×

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 152

Санаи амалкуни: 16.01.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 152

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014, № 152

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2019 № 672, аз 16.01.2021 № 3)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2019 № 672, аз 16.01.2021 № 3)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақоми махсуси ваколатдори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки оид ба танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ва назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, соҳаи кӯҳию техникӣ, назорати омӯзиши геологии қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ фаъолият менамояд.

2. Роҳбарии фаъолияти Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2019 № 672).

4. Хадамот фаъолияти худро мустақиман ва тавассути мақомоти минтақавии худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ, инҷунин бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. Ваколатҳо

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 152

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 марта 2014 года, № 152

ПОЛОЖЕНИЕ О Службе по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2019г.№672, от 16.01.2021г.№3)

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2019г.№672, от 16.01.2021г.№3)

1. Общие положения

1. Служба по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан (далее- Служба) является специально уполномоченным центральным органом исполнительной власти, осуществляющим деятельность по регулированию нормативных правовых актов промышленной безопасности, контролю и надзору за соблюдением законодательства в сфере рационального использования и охраны недр, горнотехнической сфере, контролю за геологическим изучением недр, оборотом взрывчатых материалов гражданского назначения, безопасным ведением работ в химической и металлургической промышленности, безопасности грузоподъемных сооружений, сосудов, работающих под давлением и аттракционной техники.

2. Руководство деятельностью Службы осуществляет Правительство Республики Таджикистан.

3. Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами, законами Республики Таджикистан и иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, и настоящим Положением.

4. Служба осуществляет свою деятельность непосредственно и через свои территориальные органы во взаимодействии с центральными и местными органами исполнительной власти, а также общественными и иными организациями.

2. Полномочия

...