Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, № 223 "Дар бораи Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи амали Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 дар солҳои 2025-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷаи онҳо ҳар сол то 31 декабр ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2025, № 223


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе по реабилитации, восстановлению и интеграции заключенных, осужденных за совершение преступлений экстремистского и террористического характера, на 2025-2029 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу по реабилитации, восстановлению и интеграции заключенных, осужденных за совершение преступлений экстремистского и террористического характера, на 2025-2029 годы и План действий Программы по реабилитации, восстановлению и интеграции заключенных, осужденных за совершение преступлений экстремистского и террористического характера, на 2025-2029 годы в 2025-2027 годах (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе и городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий и по результатам ежегодно до 31 декабря представлять информацию Министерству юстиции Республики Таджикистан.

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять информацию о ходе выполнения настоящей Программы и её Плана действий Правительству Республики Таджикистан.


Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 марта 2025 года №223