Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 сентябри соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1253
Бо қарори раиси
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2023,
№ 40тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ТАҲИЯ, ИСТИФОДАИ НУСХАҲО ВА НИГОҲДОРИИ ПАРВАНДАИ ЗАМИНСОЗӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ (минбаъд – Тартиб) тартиби таҳия намудани парвандаи заминсозӣ, истифодабарии нусхаҳо ва нигаҳдории онҳоро ба танзим медарорад.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- парвандаи заминсозӣ – нусхаи аслии ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар рафти иҷрои корҳои омодагӣ, таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯйӣ таҳия гардидаанд, инчунин маводи харитавӣ, нақшаҳо, маводи мувофиқавӣ ва тасдиқӣ ва дигар маводу маълумот ба он дохил карда мешаванд;
- ҳуҷҷатҳои заминсозӣ – маҷмуи ҳуҷҷатҳо дар шакли чорабинӣ, барнома, нақша, лоиҳа, харитаи мавзуӣ, маводи таҳқиқотиву ҷустуҷӯйӣ, ки дар натиҷаи анҷом додани корҳои заминсозӣ таҳия карда мешаванд;
- координатҳо – рақамҳое, ки бо нишон додани онҳо мавқеи нуқта дар сатҳ ва ё дар фазо муайян карда мешавад;
- фармоишгар– шахсоне, ки ба гузарондани корҳои заминсозӣ манфиатдоранд ва маблағгузории онро таъмин мекунанд;
- таҳиягари парвандаи заминсозӣ – мутахассисони ташкилотҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Мақоми ваколатдори давлатӣ);
- шахсони сеюм – заминистифодабарандагоне, ки иҷрои корҳои заминсозӣ ба ҳуқуқва манфиатҳои онҳо дахл дорад.
2. ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ПАРВАНДАИ ЗАМИНСОЗӢ
3. Парвандаи заминсозӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ва Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (минбаъд – Қоидаҳо), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342 тасдиқшудааст, таҳия карда мешавад.
4. Парвандаи заминсозӣ ҳангоми ташкилёбии воқеии қитъаи замини ҷудокардашуда, тақсимоти қитъаи замин, якҷоя кардани қитъаи замин, ҳамроҳ кардани қитъаи замин дар асоси қарорҳои дахлдор ба забони давлатӣ таҳия карда мешавад.
5. Парвандаи заминсозӣ аз ҷониби мутахассисони ташкилотҳои Мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқи замимаи 1 Тартиби мазкур таҳия карда мешавад.
6. Барои таҳияи парвандаи заминсозӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- қарор оид ба додан ва ё вобаста намудани қитъаи замин.
7. Тағйирёбии сарҳади қитъаи замин бо қарори дахлдор мувофиқи тартиби муайяннамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
8. Барои таҳияи парвандаи заминсозӣ байни иҷрокунанда ва фармоишгар шартнома баста мешавад.
9. Нархи корҳо бо роҳи тартиб додани харҷнома муайян карда мешавад, ки як ҷузъи шартнома ба ҳисоб меравад.
10. Парвандаи заминсозӣ дар давоми сӣ рӯз таҳия карда мешавад.
11. Ҳуҷҷатҳо оид ба иҷрои корҳои заминсозӣ барои ҳар як объекти заминсозӣ дар парвандаи заминсозӣ бо тартиби зерин ворид карда мешаванд:
- рӯйхати ҳуҷҷатҳои парвандаи заминсозӣ;
- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷудо намудани қитъаи замин;
- маводи мутобиқати маҳалли ҷойгиршавии иншоот;
- нусхаи лоиҳа (лоиҳаи генералӣ)-и сохтмон бо ҷойгиронии ҳамаи объектҳои сохтмон дар қитъаи талаб кардашаванда бо замимаи ҳисоботи майдонҳои зарурӣ ва нишон додани бо навбат банд кардани майдонҳои сохтмон аз рӯйи солҳо;
- нусха аз нақшаи заминистифодабарандагони аслӣ (бо нишон додани соли нашр, номгӯйи нақша, андоза ва рақами тарҳи замин);
- нусха аз нақшаи генералии шаҳр (маҳаллаи аҳолинишин), ё ин ки аз нақшаи сохтмони шаҳр (маҳаллаи аҳолинишин), бо нишон додани сарҳади қитъаи замини ҷудокардашуда;
- санади санҷиши техникӣ бо хулосаи хоҷагии ҷангал ва лоиҳа (нақша)-и қитъаҳои ҷангалзор, ки хоҷагии ҷангал тартиб додааст, дар мавриде, ки агар қитъа аз замини фонди ҷангал (аз ҷумла аз ҷангалҳое, ки дар истифодаи хоҷагиҳо ва дигар заминистифодабарандагон мебошад) ҷудо карда шавад. Дар нақшаи схематикӣ сарҳади гурӯҳи ҷангалҳо нишон дода мешавад, агар қитъаи замин аз якчанд гурӯҳи ҷангалҳо ҷудо карда шавад;
- хулосаи мақомоти ҳифзи табиат, хоҷагии об, идораи кишоварзӣ, меъморию сохтмонӣ ва идораҳои дахлдори дигар;
- тавзеҳи киштзорҳои хоҷагӣ, ки аз заминҳои он қитъаи замин дода мешавад, то ва баъди гирифтани тавзеҳи қитъаи замини барои истифода пешниҳодшуда;
- нусха аз протоколи маҷлиси умумӣ (маҷлиси намояндагон)-и заминистифодабарандаи аслӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин, ки мутобиқи банди 21 Қоидаҳо ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ба расмият дароварда шудааст;
- санади рӯёнидани арзиши ҷуброни зарари заминистифодабарандагон, талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ки бо гирифтани қитъаи замин алоқаманд аст;
- санади арзиши сохтмонҳо ва ниҳолзорҳои ҳар як ҳавлие, ки моликияти хусусии шаҳрвандон мебошад;
- лоиҳаи рекултиватсияи минбаъдаи заминҳо (ҳангоми додани қитъаҳои замин барои истихроҷи маъданҳои фоиданок бо усули кушода ё барои сохтмоне, ки бо кори вайрон кардани қабати хок алоқаманд аст);
- маълумотнома (ё имзои бо муҳр тасдиқшуда дар лоиҳа, нақша)-и идораи дахлдори минтақавии геологӣ дар бораи мавҷуд будани маъданҳои фоиданок ва мувофиқа барои ҷудо кардани қитъаи замин;
- қарори раиси ноҳия ё шаҳр дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин;
- лоиҳаи графикии ҷудокунии қитъаи замин;
- ёддошти эзоҳӣ ба лоиҳаи ҷудокунии замин бо имзои иҷрокунандаи он.
12. Муқоваи парвандаи заминсозӣ дар варақаи андозааш А4 тартиб дода мешавад. Дар кунҷи чапи рӯйи муқоваи парвандаи заминсозӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байн номи Мақоми ваколатдори давлатӣ, дар кунҷи рост рамзи ташкилот, дар поёни он номи ташкилоти тобеъ, ки парвандаи заминсозиро таҳия намудааст, сабт карда мешавад. Дар байн калимаҳои «ПАРВАНДАИ ЗАМИНСОЗӢ» бо ҳуруфи андозааш чил сабт карда мешавад. Дар поёни он ибораҳои «Дар бораи додан (вобаста намудан)-и қитъаи замин», дар поёни он мақсад, таъинот ва мавқеи ҷойгиршавӣ, масоҳати умумӣ, рақами кадастрӣ, минтақаи бақайдгирӣ ва соли таҳия сабт карда мешавад (Замимаи 1).
13. Дар саҳифаи якуми парвандаи заминсозӣ рӯйхати ҳуҷҷатҳо дарҷ карда мешавад. Дар поёни рӯйхат ному насаби роҳбари ташкилот ва иҷрокунандаи парвандаи заминсозӣ сабт карда шуда, бо имзо ва муҳр тасдиқкарда мешавад (Замимаи 2).
14. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба гирифтани қитъаи замин манфиатдоранд, дар муроҷиат мақсади истифодаи қитъаи замини дархостшаванда, андоза, намуди замин ва маҳалли ҷойгиршавии онро қайд менамоянд (Замимаи 3).
15. Дар санади комиссия оид ба интихоби қитъаи замин мавзеи ҷойгиршавӣ, масоҳат, таркиб ва сифати замин, намуди ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, мавҷудияти маҳдудиятҳо (гарониҳо)-и ҳуқуқва хусусиятҳои дигар қитъаи замин, хулосаи комиссия оид ба имкон ё ғайриимкон будани додани қитъаи замин, ҷуброни зарар (дар ҳолати вуҷуд доштан), қабати ҳосилхезии хок қайд мегардад (Замимаи 4).
16. Ҳангоми мавҷуд будани эроду таклифҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, намояндаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин эроду таклифҳои онҳо пайдарпай дар санад дарҷ карда мешавад.
17. Дар санад хулосаи мусбат ва ё манфии комиссия оид ба додани қитъаи замин дарҷ шуда, аъзои комиссия онро бо имзо ва муҳр тасдиқменамояд. Инчунин, заминистифодабарандаи аслӣ ва ҳамсарҳадон бо имзо дар санад розигии худро медиҳанд.
18. Дар ҳолати розӣ набудани аъзои комиссия ё шахси дигари манфиатдор, ӯ бояд асоснокии фикри худро дар санад дарҷ карда, бо имзои худ тасдиқнамояд.
19. Дар нусха аз харитаи заминистифодабарӣ мавқеи ҷойгиршавӣ, майдон, гурӯҳ, намуди истифодаи қитъаи замин, сарҳади муайяншуда дар маҳал нишон дода мешавад.
20. Дар нусха аз харита номгӯйи харита, миқёс, соли нашр ва аз тарафи кадом ташкилотҳо тартиб дода шудааст, дарҷ мегардад. Дар кунҷи чапи болои харита самти уфуқӣ нишон дода мешавад. Дар кунҷи рости болои харита тарҳ ва мавқеи ҷойгиршавии қитъаи замини интихобгардида дарҷ карда мешавад. Қитъаи замини интихобгардида дар харита бо ранги сурх ҷудо карда мешавад. Дар поёни харита аломатҳои шартӣ тибқи замимаи 9 Тартиби мазкур бо дар назар доштани қитъаи замини интихобгардида нишон дода мешавад. Нусха аз харитаи заминистифодабарӣ замимаи санади комиссия оид ба интихоби қитъаи замин ба ҳисоб рафта, он бо имзо ва муҳри аъзои комиссия, ки дар санад оварда шудааст, тасдиқмегардад (Замимаи 5).
21. Дар ҳолати мавҷуд будани акси кайҳонии мавқеи ҷойгиршавии қитъаи замин ё вуҷуд надоштани маводи харитавии дигар, нусха бо нишон додани қитъаи замини дархостшаванда дар акси кайҳонӣ ба парвандаи заминсозӣ замима карда мешавад (Замимаи 6).
22. Хулосаҳои мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо вобаста ба эҳтиёҷоти ҷудошудаи қитъаи замин тибқи Қоидаҳо ба парвандаи заминсозӣ ҳамроҳ карда мешавад.
23. Сарҳади қитъаи замин аз тарафи мутахассис ҳангоми иҷрои корҳои саҳроӣ дар маҳал муайян карда мешавад.
24. Мутахассис ҳангоми гузаронидани ченак усули ченкуниро интихоб менамояд. Агар ченак бо усули геодезӣ интихоб гардад, он гоҳ аз асбобҳои геодезӣ (GPS, тахеометр) истифода бурда мешавад ва дар нақшаи дар маҳал гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ усули ченкунӣ дарҷ мешавад.
25. Ҳангоми гузаронидани ченак бо асбобҳои ченкунӣ (GPS, тахеометр, чентаноб, ченкунакҳои лазерӣ ва ченкунакҳои дастии дигар), нуқтаи ибтидоӣ аз се тараф муайян ва он ба нуқтаи истинод пайваст карда шуда, дар миқёс нишон дода мешавад. Аз нуқтаи ибтидоӣ сарҳади қитъаи замин чен карда мешавад.
26. Ҳангоми гузаронидани корҳои заминсозӣ ва муайян намудани сарҳади заминистифодабарӣ дар маҳал, аз тарафи иҷрокунанда бо иштироки намояндаи мақомоти заминсозии маҳал, мақомоти меъморӣ ва шахсони сеюм санад тартиб дода мешавад (Замимаи 8).
27. Дар санад масоҳат, рақами тарҳи қитъаи замин, мавқеи ҷойгиршавии он (шаҳр, ноҳия, деҳот, деҳа, кӯча) ва ҳамсарҳадони он пурра сабт мегардад. Инчунин, тавсифи ҳудуди сарҳад шарҳ дода мешавад.
Агар ҳангоми гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ дар маҳал аз ҷониби шахсони сеюм монеа пайдо шавад, он гоҳ он дар санад қайд карда мешавад.
28. Гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ тариқи нақшавӣ амалӣ карда мешавад (Замимаи 7).
29. Дар рӯйи варақаи нақша масоҳати умумии қитъаи замин, миқёси нақша, рақами кадастрӣ (минтақа, маҳал), дар кунҷи чапи болои нақша самти уфуқӣ ва дар кунҷи рости нақша усули ченкунии қитъаи замин қайд карда мешавад.
30. Ҳангоми гузаронидани корҳои заминсозӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои геодезӣ ва муайян намудани координатҳо дар системаи «WGS84», дар варақи нақша координатҳои нуқтаҳои кунҷҳои гардиши қитъаи замин дар шакли ҷадвал нишон дода мешавад. Дар ҷадвал маълумотҳои «Х» ва «У» дар ҳар як нуқтаи гардиш дарҷ мегардад. Рақамҳои дар ҷадвали координатаҳо овардашуда метрро ифода месозад.
31. Агар қитъаи замин ба воситаи чентаноб (метр) ё ченкунаки лазерӣ чен карда шуда, координатҳои кунҷҳои қитъаи замин муайян нашуда бошад, дар поёни нақша тавсифи ҳудудҳо бо нишон додани ҳамсарҳадон нишон дода мешавад.
32. Санад ва нақшаи дар маҳал гузаронидани сарҳади қитъаи замин аз тарафи комиссия оид ба интихоби қитъаи замин тасдиқкарда мешавад.
33. Парвандаи заминсозӣ пас аз омода шудан бо мақсади муайян намудани мутобиқати он ба талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби таҳиякунандаи парванда барои гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ пешниҳод карда мешавад.
34. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ тибқи Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2018, №51 тасдиқгардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 2018, №941 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, гузаронида мешавад.
3. ИСТИФОДАИ НУСХАҲО ВА НИГОҲДОРИИ ПАРВАНДАИ ЗАМИНСОЗӢ
35. Парвандаи заминсозӣ дар 2 нусха тартиб дода мешавад. Дар нусхаи якум ҳуҷҷатҳои заминсозии аслӣ ворид карда шуда, дар кунҷи болои муқова «Нусхаи 1 аслӣ» дарҷ карда мешавад. Дар нусхаи дуюм нусхаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ворид гардида, дар кунҷи болои муқова «Нусхаи 2» сабт карда мешавад.
36. Нусхаи дуюм ба муроҷиаткунанда, фармоишгар, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ супорида мешавад. Нусхаи якум дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешавад.
37. Парвандаи заминсозӣ дар дохили парвандаи бақайдгирӣ бо ҳуҷҷатҳои дигари объекти барӯйхатгирӣ нигоҳ дошта мешавад.
38. Парвандаи бақайдгирӣ дар бойгонӣ ба қуттӣ ҷойгир ва рақамгузорӣ карда шуда, дар рафҳои оҳанин нигоҳ дошта мешавад. Нақшаҳои андозаашон калон ҷузъбандӣ карда шуда, алоҳида нигоҳ дошта мешавад, рақами кадастрӣ ва рақами барӯйхатгирии ҳуҷҷате, ки ба он дахл дорад, гузошта мешавад.
39. Дар бинои бойгонӣ бояд ҳарорат ва рутубати муайяни ҳаво барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо мувофиқриоя карда шавад. Низоми ҳарорату рутубат дар бинои бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо мутобиқи замимаи 10 Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
40. Парвандаи заминсозӣ ба бойгонӣ воридшуда дар китоби воридот ва содирот бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта мешавад.
41. Ҳангоми ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ бояд талаботҳои зерин ба инобат гирифта шавад:
- фароҳам овардани шароити хуби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ мавҷудбуда;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли доимии ҳуҷҷатҳо (қабул ва додани ҳуҷҷатҳо);
- ташкил намудани истифодабарии фаврии ҳуҷҷатҳо.
42. Планшетҳо ва харитаҳо дар дафтари алоҳида ба рӯйхат гирифта шуда, рақами барӯйхатгирии алоҳида гузошта мешавад ва дар рафҳои махсус аз рӯйи рақами барӯйхатгирӣ ҷойгир карда мешавад.
43. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар ҷойҳои дигари пешбининашуда қатъиян манъ аст.
44. Ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият гузошта шудааст, дар дохили бинои бойгонӣ дар ҷевонҳои махсуси оҳанин то ба охир расидани муҳлати маҳдудиятҳо нигоҳ дошта мешавад.
45. Бо тартиби муайяншуда нусхаҳои парвандаҳои заминсозие, ки дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба кормандоне, ки иҷозати истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд, барои истеҳсолот дода мешавад.
46. Ба соҳибҳуқуқон дар асоси муроҷиат нусхаи парвандаи заминсозӣ дода мешавад.
47. Нусхаи аслии парвандаи заминсозӣ аз бойгонӣ ба ягон мақомот ва ё дорандаи ҳуқуқҳо дода намешавад. Дар ҳолатҳои истисноии пешбиникардаи қонунгузорӣ (бо талаби мақомоти судию тафтишотӣ) гирифтани ҳуҷҷатҳо бо иҷозати роҳбарият, бо роҳи дар парванда ҳатман гузоштани нусхаи аслии тасдиқкардашудаи ҳуҷҷати гирифташуда ва гузоштани санад оид ба гирифтани нусхаи аслӣ ба амал бароварда мешавад.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
48. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдор барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаи 1
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаҳои заминсозӣ


Замимаи 2
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои парвандаи заминсозӣ
|
|
Номгӯйи ҳуҷҷатҳо
|
саҳифа
|
шумораи
варақҳо
|
|
1.
|
|
|
|
|
2.
|
|
|
|
|
3.
|
|
|
|
|
4.
|
|
|
|
|
5.
|
|
|
|
|
6.
|
|
|
|
|
7.
|
|
|
|
|
8.
|
|
|
|
|
9.
|
|
|
|
|
10.
|
|
|
|
|
11.
|
|
|
|
|
12.
|
|
|
|
|
13.
|
|
|
|
|
14.
|
|
|
|
|
15.
|
|
|
|
Иҷрокунанда:______________ /______________/ ____________________
Роҳбари ташкилот________________ /______________/ ____________________
(имзо) (насаб, ном ва номи падар)
Эзоҳ: вобаста барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва ё ғайрикишоварзӣ ҷудо гардидани қитъаи замин номгӯйи ҳуҷҷатҳо тағйир меёбад
Замимаи 3
ба
Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва
нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
Н А М У Н А
Ба раиси ноҳия (шаҳр)-и________
________________________________
аз номи _______________________
(насаб, ном ва номи падар ва суроғаи
_____________________________
(шахси воқеӣ ва ё ном ва суроғаи шахси ҳуқуқӣ)
АРИЗА
Аз Шумо хоҳиш менамоям ба ман барои__________________________________________________________________________________________________________________________
________________________________________________________қитъаи замин бо мақсади _____________________________________________________________________________
(додан ва ё вобаста намудан) (таъинот)
____________________________________бо ҳуқуқи истифодаи _____________________________________________________________________________________________________
(якумраи меросӣ, бемуҳлат, муҳлатнок)
мусоидат намоед.
Андозаи қитъаи замин:________га (метри мураббаъ).
Ман уҳдадор мешавам, ки қитъаи заминро мутобиқи мақсади муайяншуда оқилона ва самаранок истифода намоям.
Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
- __________________________________
- __________________________________
- __________________________________
- __________________________________
Имзои аризадиҳанда __________________________________
(насаб, ном ва номи падар)
«_____»____________________соли________
Сана ва рақами бақайдгирифташудаи ариза
«_____»____________________соли________№________
______________________________________________________________________
(мансаб, насаб, ном ва номи падар, имзои шахсе, ки аризаро қабул намуд)
Эзоҳ: ба муроҷиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба ҷудо намудани қитъаи замин) замима карда мешавад.
Замимаи 4
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
САНАДИ КОМИССИЯ ОИД БА ИНТИХОБИ ҚИТЪАИ ЗАМИН
аз «___»_________ соли 20___ №______ Ноҳия (шаҳр)-и________
Комиссия оид ба интихоби қитъаи замин, ки бо қарори раиси __________ аз «___»_________соли____, №____ таъсис дода шудааст, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи ________________________ дар бораи ба мақсади _____________________________________________ додани қитъаи замин баррасӣ намуда, муайян кард:
1. Мавзеи ҷойгиршавӣ, масоҳат, намуд ва тарҳи замин:
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
2. Намуди ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, мавҷудияти маҳдудият (гаронӣ)-ҳо ва хусусиятҳои дигари қитъаи замини додашаванда:
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
3. Хулоса оид ба имкон (ё ғайриимкон) будани додани қитъаи замин:
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
4. Қитъаи замин аз заминистифодабарандаи: _____________________ ___ ва додани он ба аризадиҳанда ________________________________ боиси ______________________________________ ва хароҷотҳои дигар вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин намегардад.
5. Зарурати гузарондани қабати ҳосилхезии хок ба заминҳои камҳосил (ё рекултиватсияшаванда) вуҷуд дорад (надорад).
6. Аз ҷониби шахсони манфиатдор эроду таклифҳо пешниҳод карда нашуданд:
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
(ҳангоми мавҷуд будани эроду таклифҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, намояндаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин эроду таклифҳои онҳо пайдарпай сабт карда мешаванд)
Комиссия қарор қабул кард:
1. Қитъаи замин интихобгардида тибқи нусхаи замимашудаи нақшаи заминистифодабарӣ дар масоҳати __________________________________________________________________________________ барои мақсади дар ариза қайдшуда ____________________________________________ мувофиқ мебошад.
2. Санади мазкур ба раиси ноҳия (шаҳр)-и ___________________ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
Раиси комиссия:
Муовини раиси ноҳия _____________________ /________/«__»______соли____
(насаб, ном ва номи падар)
______________________ раиси кумитаи идораи замини шаҳр(ноҳия) ____________
______________________ сармеъмори шаҳр _____________
______________________ сардухтури хадамоти назорати давлатии _____________
санитарию эпидемологии шаҳр(ноҳия) _____________
_____________________ сардори шуъба (бахш)-и ҳифзи муҳити зисти _____________
шаҳр(ноҳия)_____________
______________________ сардори хадамоти оташнишонии шаҳр(ноҳия) _____________
______________________ сардори шабакаи алоқаи барқи шаҳр(ноҳия) _____________
______________________ сардори идораи обу корезии шаҳр(ноҳия) _____________
______________________ шахси манфиатдор _______________
(насаб, ном ва номи падар, номи мақомоте, ки намояндагӣ мекунад) (имзо, муҳр)
Заминистифодабаранда: __________________________________________________________
(насаб, ном ва номи падар, номи мақомоте, ки намояндагӣ мекунад) (имзо, муҳр)
Заминистифодабарандагони ҳамсарҳад:
______________________ ________________ _____________
______________________ ________________ _____________
(насаб, ном ва номи падар, номи мақомоте, ки намояндагӣ мекунад) (имзо, муҳр)
Муроҷиаткунанда:
________________________________ /________/ «___»___________соли _____
(насаб, ном ва номи падар, номи мақомоте, ки намояндагӣ мекунад) (имзо, муҳр)
Қайдҳои иловагӣ ва махсус: ________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Эзоҳ: 1. Дар ҳолати розӣ набудани аъзои комиссия ё шахси дигари манфиатдор, ӯ бояд асоснокии фикри худро дарҷ карда, бо имзояш тасдиқ намояд.
2.Бандҳои 4 ва 6 ҳангоми мавҷуд будани маълумотҳои иловагӣ оид ба қитъаи замин пур карда мешаванд.
3. Дар ҳолати мавҷуд будани нақшаи кулл ва нақшаҳои лоиҳавии дигар онҳо ба парванда замима карда мешаванд.
4. Вобаста ба додани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва ё ғайрикишоварзӣ ҳайати комиссия тағйир меёбад.
Замимаи 5
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
Н У С Х А
аз харитаи заминистифодабарӣ оид ба _________________________________________________________________________________________________________________________
барои_____________________ аз ҳисоби заминҳои___________________________________ (баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои шаҳр (ноҳия)-и _____________, маҳал___. соли ________, ______________________)
Миқёс 1:
Минтақа, маҳалли кадастрӣ:

Ҳайати комиссия:
Муовини раиси шаҳр (ноҳия) _______ ____________________________
Раиси кумитаи идораи замини шаҳр (ноҳия) _______ ____________________________
Сармеъмори шаҳр (ноҳия) _______ ____________________________
Сардухтури хадамоти назорати давлатии
санитарию эпидемологии шаҳр (ноҳия) _____ _____________________
Сардори шуъба (бахш)-и ҳифзи муҳити _____ _____________________
зисти шаҳр (ноҳия)
Сардори хадамоти оташнишонии шаҳр(ноҳия) _____ _____________________
Сардори шабакаи алоқаи барқи шаҳр (ноҳия) _____ _____________________
Сардори идораи обу корезии шаҳр (ноҳия) _____ _____________________
Шахси манфиатдор _____ _____________________
Замимаи 6
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
Н У С Х А
аз акси кайҳонӣ оид ба ______________________________________________________________________________________________________________________________________
барои_____________________ аз ҳисоби заминҳои________________________________________________________________________________________________________________
(ортофотоплани _____________, соли ________,
Миқёс 1:__________________
Минтақа, маҳалли кадастрӣ:

Ҳайати комиссия:
кумитаи идораи замини шаҳр (ноҳия) _______ ____________________________
Роҳбари ташкилот _______ ____________________________
Шахси манфиатдор _____ _____________________
Заминистифодабарандагони ҳамсарҳад _____ _____________________
_____ _____________________
_____ _____________________
_____ _____________________
Мутахассиси тартибдиҳанда _____ _____________________
Замимаи 7
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
ЛОИҲАИ НАҚШАИ
дар асл гузаронидани сарҳади қитъаи замини_____________________________
Майдони умумӣ- 834,50 (га) метри мураббаъ
Миқёс 1:_____________
Рақами кадастрӣ:___-______-_______________

Ҳайати комиссия:
Раиси кумитаи идораи замини шаҳр (ноҳия) ___________________________________
Сармеъмори шаҳр (ноҳия) ___________________________________
Заминистифодабаранда __________________________
Заминистифодабарандагони ҳамсарҳад __________________________
Мутахассиси кумитаи идораи замини шаҳр (ноҳия) ________________________
Тартибдиҳанда __________________________
Эзоҳ: Дар ҳолати мавҷуд набудани таҷҳизоти геодезӣ, лоиҳаи нақшаи гузаронидани сарҳади қитъаи замин дар асл аз нуқтаи мустаҳками дар маҳал ҷойгиргардида муайян карда мешавад
Замимаи 8
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
Санади
лоиҳаи дар асл гузарондани сарҳади қитъаи замин _____________________________________________________________________________________________________________
(шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ)
барои________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
аз «____» _____________ соли 20___ Ноҳия (шаҳр)-и __________
Комиссия дар ҳайати:
___________________ - намояндаи кумитаи идораи замини шаҳр (ноҳия);
___________________ - намояндаи мақомоти меъмории шаҳр (ноҳия);
___________________ - мутахассиси иҷрокунанда;
___________________ - заминистифодабаранда;
___________________ - заминистифодабарандаи ҳамсарҳад.
Сарҳади қитъаи замин барои _____________________________________________
(таъинот)
ба________________________________________________________________________________________________________________________________________дар маҳал муайян ва
( насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ ва ё номи шахси ҳуқуқӣ, додашударо ва ё вобасташударо)
нишонагузорӣ намудем.
Қитъаи замини мазкур ________________________________________________________________________________________________________________________________________
дар тарҳи ____, дар тарафи ғарбии маркази шаҳр (ноҳия) ҷойгир буда, аз тарафи шимол ва шарқ бо заминҳои ___________________________, аз тарафи ҷануб бо заминҳои __________________________ ва аз тарафи ғарб бо заминҳои __________________________ ҳамсарҳад мебошад. Қитъаи замин бо _______ координатаи нуқтаи кунҷҳои гардиш ишора шуда, аз нуқтаи 1 то нуқтаи 2 – _______ м, аз нуқтаи 2 то нуқтаи 3 – _________ м, аз нуқтаи 3 то нуқтаи 4 – _______ м ва аз нуқтаи 4 то нуқтаи 1 – ________ метрро ташкил медиҳад.
Ҳангоми нишон додани ҳудудҳои қитъаи замини __________________________ мутобиқи нақшаи заминистифодабарӣ ва координатаи нуқтаҳои кунҷҳои гардиш дар маҳал аз тарафи комиссия ва шахсони манфиатдор нофаҳмӣ ё норозигӣ баён карда шуд (нашуд)______
__________________________________________________________________________________________________________________________________________________________.
Андозаи қитъаи замини додашаванда __________га (метри мураббаъ) буда, аз ______ қитъа иборат мебошад.
Лоиҳаи нақшаи дар асл гузаронидани сарҳади заминистифодабарии __________________________ илова карда мешавад.
Имзоҳо:
___________________________ _________________
___________________________ _________________
___________________________ _________________
___________________________ _________________
Эзоҳ: Санади мазкур вобаста ба ҳолати қитъаи замини интихобгардида тартиб дода мешавад
Замимаи 9
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
Ҷадвали аломатҳои шартие, ки аз харитаизаминистифодабарии хоҷагиҳо истифода бурда мешавад

Замимаи 10
ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо
ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ
Низоми ҳарорату рутубат дар бинои бойгонӣ
|
Намуди
ҳуҷҷатҳо
|
Бино
бо иқлими танзимшаванда
|
Бино
бо иқлими
танзимнашаванда
|
|
Ҳарорат
оС
|
Рутубат
%
|
Ҳарорат
оС
|
Рутубат
%
|
|
Ҳуҷҷатҳои
коғазӣ
|
+17
- +19
|
50
– 55
|
+14
- +20
|
46
– 60
|
|
Ҳуҷҷатҳои
электронӣ
|
+16
- +20
|
55
– 65
|
на
зиёда аз +20
|
40
– 70
|
|
Ҳуҷҷатҳои
аксӣ ва наворӣ
|
+12
|
45
– 55
|
на
зиёда аз +15
|
40
– 55
|