Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2019 № 672 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- аз бандҳои 3 ва 6 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- дар сархати бисту ҳаштуми банди 5 баъд аз калимаҳои "роҳи оҳан" калимаҳои "ва автомобилӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати сиву нуҳуми банди 5 калимаи "барасмиятдарорӣ" бо калимаи "барасмиятдарории" иваз карда шуда, калимаҳои "ва мазмуни" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 6 баъд аз калимаи "эъломияи" калимаҳои "бехатарии саноатии иншооти" илова карда шаванд;

- баъд аз сархати ёздаҳуми банди 6 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- тартиби додани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи иҷрои корҳои бо маводи таркандаи таъиноти гражданӣ";

- дар сархати ҳабдаҳуми банди 6 баъд аз калимаи "саноатӣ" калимаҳои "дар иншооти истеҳсолии хатарнок, соҳаи кӯҳӣ-техникӣ ва истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин" илова карда шаванд;

- ба банди 6 сархатҳои бисту ду - сию шаш бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- қоидаҳои соҳавӣ дар бораи тартиби муайян намудани дараҷаи таваккалии иншооти истеҳсолии хатарнок;

- қоидаҳои умумии бехатарии саноатӣ барои ташкилотҳое, ки дар соҳаи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок фаъолият менамоянд, аз ҷумла оид ба сохт ва истифодабарии бехатари кранҳои борбардор, истифодаи лифтҳо, мошинҳои сохтмонии борбардор, роҳҳои танобии овезони мусофиркаш ва экскалаторҳои ядакӣ, аттраксионҳо, фуникулёрҳо, зарфҳои дар зери фишор коркунанда, дегҳои буғӣ, обгармкунӣ, барқӣ, қубурҳои обгузарон ва оби гарм;

- қоидаҳои истеҳсолоти кафшергарӣ, тартиби истифодаи технологияи кафшергарӣ ҳангоми сохтан, васл кардан, таъмир ва таҷдиди таҷҳизоти техникӣ барои иншооти истеҳсолии хатарнок ва аттестатсияи кафшергарон;

- қоидаҳои бехатарии саноатии истеҳсолоти кимиё, кимиёи асосӣ, истеҳсолоти нафту кимиё ва коркарди нафт, истифодаи қубурҳои зери фишори баланд ва миёнаи моддаҳои заҳрноки кимиёвиро коркардкунанда, кашонидани моддаҳои хатарнок, истеҳсолоти равғани растанӣ бо усули фишурдан ва экстраксия, ҳангоми истифодабарии кислота ва ишқорҳои моеи ғайриорганикӣ, нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ, истеҳсолоти резина, истеҳсол ва истифодабарии маҳсулоти ҷудошавии ҳаво;

- қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корхонаҳо оид ба нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти ғалла, ҳангоми истеҳсоли гилхок, алюминий, магний, кремнийи кристаллӣ ва истеҳсоли пластика;

- қоидаҳои техникаи бехатарии иншооти обтозакунӣ ва системаи обтаъминкунӣ;

- қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истеҳсоли спирт ва маснуоти арақу ликёр;

- қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ, истифодабарии шоҳқубурҳои газ, инчунин талаботи бехатарии меҳнат дар нуқтаҳои газпуркунӣ ва стансияҳои газпуркунии гази моеъ;

- қоидаҳои сохт ва истифодабарии бехатари дастгоҳҳои компрессории бо газҳои дорои хавфи таркидан ва заҳрнок коркунанда, қоидаҳои хизматрасонии бехатари стансияҳои пуркунии гази моеи автомобилӣ, истифодабарии дастгоҳҳои статсионарии компрессорӣ, ҳавогузарҳо ва газгузарҳо, шабакаи газтақсимкунӣ ва газистеъмолкунанда, бехатарии интиқоли газ, бехатарии лифтҳо, таҷҳизоти барои кор дар муҳити хавфи таркидандошта ва зарфҳои зери фишор коркунанда;

- қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ, иктишоф ва баҳодиҳии канданиҳои фоиданок ва корҳои дигари геологӣ ҳангоми пармакунии чоҳҳои иктишофи геологӣ, қоидаҳои ягонаи бехатарӣ оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки сахт, ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод, ҳангоми коркарди конҳои маъдан, ғайримаъдан, пошхӯрда бо тарзи зеризаминӣ, ҳангоми майдакунӣ, бойгардонии канданиҳои фоиданок, ҳангоми истихроҷи конҳои обҳои минералӣ-табобатӣ, гармӣ-энергетикӣ, ҳангоми истихроҷ ва коркарди чашмаҳои намакоб ва конҳои намаксанг, ҳангоми истифодаи партовҳои истеҳсолӣ, ҳангоми истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул, ҳангоми истихроҷ ва коркарди конҳои нафту газ ва конденсати газӣ, ҳангоми ташкил ва истифодабарии анборҳои зеризаминии газ дар қабатҳои ковоки ҷинсҳои кӯҳӣ;

- дастурамалҳои методӣ оид ба муоинаи ҳолатҳои бехатарии техникӣ ҳангоми истифодабарии таҷҳизоти хунукидиҳӣ бо аммиак, тартиби дароз намудани муҳлати бехатар истифодабарии механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок;

- дастурамали соҳавӣ оид ба барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобонидани корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла чоҳҳои нафту газ, оид ба бурдани мушоҳидаҳо аз болои ҳаракати ҷинсҳои кӯҳӣ, оид ба деформатсияи девораҳо, нишебиҳо, зинаҳо, хоктӯдаҳо дар карйерҳо, тартиби тасдиқи меъёрҳои ҳифзи биною сохтмон ва иншооти табиӣ аз таъсири зараровари корҳои кӯҳӣ, оид ба таҷҳизонидани даромадгоҳ ва сутунҳои чоҳҳои такягоҳӣ, ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ, истифодашаванда, оид ба тартиби бақайдгирии қитъаи кӯҳкорӣ, ҳамчунин дастурамалҳои байнисоҳавӣ оид ба тартиби гузаронидани назорат аз рӯи намунабардории кулл ҳангоми истихроҷ, коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва муайян намудани бадастоварии ҷузъҳои таркибии фоиданоки онҳо дар дастгоҳи заршӯӣ, дар бораи меъёркунӣ, муайян намудани талафёбӣ ва омехташавии маъдан (қумҳо) ҳангоми истихроҷ;

- низомнома дар бораи гузаронидани пармачоҳҳои нафт, газ, фишорӣ ва назоратӣ ба дигар уфуқҳо, дар бораи тартиби додани иҷозат барои сохтмон дар майдонҳои хобиши канданиҳои фоиданок, дар бораи тартиби аз эътибор соқит намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, дар бораи тартиби додани конҳои канданиҳои фоиданоки иктишофкардашуда барои коркарди саноатӣ, дар бораи тартиби таҳияи нақшаи технологии коркарди конҳои обҳои минералии табобатӣ, низомномаи муваққатӣ оид ба тартиби додани иҷозат барои озмоиш ва барориши силсилавии таҷҳизоти нави пармакунӣ, коркарди нафт, иктишофи геологӣ ва равандҳои технологӣ, низомномаи намунавии идоравӣ оид ба хадамоти геологӣ, маркшейдерӣ, низомнома дар бораи тартиби пешниҳод намудани қитъаи кӯҳкорӣ барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, дар бораи тартиби пешиҳод намудани қитъаи кӯҳкорӣ барои истифодабарии қаъри замин ба истихроҷи кандании фоиданок вобастанабуда;

- қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои ангишт бо тарзи кушод ва зеризаминӣ, бойгардонии ангишт ва брикеткунонии ангишт (варақасангҳо), истифодабарии майдонҳои маъдандор, нақбҳо, конҳои металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳои коркардшаванда, сохтмон ва истифодаи иншооти зеризаминӣ ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда, аз ҷумла анборҳои нигоҳдории зеризаминии газ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, маводи тарканда ва дигар маводи зараровар, партовҳои истеҳсолот;

- дастурамал оид ба тартибдиҳии лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, тартибдиҳии лоиҳаи сохтмон ва истифодаи иншооти истеҳсолии хатарнок, аз ҷумла саноати кимиё ва металлургӣ, хоҷагии газ, стансияҳои пуркунии гази моеъ, иншооти борбардор, роҳҳои танобии овезони мусофиркаш, зарфҳои зери фишор коркунанда, эскалаторҳо, аттраксионҳо, фуникулёрҳо, дегҳои буғию обгармкунӣ ва қоидаҳои мувофиқакунонии онҳо;".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 декабри соли 2019 № 672

ш.Душанбе