Фармоиши якҷояи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2023 №71 ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2023 №7/ф «Дар бораи аз эътибор соқит донистани фармоиши якҷояи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2007, №3-Ф ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2007, №3-31/468»

Санаи амалкуни: 12.10.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 августи соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 3041

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН


КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ФАРМОИШИ ЯКҶОЯ

Дар бораи аз эътибор соқит донистани фармоиши якҷояи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2007, №3-Ф ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2007, №3-31/468
070.030.010.


Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,


ФАРМОИШ МЕДИҲЕМ:


1. Фармоиши якҷояи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2007, №3-Ф ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2007, №3-31/468 «Дар бораи тасдиқ намудани шакли Квитансия ҳамчун ҳуҷҷати ҳисоботаш қатъӣ оид ба супоридани андоз аз замини шахсони воқеӣ ва андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ бо пули нақд», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сентябри соли 2007, №304 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи андоз - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Вазири молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


_________ Файзиддин Қаҳҳорзода


ш. Душанбе, 


аз 10 августи соли 2023 №71 

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон


__________ Нусратулло Давлатзода


ш. Душанбе,


аз 7 августи соли 2023 №7/ф 








Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 22 августа 2023 года,
регистрационный номер 3041


МИНИСТЕРСТВО ФИНАНСОВ РЕСУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

НАЛОГОВЫЙ КОМИТЕТ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

СОВМЕСТНОЕ РАСПОРЯЖЕНИЕ

О признании утратившим силу совместного распоряжения председателя Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан от 4 сентября 2007 года, №3-Ф и министра финансов Республики Таджикистан от 9 августа 2007 года, №3-38/468
070.030.010.

В соответствии со статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»,

РАСПОРЯЖАЕМСЯ:

Признать утратившим силу совместное распоряжение председателя Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан от 4 сентября 2007 года, №3-Ф и министра финансов Республики Таджикистан от 9 августа 2007 года, №3-38/468 «Об утверждении формы Квитанции как документа строгой отчетности по уплате в наличной форме налога на землю с физических лиц и налога на недвижимое имущество физических лиц», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 20 сентября 2007 года, №304 .

1.Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.

2.Настоящее распоряжение ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3.Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя председателя Налогового комитета – куратора отрасли.


Министр финансов Республики 
Таджикистан
_______Файзиддин Каххорзода
г. Душанбе, от 10 августа 2023 года №71


Председатель Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан

________ Нусратулло Давлатзода
г. Душанбе, от 7 августа 2023 года, №7/ф