ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо
Мутобиқи моддаи 69 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 361 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба категорияи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодабарии онҳо» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 213
...