё аз рӯзи пеш аз гузаронидани тафтиши техникии дастгоҳҳои барқӣ ва ҳисобкунак, вале дар ҳудуди мӯҳлатҳои даъво, ҳисобро аз нав анҷом диҳад.

Инҳирофот дар нишондиҳандаҳои ҳисобкунак имконпазир аст ва онҳо агар аз меъёри муқаррарнамудаи Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи Тоҷикистон зиёд набошанд, боиси аз нав ҳисобу китоб кардан намегарданд.

Агар баъди санҷиш аз нав ҳисоб кардани нишондиҳандаҳо лозим ояд, он гоҳ пардохт аз рӯи ҳуҷҷати навбатии пардохт барои қувваи барқ анҷом дода мешавад.

1.8.12.Ҳангоми муваққатан вайрон шудани баҳисобгирӣ, ки на бо айби муштарӣ рӯй додааст, ҳисоббаробаркунӣ барои сарфи қувваи барқ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувва дар давраи ҳисоботии гузашта то пайдо шудани нодурустӣ ё дар давраи ояндаи баъди барқарор намудани баҳисобгирӣ бо қарори ташкилоти таъминкунандаи барқ гузаронида мешавад.

Давраи баҳисобгирӣ аз рӯи ҳисоби миёнаи сарфи шабонарӯзии қувваи барқ набояд аз 1 моҳ зиёд бошад. Дар ин давра бояд баҳисобгирӣ барқарор карда шавад.

Агар кори баҳисобгирӣ бо сабабҳои объективӣ (набудани трансформатори ҷараён, ҳисобкунакҳои барқӣ, ногузар будани роҳ ва ғ.) дар мӯҳлати нишон додашуда барқарор шуда натавонад, он гоҳ тартиби ба ҳисоб гирифтани қувваи барқӣ ба муштарӣ додашуда ва мӯҳлати барқарор намудани баҳисобгирӣ бояд бо мувофиқаи дутарафа - муштарӣ ва ташкилоти таъминкунандаи барқ муқаррар карда шавад.

1.8.13. Дар ҳолатҳои бо айби муштарӣ вайрон шудани асбобҳои баҳисобгирӣ (канда шудани тамға, шикастани шиша ва ғ.), тағьир додани нақшаи ба кор андохтани асбобҳои баҳисобгирӣ ё дуздии қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки барқи муштариро аз шабака қатъ гардонад ва вазифадор аст, ки сарфи қувваи барқро аз рӯи бори воқеии ҳадди аксар ё иқтидори муқарраршудаи қабулкунандаҳои ҷараён ва миқдори соатҳои кори муштарӣ дар тамоми давра — аз рӯзи охири иваз кардани асбобҳои баҳисобгирӣ ё санҷиши нақшаи ба кор даровардани онҳо, вале на зиёдтар аз мӯҳлати даъво, бо истифодаи тарифи 2 карата барои миқдори умумии қувваи барқӣ аз рӯи баҳисобгирӣ муайяншуда аз нав ҳисоб намояд.

1.8.14.Ҳангоми аз бинои ишғолшуда ба ҷои дигар рафтан муштарӣ вазифадор аст, ки 7 рӯз пеш ба ташкилоти таъминкунандаи барқ дар ин бобат хабар диҳад ва то рӯзи рафтанаш ҳисобро барои қувваи барқ пурра баробар кунад.

Ташкилоти таъминкунанда баъд аз он ба ин объект додани барқро қатъ мекунад.

Ба расмият даровардани муштарии нав ва ба шабакаи барқ пайваст намудани дастгоҳҳои барқии вай бо тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.

1.9. ШАРТҲОИ ҚАТЪ КАРДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ

1.9.1.Ба истифодакунандагон ҳамаи гурӯҳҳои тарифбандишаванда мувофиқи миқдори дар шартнома зикршуда қувваи барқ дода мешавад. Маҳдудиятҳо дар истифодаи барқ, инчунин иҷрои чорабиниҳои доир ба танзими ҷадвалҳои бори истифодакунандагон бо тартиби дар дастуруламалҳои махсус ва шартҳои дар шартнома нишон додашуда анҷом дода мешаванд.

1.9.2.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои зерин истифодакунандаро пешакӣ огоҳ карда, ба ӯ додани барқро пурра ва ё қисман қатъ намояд:

а) ҳолати ғайриқаноатбахши дастгоҳҳои барқии истифодакунанда, ки боиси рӯй додани садама, сӯхтор шуданаш ва ба ҳаёти коргарони хизматрасон, аҳолӣ ё ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ таҳдид карданаш мумкин аст ва аз тарафи истифодакунанда иҷро нагардидани талаботи ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар дастгоҳҳои барқӣ;

б) нисбат ба нақша ва меъёрҳои қиёсии муқарраршуда барзиёд сарф кардани қувваи барқ ё вайрон кардани низоми истифодаи барқ;

в) бе шартнома ва нақша (лимит) истифод№ 100 дани қувваи барқ;

г) истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ;

д) бе иҷозати махсуси ташкилоти таъминкунандаи барқ ба шабакаи истифодакунанда пайваст кардани қабулкунакҳои ҷараён;

е) бе ҳисобкунак, берун аз ҳисобкунак пайваст кардани қабулкунакҳои ҷараён ё вайрон кардани нақшаи баҳисобгирии барқ;

ж) набудани коргари хизматрасони дастгоҳҳои барқ;

з) бо айби истифодакунанда аз меъёр паст шудани нишондиҳандаи сифати барқ, ки фаъолияти мӯътадили дастгоҳҳои барқии ташкилоти таъминкунанда ва дигар истифодакунандагонро халалдор месозад;

и) барои ба назди дастгоҳҳои барқӣ ва асбобҳои баҳисобгирӣ даромадани шахси мансабдори назорати давлатии барқ монеъ шудан;

к) дар мӯҳлатҳои муқарраршуда напардохтани арзиши барқи истифодашуда;

л) ҳангоми тамоман кам шудани барқ (касри амиқ) дар системаи энергетикӣ.

1.9.3. Ташкилоти таъминкунандаи барқ бояд дар шартнома оид ба истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани таъминоти захиравӣ ҷиҳати иҷроӣ корҳои тармими дастгоҳҳо ва пайваст кардани истифодакунандагони нав аз рӯи нақша, миқдор ва давомнокии қатъи муштариёнро аз шабака бо ин мақсад зикр намояд.

Ташкилоти таъминкунандаи барқ вазифадор аст, ки на камтар аз 5 рӯз пеш аз қатъи дарпешистодаи қувваи барқ истифодакунандгонро доир ба ин масъала огоҳ намояд ва рӯзу соати қатъкуниро бо онҳо мувофиқа намояд.

Агар истифодакунанда дар муддауи 3 рӯзи баъди гирифтани огоҳинома вақти қатъи барқро мувофиқа накунад, он гоҳ ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки худаш ин вақтро муайян намояд. Қатъи барқ дояд аз рӯи имкон дар вақти ғайриқории муштарӣ анҷом дода шавад. Муштарӣ бояд на дертар аз 24 соат пеш аз қатъ кардан дар ин бобат огоҳ карда шавад.

1.9.4.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ҳақ дорад, ки бо мақсади пешгирӣ ё рафъи садама тадбирҳои фаврӣ андешида, дастгоҳи барқии истифодакунандаро қатъ кунад ва баъдан сабаби қатъ карданро ба ӯ хабар диҳад.

1.9.5.Бо мақсади таъмини кори мӯътадили системаи энергетикӣ ҳангоми камбуди имконпазири иқтидор ё қувваи барқ ташкилотҳои таъминкунандаи барқ вазифадоранд, ки ҷадвали маҳдудият ё қатъи барқи истифодакунандагонро дошта бошанд ва онро дар мавриди зарурат амалӣ намоянд.

1.9.6.Ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» ҳақ доранд, ки аз истифодакунанда то нишондоди дар лимит ва шартнома муқарраршуда кам кардани борро талаб кунанд.

Талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» дар бораи то меъёри дар лимит муқарраршуда кам кардани бор бояд аз тарафи истифодакунанда бечунучаро ва фавран иҷро карда шавад.

Дар сурати иҷро нагардидани талаби ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нозири «Тоҷикгосэнергонадзор» оид ба кам кардани бор дар муддати 10 дақиқа ташкилоти таъминкунандаи барқ метавонад, ки баъд аз огоҳ кардан барқи истифодакунандаро қисман ва ё пурра аз шабака қатъ намояд.

Дар ҳолати камбуди қувваи барқ (касри амиқ) ташкилоти таъминкунанда ҳақ дорад, ки маҷбуран барқи истифодакунандаро пурра аз шабака қатъ намояд.

Рӯйхати корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб меравад, инчунин тартиби қатъ намудани қувваи барқ дар онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи энергетика муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 100)