Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 131 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1998, № 84"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1998, № 84


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷумлаи панҷуми банди 1.9.6. Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1998, № 84 «Дар бораи таҳрири нави «Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» тасдиқ шудааст хориҷ гардида, боби 1.9.1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«1.9.1 ТАРТИБИ ҚАТЪ НАМУДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР КОРХОНАЮ МУАССИСАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ФАЪОЛИЯТИ МУНАЗЗАМАШОН МАХСУСАН МУҲИМ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

1.9.11. Корхона, муассиса ва ташкилоти дигари стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд инҳо мебошанд:

а) бинои Муассисаи давлатии маҷмааи «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бӯстонсаройҳо ва қароргоҳҳое, ки дар тавозуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;

б) иншооти ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Агентии таъминоти амволи махсус, инчунин қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;

в) муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои корхонаҳои истеҳсолии зертобеи онҳо);

г) иншооти мутамаркази обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳо;

ғ) биноҳои беморхонаҳои давлатӣ;

д) махфӣ;

е) биноҳо ва иншооти Хадамоти алоқа, ки бевосита барои таъмини алоқаи махсус истифода мешаванд.

1.9.12. Таъминоти қувваи барқ ба муштариёни дар зербанди а) банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, ки бо ташкилоти таъминкунандаи барқ шартнома ба имзо расонида, бо таҷҳизоти зарурии баҳисобгирии истифодаи неруи барқ муҷаҳҳаз мебошанд, новобаста аз пардохт нагардидани маблағи истифодаи қувваи барқ, қатъ карда намешавад.

Дар сурати зиёда аз 2 (ду) моҳ ба таъхир афтодани пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи неруи барқ ба муштариёни дар зербандҳои б)-е) банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинигардида дар бораи уҳдадории молиявии пардохтнашуда, зарурати пардохт намудани он ва қатъ гардидани таъминоти неруи барқ, огоҳинома бо нишон додани муҳлати пардохт, ки он аз 10 (даҳ) рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад, ирсол менамояд. Огоҳинома тавассути мактуби расмӣ ба суроғаи муштарии қарздор ирсол ё шахсан ба намояндаи он бо гирифтани имзо ва нишон додани сана ва вақти қабули пардохти он, супорида мешавад.

Дар сурати имконнопазир гардидани пардохти маблағи қарзи истифодаи қувваи барқи батаъхирафтода дар муҳлати дар огоҳинома муқарраршуда, муштарии қарздор ҳуқуқ дорад бо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи тамдид намудани пардохти қарз ба муҳлати на зиёда аз 3 (се) моҳ ва ба қисмҳои баробар ҷудо намудани маблағи қарз бо пардохти ҳатмии маблағҳои ҷории ҳаққи истифодаи неруи барқ, шартнома ба имзо расонад. Дар сурати риоя накардани яке аз шартҳои шартнома вобаста ба пардохти қарзи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба муштарӣ огоҳиномаи иловагӣ пешниҳод карда, таъминоти қувваи барқро дар давоми 3 (се) рӯзи корӣ пас аз ирсоли огоҳиномаи иловагӣ, қатъ менамояд.

Дар сурати ба имзо нарасидани шартнома дар бораи тамдид намудани пардохти қарз, таъминоти қувваи барқ баъди гузаштани муҳлати дар огоҳинома зикршуда қатъ карда мешавад. Намояндаи ваколатдори ташкилоти таъминкунандаи барқ уҳдадор мешавад, ки дар ҳузури намояндаи муштарии қарздор, бо гузоштани муҳри махсус (пломба) ба ҳисобкунаки барқӣ таъминоти қувваи барқро қатъ намуда, вобаста ба он санади қатъ намудани қувваи барқро дар ду нусха тартиб диҳад. Як нусхаи санад дар ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нусхаи дуюм ба намояндаи муштарӣ супорида мешавад. Дар сурати аз ҷониби намояндаи муштарӣ даст кашидан аз имзогузорӣ дар санад, дар ин бора дар санад қайди махсус сабт карда мешавад.

Аз нав пайваст кардани муштарӣ ба низоми таъминоти неруи барқ дар давоми на зиёда аз 8 (ҳашт) соат пас аз пурра пардохт намудани маблағҳои қарзӣ сурат мегирад.

Ташкилоти таъминкундаи барқ ва муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинигардида уҳдадоранд, ки дар ҳамаи иншоотҳо ё нуқтаҳои истифодабарии неруи барқ таҷҳизоти муосири зеҳнии баҳисобгирии неруи барқ бо имкони гирифтани нишондодҳои нестшуда ва хомӯш намудани таъминоти барқ, инчунин таъмини бехатарии онҳоро насб ва таъмин намоянд.

Муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, уҳдадоранд, ки ҳамасола дурнамои истифодабарии неруи барқро барои ҳар се сол таҳия карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади банақшагирии маблағҳои зарурӣ, пешниҳод намоянд.

Дар иншоотҳои идоракунии фаврии танзимгарӣ, огоҳкунӣ, муҳофизавӣ, хабардиҳии нақлиёти роҳҳои оҳан, ҳавоӣ, инчунин низоми энергетикӣ бояд барои таъмини муназзами қувваи барқ манбаъҳои иловагии таъмини қувваи барқро дошта бошанд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағи истифодаи неруи барқи муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишударо, ки бевосита аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои ҳар соли молиявии дахлдор пешбинигашта, бо пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла суратҳисоби муштарӣ бо нишон додани рақами таҷҳизоти баҳисобгирандаи истифодаи неруи барқ, ба истиснои ҳолатҳои тибқи тавоноии таҷҳизоти насбгашта ҳисобшуда, таъмин менамояд.

Вазорату идораҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, уҳдадоранд пардохти маблағи истифодаи қувваи барқро дар муҳлати дар шартнома муқарраршуда, таъмин намоянд.

Мақомоти назоратию санҷишӣ, ҳангоми анҷом додани корҳои назоратию санҷишӣ ба масъалаҳои вобаста ба пардохт гардидани маблағи истифодаи қувваи барқ аз ҷониби муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, инчунин ташкилоти дигаре, ки қувваи барқро истифода намуда, пардохти маблағи истифодаи онро таъмин накардаанд, диққати махсус зоҳир намуда, бо истифода аз механизмҳои дахлдори қонунгузорӣ назорат ва пардохти саривақтии маблағи қувваи барқи истифодашударо таъмин менамоянд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» уҳдадор аст иҷрои уҳдадориҳои молиявии худро аз рӯйи созишномаҳои зерқарзие, ки аз уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар муҳлати муқарраргардида барои аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт гардидани маблағи истифодаи қувваи барқи муштариёни дар банди 1.9.11. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, таъмин намояд.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 131

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменения и дополнении в постановление Правительства Республики Таджикистан от 6 марта 1998 года, №84

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Исключить пятое предложение пункта 1.9.6 Правил пользования электрической энергии, утверждённых постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 марта 1998 года, №84 «Об утверждении Правил пользования электрической и тепловой энергией» и дополнить главой 1.9.1 следующего содержания:

«1.9.11 ПОРЯДОК ОТКЛЮЧЕНИЯ ЭЛЕКТРОЭНЕРГИИ НА СТРАТЕГИЧЕСКИХ ПРЕДПРИЯТИЯХ, УЧРЕЖДЕНИЯХ И ДРУГИХ ОРГАНИЗАЦИЯХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, НАЛАЖЕННАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ КОТОРЫХ СЧИТАЕТСЯ ОСОБО ВАЖНОЙ

1.9.11. Предприятиями, учреждениями и другими стратегическими организациями Республики Таджикистан, налаженная деятельность которых считается особо важной, являются:

а) здание Государственного учреждения комплекс «Дворец нации» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, здание Маджлиси Оли Республики Таджикистан, здание Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, дачи и резиденции, находящиеся на балансе Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

б) военные объекты Министерства обороны, Министерства внутренних дел, Национальный гвардии, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне, Главного управления по исполнению уголовных наказаний Министерства юстиции, Агентства по обеспечению специальным имуществом, а также воинские части и пограничные заставы Главного управления пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности;

в) учреждения системы исполнения уголовных наказаний Министерства юстиции Республики Таджикистан (за исключением подчинённых им производственных предприятий);

г) централизованное водоснабжение и канализация в городах и районах;

д) здания государственных больниц;

е) (секретно);

ё) здания и сооружения Службы связи, непосредственно используемые для обеспечения специальной связи.

1.9.12. Подача электроэнергии потребителям, предусмотренным в подпункте а) пункта 1.9.11. настоящих Правил, заключенных договор с энергоснабжающей организацией и оснащённых необходимыми приборами учёта потребления электрической энергии, не прекращается независимо от неуплаты суммы за потреблённую электрическую энергию.

В случае просрочки оплаты за использованную электроэнергию более чем на 2 (два) месяца, электроснабжающая организация направляет потребителям, предусмотренным в подпунктах б)-ё) пункта 1.9.11. настоящих Правил уведомление о неоплаченном финансовом обязательстве, необходимости её погашения и прекращении подачи электроэнергии с указанием периода оплаты, который составляет не более 10 (десяти) календарных дней. Уведомление направляется на адрес потребителя-должника официальным письмом или вручается лично представителю потребителя под роспись с указанием даты и времени получения уведомления.

В случае невозможности оплаты суммы просроченной задолженности по потреблённой электроэнергии в срок, указанный в уведомлении, потребитель-должник имеет право заключить с энергоснабжающей организацией договор о рассрочке погашения задолженности на срок не более 3 (три) месяца равными долями с обязательной оплатой текущих платежей. В случае несоблюдения одного из условий договора, связанного с оплатой задолженности за электроэнергию, электроснабжающая организация предоставляет потребителю-должнику дополнительное уведомление, и в течение 3 (трёх) рабочих дней после отправки дополнительного уведомления прекращает подачу электроснабжению.

В случае не заключения договора о рассрочке погашения задолженности, подача электроэнергии будет прекращена по истечении срока, указанного в уведомлении. Уполномоченный представитель энергоснабжающей организации обязан в присутствии представителя потребителя-должника путем опломбирования электросчётчика прекратить подачу электроснабжения и составить акт об отключении электроэнергии в двух экземплярах. Один экземпляр остаётся в энергоснабжающей организации, за второй экземпляр передаётся представителю потребителя. В случае отказа представителя потребителя от подписания акта, об этом в акт будет занесена специальная отметка.

Повторное подключение потребителя к системе электроснабжения осуществляется в течение не более 8 (восьми) часов после полного погашения задолженности.

Электроснабжающая организация и потребители, предусмотренные в пункте 1.9.11. настоящих Правил обязаны устанавливать и обслуживать на всех объектах или точках потребления электроэнергии современные интеллектуальные приборы учёта электроэнергии с возможностью снятия удалённых показаний и отключения подачи электроэнергии, а также обеспечивать их сохранность.

Потребители, предусмотренные в пункте 1.9.11. настоящих Правил, финансируемые из государственного бюджета, обязаны ежегодно составлять прогноз потребления электрической энергии на каждые три года и в целях планирования необходимых средств представлять его Министерству финансов Республики Таджикистан.

На объектах систем оперативного регулирования, оповещения, защиты, предупреждения на железнодорожном транспорте, воздушном транспорте, а также в энергосистемах необходимо иметь источники резервного электроснабжения для обеспечения бесперебойного электроснабжения.

Министерство финансов Республики Таджикистан осуществляет оплату за потребление электроэнергии потребителями, предусмотренных в пункте 1.9.11. настоящих Правил, финансируемое непосредственно из государственного бюджета, за счёт средств, предусмотренных в республиканском бюджете на соответствующий финансовый год, по представлению подтверждающих документов в Министерство финансов Республики Таджикистан, в том числе лицевого счета потребителя с указанием номера прибора учёта потребления электрической энергии за исключением случаев, рассчитанных исходя из мощности установленного оборудования.

Министерства и ведомства, финансируемые из государственного бюджета, обязаны обеспечить оплату потреблённой электроэнергии в сроки, установленными в договоре.

Контрольно проверяющее органы, осуществляя контрольно- проверяющие работы, уделяют особое внимание вопросам, касающимся оплаты средств за использование электроэнергии потребителями, предусмотренными в пункте 1.9.11. настоящих Правил и других организаций, которые потребляли электроэнергию и не обеспечивших её оплату, с использованием надлежащих законодательных механизмов обеспечивают своевременный контроль и оплату за потребленную электроэнергию.

Открытое акционерное общество «Барки Точик» обязано обеспечит выполнение своих финансовых обязательств по субзаёмным соглашениям, вытекающими из международных обязательств Республики Таджикистан, в установленные сроки, для оплаты Министерством финансов Республики Таджикистан суммы потребленной электроэнергии потребителями, предусмотренными в пункте 1.9.11. настоящих Правил.».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №131