Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, № 218 "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 таъсис дода шавад (замимаи 2).

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар то санаи 10 ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои бо банди 1 қарори мазкур тасдиқшуда маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 20 ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои зикргардида ба баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2025, № 218


Замимаи 2
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О своевременной подготовке отраслей экономики и социальной сферы республики к бесперебойной и эффективной работе в осенне-зимний период 2025-2026 годов

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан», в целях обеспечения бесперебойной и эффективной работы отраслей экономики и социальной сферы республики и координации работ в осенне-зимний период 2025-2026 годов, Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План мероприятий по своевременной подготовке отраслей экономики и социальной сферы республики к бесперебойной и эффективной работе в осенне-зимний период 2025-2026 годов (приложение 1).

2. Создать Республиканский штаб по своевременной подготовке отраслей экономики и социальной сферы республики к бесперебойной и эффективной работе в осенне-зимний период 2025-2026 годов (приложение 2).

3. Министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, предприятиям, учреждениям и другим организациям ежемесячно до 10 числа представлять в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан подробную информацию о ходе выполнения Плана мероприятий, утвержденного пунктом 1 настоящего постановления.

4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан ежемесячно до 20 числа представлять на рассмотрение Республиканского штаба обобщенную информацию о ходе выполнения указанного Плана мероприятий.

5. Контроль за исполнением данного постановления возложить на заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан - куратора отрасли.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 марта 2025 года №218
Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
...